Ovozi.uz

Вохӯрии ректорони Ӯзбекистон – Италия

Дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов «Вохӯрии ректорони Ӯзбекистон – Италия» баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ вазири таълими олӣ, фан ва инноватсияҳои Ӯзбекистон Қӯнғиротбой Шарипов, сафири фавқулодда ва мухтори Ӯзбекистон дар Италия Абат Файзуллаев, инчунин сафири фавқулода ва мухтори Италия дар Ӯзбекистон Пиергабриеле Пападиа де Боттини, ректорони қариб 30 муассисаи таълими олии ҳар ду кишвар, намояндагони вазорат ва идораҳо ширкат варзиданд.

— Имрӯзҳо алоқаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, маданӣ-гуманитарии байни Ӯзбекистону Италия дар соҳаи таълим низ босуръат ривоҷ меёбад, — гуфт вазири таълими олӣ, фан ва инноватсияҳо Қӯнғиротбой Шарипов дар аввали чорабинӣ. — Дар доираи ҳамкориҳои байниҳам дар 2 соли охир зиёда аз 100 нафар профессор-устодонамон дар муассисаҳои таълими олии Италия таҷрибаомӯзӣ карданд. Ҳоло дар донишгоҳҳои кишварамон зиёда аз 700 нафар донишҷӯ забони итолиёвиро меомӯзанд. Имрӯзҳо муассисаҳои таълими олии ҳар ду кишвар дар асоси зиёда аз 50 созишнома ҳамкорӣ менамоянд.

— Мояи ягонае, ки ривоҷи пайвастаи ҷаҳонро таъмин менамояд — донишу маърифати баланд аст, — гуфт ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Рустам Холмуродов. — Аз ин рӯ, моро лозим аст, ки дар фаротар гирифтану амиқтар аз бар кардани он муттаҳидтар бошем. Боварӣ дорам, ки вохӯрии имрӯза барои нав ва мустаҳкамтар намудани муносибатҳои таълимӣ ва ба мақоми баландтар баровардани онҳо мусоидат мекунад.

Дар чорабинӣ оид ба амалӣ намудани лоиҳаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таълимӣ дар самтҳои муҳими экология, хоҷагии қишлоқ, энергетика, тиб ва мошинсозӣ мубодилаи афкор намуданд. Байни муассисаҳои таълими олӣ, вазорат ва идораҳо қариб 10 шартномаи ҳамкорӣ имзо гардид.

Аз ҷумла, Донишгоҳи давлатии Самарқанд бо донишгоҳҳои Тренто ва Ка Фоскари, Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд бо донишгоҳи Пиза, Донишкадаи кимиё-­технологияи Тошканд бо донишгоҳи Ка Фоскари меморандумҳо имзо карданд.

Дар охир, иштирокдорони вохӯрӣ бо фаъолияти Донишгоҳи давлатии Самарқанд шинос шуданд.

Хидмати ахбори Донишгоҳи давлатии Самарқанд.