Имом Мотуридӣ, ки ба эътирофҳои баланди «Султони илми калом» ва «Ислоҳкунандаи эътиқоди мусулмонон» сазовор гардидааст, дар асрҳои миёна — давраи хеле душворе, ки муборизаҳои ғоявӣ авҷ гирифта буданд, осори беназири илмию маърифатӣ офарид, ки моҳияти инсонпарварии дини исломро ба таври васеъ ифшо намуда, бар зидди ҷараёнҳои гуногуни зараровар ва ҷаҳолат муборизаи мардонавор бурд, ки ин, бешубҳа, намунаи ҷасорати маънавии ҳақиқӣ мебошад.
Сазовори таҳсин аст, ки мактаб ва таълимоти мотуридия, ки аз ҷониби ҳамватани бузурги мо асос гузошта шудааст, дар тӯли асрҳо аз лиҳози эътиқод рамзи фарохдилӣ, мӯътадилӣ ва маърифатнокӣ буд.
Шавкат МИРЗИЁЕВ
Дар марҳилаи нави тараққиёти мамлакатамон аз ҷониби Президент Шавкат Мирзиёев роҷеъ ба таъмини фарохдилии динӣ, ҳамоҳангии байналмилалӣ ва барқарории иҷтимоӣ дар ҷомеа, инчунин омӯзиши амиқи мероси илмӣ-маънавии аллома ва мутафаккирони бузургамон ислоҳоти пайваста амалӣ карда мешавад.
Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 14‑уми марти соли 2025 таҳти рақами 102 «Дар бораи ба таври васеъ ҷашн гирифтани 1155‑солагии таваллуди Имом Мотуридӣ» низ мисоли равшани гуфтаҳои болост.
Зимни қарори мазкур, рӯзҳои 29–30‑юми апрели соли равон дар Маркази сайёҳии байналхалқии Самарқанд анҷумани байналмилалии илмӣ-амалии бахшида ба 1155‑солагии Абумансур Мотуридӣ таҳти шиори «Мотуридия — таълимоти фарохдилӣ, мӯътадилӣ ва маърифат» баргузор гардид.
Дар рӯзи якуми чорабинӣ бо иштироки роҳбари хидмати ахбори Кумита оид ба корҳои дини Ӯзбекистон Илҳом Маъруфов дар бораи мақсад, аҳамият, ташкилотчиён ва иштирокчиёни анҷуман брифинг гузаронида шуда, дар қисми дуюми рӯз зиёда аз 70 нафар муфтиён, олимони бонуфузи исломшиносу диншинос, пажӯҳишгарони мотуридишинос, таърихнигорон, мутахассисони файласуф, арбобҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, намояндагони соҳаи дину маърифати Миср, Туркия, Малайзия, Индонезия, АМА, Арабистони Саудӣ, Кувайт, Қатар, Покистон, Озарбойҷон барин 26 давлати ҷаҳон, ки барои иштирок дар анҷуман омада буданд, аз мақбараи Имом Мотуридӣ, маҷмааи Шоҳи Зинда ва майдони Регистон дидан карданд.
Дар рӯзи дуюми чорабинӣ анҷумани байналмилалии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд. Дар он, нахуст табрики Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба иштирокдорони анҷуман ба самъи ҳозирин расонида шуд.
Сипас, Вазири корҳои вақфи Ҷумҳурии Араби Миср Шайх Усома Азҳарӣ, Раиси Кумита оид ба корҳои динии Ӯзбекистон Содиқ Тошбоев, Саркотиби Шӯрои донишмандони мусулмон Муҳаммад Абдуссалом, раиси Идораи мусулмонони Ӯзбекистон, муфтӣ Шайх Нуриддин Холиқназаров ва дигарон дар бораи мероси илмии Имом Мотуридӣ, моҳияти таълимоти ӯ ва аҳамияти он дар замони имрӯза андешаҳои худро баён карданд.
— Анҷумани мазкур, ки зимни ташаббусҳои Президенти Ӯзбекистон ва идораҳои динии ин кишвар гузаронида мешавад, на танҳо барои халқи Ӯзбекистон, балки барои тамоми халқҳои Осиёи Миёна анҷумани маърифатӣ ба шумор меравад, — гуфт муфтии Ҷумҳурии Қирғиз Абдулазиз-қорӣ Зокиров. — Таълимоти мотуридия дар замоне, ки мо зиндагӣ мекунем, низ мисли обу ҳаво зурур аст. Зеро, бино ба ақидаҳои мотуридия, бояд тамоми мусулмонони дунё муттаҳид бошанд ва ба фирқаҳо ҷудо нашаванд. Таълимоти аллома моро ҳамеша ба ҳамҷиҳатӣ ва тавофуқ тарғиб мекунад. Аз ин рӯ, мероси илмии Имом Мотуридӣ бо гузашти қарнҳо ҳам ҳаргиз моҳияти худро гум нахоҳад кард.
Дар қисми дуюми рӯз анҷуман ба 3 шуъба тақсим шуда, кори худро идома дод.
Дар охири анҷуман оид ба марҳилаи нав бардоштани омӯзиши мероси илмии Имом Мотуридӣ ва таълимоти мотуридия дар асоси таклиф ва ташаббусҳои олимони бонуфуз декларатсияи ниҳоӣ қабул карда шуд.
Ҳасан СОДИҚОВ
