Вақтҳои охир барои таъмини шуғл, зиёд намудани манбаъҳои даромад ва беҳтар кардани фаровонии рӯзгори аҳолӣ якчанд ислоҳотҳо ба амал татбиқ карда мешаванд. Дар ин, хусусан, ба истифодаи самараноки замини наздиҳавлигӣ эътибори алоҳида нигаронида мешавад. Аз ин рӯ, сафи онҳое, ки дар замини наздиҳавлигии кӯчаки худ ҳам даромади бузург мегиранд, рӯз аз рӯз меафзояд.
Сокини маҳаллаи Саройи ноҳияи Ҷомбой Алишер Қурбонов низ аз ҷумлаи чунин шаҳрвандони меҳнатқарину чашмикордон аст. Ӯ 3 сол қабл аз ин дар 4 холи замини наздиҳавлигии худ гармхона бунёд карда буд. Дар ин гармхона соле ду маротиба помидор кишта, аз ҳар як кишти он тақрибан 3,5–4 тонна ҳосил ва ҳар сол зиёда аз 100 миллион сӯм фоида ба даст меорад. Аз ин на танҳо каму кости рӯзгори худро мепӯшонад, балки онро фаровонтар ҳам мекунад.
— Бо маслиҳати яке аз дӯстонам, ки дар вилояти Тошканд зиндагӣ мекунаду дар соҳаи деҳқонӣ таҷриба дорад, гармхона сохта, дар он навъи «Узга»-и помидорро парвариш намудам, — мегӯяд А.Қурбонов. — Дар гармхона ба ғайр аз худам, ҳамсару келинам ҳам кор мекунанд. Шукр, ки мувофиқи меҳнатамон, фоида ҳам мебинем. Мо помидорҳоро табиӣ, яъне бе ягон дору, танҳо бо пору ва нуриҳои маҳаллӣ парвариш мекунем.
А.Қурбонов соли гузашта дар қисми холии гармхонааш се қатор тути заминӣ (қулфинай) низ корид ва ҳоло ҳосили онро ҷамъоварӣ мекунад.
— Ин навъи қулфинай аз Корея оварда шудааст ва дар 11 моҳ ҳосил медиҳад, — мегӯяд ӯ. — Ҳосили онро ҳам худамон серӣ истеъмол менамоем, ҳам ба ҳақу ҳамсоя ва ба бозорҳо бароварда мефурӯшем. Барои кишти он танҳо 1 миллион сӯм харҷ карда будам, вале зиёда аз 10 миллион фоида дидам. Ният дорам, ки дар оянда кредит гираму гармхонаамро васеътар кунам ва бештар қулфинай корам. Аз ин баъд қулфинайҳоро дар замин не, дар шакли гидропоника парвариш кардан мехоҳам. Зеро, дар замин ҳангоми чидани ҳосил ва ё обмонӣ баъзе қулфинайҳо вайрон мешаванд. Дар шакли гидропоника бошад, қулфинайҳо дар даруни табақ дар як метр баландӣ кишта мешаванд.
Дар мисоли Алишер Қурбонов дидан мумкин аст, ки шахсе аз меҳнат намегурезад ва аз имкониятҳо оқилона истифода менамояд, албатта, ба мақсади худ мерасад.
Ҳасан СУЛАЙМОНӢ,
Соҳиб САЙФУЛЛОЕВ.
