Ovozi.uz

Муроҷиатҳо ва ҳалли муаммоҳои дар онҳо нишондодашуда

Ҳокими вилоят Адиз Бобоев бахшида ба муроҷиатҳои аҳолӣ ва ҳалли муаммоҳои дар онҳо нишондодашуда, инчунин чораҳои баланд бардоштани масъулияти идораҳои давлатӣ дар назди шаҳрвандон брифинг гузаронд.

Маълум шуд, ки то 23‑юми июни соли равон ба қабулхонаҳои виртуалӣ ва халқии Президент сокинони вилояти Самарқанд 37,9 ҳазор (нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 11 дарсад кам) муроҷиат фиристодаанд. Беш аз ҳама аз сокинони шаҳри Самарқанд — 5896, ноҳияҳои Пастдарғам — 4160, Ургут — 3565, Пайариқ — 2837, Каттақӯрғон — 2602, Нарпай — 2616, Пахтачӣ — 2575 ва Иштихон — 2511 муроҷиат расидааст. 13228 муроҷиат ба таври мусбӣ ҳал шудаанд.

Муроҷиатҳо роҷеъ ба ёрии моддӣ ва кумакпулӣ, ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои кадастр, таъминот бо қувваи барқ ва газ, таъмини шуғл, сохтмон, кредитҳо, алимент, таъмири роҳҳои дохилӣ, фаъолияти идораҳои корҳои дохилӣ ва бонкҳо бештар буданд.

Бо мақсади беҳдошти фаъолият дар минтақа штаби вилоятӣ оиди ташкили кор бо муроҷиатҳо, ки ба он 29 нафар шахсони масъул дохил гардидаанд, ташкил карда шудааст. Дар ҳамаи ноҳияву шаҳрҳо таҳлили аризаҳои расида ва кор бо ҳалли онҳо роҳандозӣ гардидаанд. Шӯроҳои маҳаллӣ дар ин самт нақшаи ҳармоҳаи онҳоро тасдиқ мекунанд.

Маълум аст, ки муроҷиати шаҳрвандон бар асоси Қонун «Дар бораи муроҷиати шахсони ҷисмонӣ ва юридикӣ» баррасӣ карда мешавад. Дар моддаи 28‑и он муқаррар гардидааст: ариза ё ки шикоят дар давоми 15 рӯз пас аз ба идораи дахлдор дода шудани он бояд баррасӣ гардад.

Агар омӯзиши иловагии муроҷиат талаб карда шавад, ин муддат то як моҳ мешавад. Танҳо дар ҳолатҳои махсус онро роҳбар метавонад идома диҳад, вале арзкунанда бояд аз ин огоҳ карда шавад.

Талаботи нав ба ин кор бо Фармони Президент аз 1‑уми апрели соли 2026 таҳти рақами ФП‑51 муайян гардидааст. Аз 1‑уми май дар маҷмӯи Қабулхонаи виртуалӣ назорати муддатҳо амал мекунад: муроҷиатҳое, ки муддати муайяншудаи баррасии онҳо ба охир расидаанд, ба таври автоматӣ ба идораи болоӣ фиристода мешаванд.

Бо ин ҳуҷҷат пешбинӣ мешавад, ки қабули шахсии шаҳрвандон аз тарафи ҳокимон, таҳлили доимии муаммоҳо ва шунидани ҳисоботи роҳбарон дар шӯроҳои маҳаллӣ камаш як бор дар ҳар се моҳ баргузор мегардад.

Баробари ҳамин, дар брифинг роҷеъ ба ҳолатҳои муносибати расмӣ, коғазбозӣ, файсалдиҳӣ ва саривақт баррасӣ накардани муроҷиатҳо ҳарф зада шуд. Чунин норасоиҳо ба муроҷиатҳои такрорӣ меоранд ва масъалаҳое, ки бояд дар сатҳи ноҳия ё ки шаҳр ҳал карда шаванд, то ба идораҳои болоӣ мерасанд. Ин масъала боз аз он ҷиҳат муҳим аст, ки дар ҷамъомади рӯзи 13‑уми март баргузоршуда, вилояти Самарқанд дар байни минтақаҳое номбар гардид, ки дар онҳо шумораи муроҷиатҳои такрории шаҳрвандон зиёд шудаанд.

Дар брифинг ба зарурияти барҳам додани на танҳо оқибатҳои муроҷиатҳои муайян, балки сабабҳои рӯй додани онҳо низ диққати алоҳида дода шуд. Дар қатори аввалинҳо пешгирии муроҷиатҳои такрорӣ, пурзӯр намудани масъулияти шахсии роҳбарони масъул, дар ҷойҳо васеъ кардани корҳо, инчунин истифодаи технологияҳои замонавии ахбор ва имкониятҳои зеҳни сунъӣ номбар гардиданд.