Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки созишномаи хатми ҷанги Америка дар Эрон имрӯз имзо мешавад.
Ӯ дирӯз дар саҳифаи “Truth Social”-и худ афзуд, пас аз имзои ин созиш тангаи Ҳурмуз «барои ҳама» боз хоҳад шуд.
Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон, ки кишвараш миёнҷии музокираҳои Теҳрону Вашингтон аст, гуфта буд, ки байни Эрон ва Америка «дар 24 соати оянда» меморандуми имзо хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон соате қабл имзои созишнома бо Америка дар рӯзи якшанберо рад кард ва гуфт, «бояд дар бораи замони дақиқи имзо интизор бошем”.
“Дар марҳилаи феълӣ эътибори аслӣ ба хотимаи ҷанг ва нофаҳмиҳо аст. Бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаҳои гузашта, қарор карда шуд, дар ин марҳила вориди ҷузъиёти масъалаҳои ҳастаӣ нашавем ва авлавият бар тавқиф (хатм)-и ҷанг дар тамоми ҷабҳаҳо, аз ҷумла Ливан қарор гирад”, — афзудааст Бақоӣ.
