Сессияи ёздаҳуми Шӯрои намояндагони халқи вилоят даъвати ҳафтум баргузор гардид. Ба кори сессия раиси шӯро Ш.Негматов сарварӣ кард. Дар кори сессия ҷонишини раиси кумитаи фан, таълим, маданият, спорт ва масъалаҳои ҷавонони Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис О.Иминов, ҷонишини ҳокими вилоят Ҳ.Тӯхтаев иштирок намуданд.
Намояндагони халқ пас аз тасдиқи рӯзнома ва тартиби кори сессия аввал ҳисоботи сардори Садорати тандурустии вилоят С.Зайниев оид ба оммавигардонии тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва ривоҷонидани спортро шуниданд.
— Тарзи ҳаёти солим — ин ҳифзи саломатӣ ва мустаҳкам кардани он дар ҳаёти ҳаррӯзаи моро дар бар мегирад, — гуфт С.Зайниев. — Талабҳои асосии тарзи ҳаёти солим аз инҳо иборатанд: хӯрдани хӯроки дуруст, ҳаракати фаъол ва тарбияи бадан, оқилона тартиб додани нақшаи рӯз, риоя ба қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, тарки одатҳои зараровар, нигоҳ доштани вазни бадан аз рӯи меъёр, тозагии хонадон ва муҳити атроф, оиди ҳаёти солим соҳиби дониш ва малакаҳо будан аст. Дар бораи оммавӣ гардонидани тарзи ҳаёти солим дар вилоят 25 муассисаи тиббии дараҷаи вилоятӣ, 16 поликлиникаи марказии бисёрсоҳавӣ, 70 поликлиникаи оилавӣ, 164 нуқтаи оилавии шифокорӣ ва 250 пункти маҳаллии тиббӣ ташкил карда, аз ҷониби 2020 бригадаи тиббӣ чорабиниҳо ташкил карда мешаванд.
Барои сари вақт аниқ кардан ва пешгирии касалиҳое, ки гузаранда нестанд, дар байни аҳолиеи синнашон аз 40‑сола боло, дар асоси нақша чорабинии скрининг гузаронида мешавад. Дар давраи гузаштаи соли 2025 дар байни 606571 нафар аҳолӣ доир ба бемориҳои дил ва аниқ кардани касалиҳои эндокринологӣ ҳангоми гузаронидани санҷишҳои скринингӣ аз байни онҳо 13856 нафар диабети қанд, дар 24 ҳазор нафарашон фарбеҳӣ, 21700 нафарашон дар хун баланд будани холестерин, 32 ҳазор нафарашон баланд будани фишори артериалӣ, дар 18 ҳазор нафарашон зиёдатии вазн ва 12457 нафарашон бори аввал бемориҳои дил ва рагу хун муайян карда шуд.
Роҳбари садорати тандурустии вилоят С.Зайниев гуфт, ки айни замон бо истифода аз таҷҳизоти сайёри ангиографӣ сокинони вилоят ройгон аз муоинаи тиббии коронография гузаронида мешаванд. Ҳол он, ки ин гуна муоинаҳо дар марказҳои тиббӣ ба маблағи 2 миллиону 300 ҳазор сӯм амалӣ гардонида мешавад. Ҳоло дар Ургут чунин санҷиш идома дорад.
С.Зайниев дар ҷараёни ҳисобот барои ташкили муоинаи тиббии депутатхои шӯрои вилоят низ ҳозир будани кормандони тибро изҳор намуд.
Масъалаҳои тандурустӣ ва оммавӣ гардонидани тарзи ҳаёти солим, ки васеъ ва доманадор аст, С.Зайниев баъди ҳисобот ба саволу дархостҳои депутатҳо ҷавоб гардонд.
Дар хусуси хизматрасонии иҷтимоӣ ба шахсоне, ки ба ҳимояи иҷтимоӣ мӯҳтоҷанд, иҷрокунандаи вазифаи сардори раёсати вилоятии Агентии миллии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Сардор Луқмонов ҳисобот дод. Ӯ қайд кард, ки нишондодҳои дар видеоселектор изҳоркардаи роҳбари давлатамонро дар амал ҷорӣ мегардонанд. Масалан, дар чоряки якуми соли ҷорӣ аз сабаби дар таркиби ҳафтгонаи маҳалла дохил карда шудани ходимони соҳаи иҷтимоӣ 102 хизмат (порсол ин 49 адад буд) ба дараҷаи маҳалла фароварда шуда, 75 дарсади муаммоҳои аҳолии муҳтоҷи ҳимояи иҷтимоӣ дар худи маҳалла ҳал карда мешаванд.
Дар ҳолати 1‑уми апрели соли ҷорӣ ба 12 тоифае, ки ба ҳимояи иҷтимоӣ мӯҳтоҷанд, бо 197924 оилаҳо (ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34,1 дарсад кам гардидааст) корҳои амалӣ бурда мешаванд.
С.Луқмонов инчунин, изҳор кард, ки ҳоло 1 ҳазору 872 нафар пиронсолони танҳо таҳти ҳимоя қарор гирифта, ба онҳо 241 нафар ёрдамчиёни иҷтимоӣ вобаста карда шудаанд.
— ба 1182 нафар ҷубронпулӣ таъин карда шуд;
— ҳуҷҷати 464 нафар барқарор гардид;
— 57 хонаи истиқоматии одамон барои зист мутобиқ карда шуд.
Дар бобати тазъйиқу зӯроварӣ бошад, ба 1151 нафар занон ордерҳои ҳимоя дода, ба 1887 нафар занон хизматҳои иҷтимоӣ ва ёрӣ расонда шуданд;
— 228 нафар заноне, ки мавриди таъқибу зӯроварӣ қарор гирифтаанд, ба марказҳои ёрирасони ибтидоӣ ҷойгир карда шуда, ба 417 нафар тавассути хадамоти иҷтимоӣ кӯмак расонида шуд;
— 12 нафар модарони ҷавони бесарпаноҳ (бо фарзандонашон) ба «Хонаи модарон» ҷойгир карда шуданд.
Дар бораи корҳои дар вилоят инкишоф додани инфрасохтори иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ барои беҳтарсозии таъминоти барқ Э.Мамасолиев, роҳбари филиали самарқандии Ҷамъияти саҳҳомии «Ҳудудий электр тармоқлари» ҳисобот дод.
Ӯ қайд кард, ки дар вилоят ба 929744 истеъмолчӣ 146 нимстансия, 14174 пункти трансформаторӣ ва 33094,2 километр хати нерӯи барқ расонида мешавад. Як сол пеш, дар ҳолати 1‑уми январи соли 2024 дар баланси филиал 12 ҳазор пункти трансформаторӣ ва 29,0 километр хати барқгузарон мавҷуд буд. Филиал соли гузашта дар натиҷаи зиёда аз 2000 адад трансформатори бесоҳиба ва 4000 километр хати барқрасонро ба ҳисоб гирифтан ба кам гаштани талафоти барқ ва ташкили зиёда аз 300 штати электромонтёрӣ муяссар гардид.
Инчунин, Э.Мамасолиев зикр кард, ки дар соли 2025 як қатор корҳо амалӣ гардонида мешаванд. Аз ҷумла, 26490 дона сутунҳои бетонӣ гузошта, ба масофаи 1321,2 километр хати барқгузар кашида мешавад ва 371 трансформаторҳои гуногунқуввата мавриди истифодабарӣ қарор мегиранд.
Доир ба қатъгардии барқ, ҳангоми ин гуна ҳолатҳо телефонро набардоштани диспетчерҳо, дар натиҷаи паст шудани барқ аз кор баромадани асбобу ускунаҳои электрикӣ ва ғайра барин пурсишҳои намояндагони халқ Э.Мамасолиев ҷавоб дод. Таъкид карда шуд, ки агар ин масъала ба пуррагӣ ҳалли худро наёбад дар сессияҳои дигар низ ба ин мавзӯъ бармегарданд.
Дар сессия, инчунин масъалаҳоиҳаракати Олимпия ва Паралимпия, дар вилояти Самарқанд ба зинаи нав бардоштани спорти оммавӣ ва ихтисосонидашуда, инчунин баланд бардоштани фаъолии ҷисмонии аҳолӣ дар солҳои 2025–2027; дар бораи рухсат додан барои гирифтани қитъаҳои замин ба эҳтиёҷоти ҷамоатӣ, фоидабарӣ аз манбаъҳои иловагии буҷети маҳаллии вилоят, тасдиқи сохтори ташкилии навкардашудаи аппарати идораи ҳокимияти вилояти Самарқанд ва ғайра шунида шуданд.
Дар сессия боз якчанд масъалаҳои дигар баррасӣ гардида, роҷеъ ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
