Ovozi.uz

Устоди накӯкору накӯхислат

Ҳаққи устод аз падар беш аст,

В-аз падар устод дар пеш аст.

Дар замири ин ҳикмат маънои зиёде нуҳуфтааст. Омӯзгорӣ касби пурмасъулияту шарафнок мебошад. Бинобар ҳамин, ба қадри устодон расидан барои ҳама ҳам фарзу ҳам суннат аст.

Имрӯзҳо яке аз собиқ устодони факултети математикаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд Ҷӯрақул Ҳамроқулович Қаюмов ба синни мубораки 90 қадам мегузоранд.

Ҷӯрақул Қаюмов 30‑юми сентябри соли 1935 дар шаҳри Самарқанд, дар оилаи коргар чашм ба дунёи ҳастӣ кушодаанд. Соли 1952 мактаби миёнаи рақами 22‑и шаҳри Самарқанд­ро бо медали тилло хатм карда, худи ҳамон сол таҳсилро дар факултети физика-­математикаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд давом доданд. Соли 1958 ин боргоҳи бонуфузи илмро бомуваффақият хатм карда, дар мактабҳои Тоҷикистон ва Самарқанд аз фанҳои математика, физика, астрономия, нақшакашӣ ба забонҳои ӯзбекӣ, тоҷикӣ ва русӣ дарс доданд.

Устод дилбохтаи касби худ ва дӯстдори риёзиёт мебошанд. Ин шавқу рағбат он касро боз ба даргоҳи донишгоҳ овард. Аз моҳи сентябри соли 1967 Ҷӯрақул Қаюмов фаъолияти касбиашонро дар кафедраи «Механикаи назариявӣ» ҳамчун ассистент давом доданд. Соли 1969 ба аспирантураи ҳамон кафедра дохил шуда, кори илмиро таҳти роҳбарии академик И. С. Куклес оғоз карданд. Соли 1973 дар бораи системаи муодилаҳои дифференсиалӣ рисолаи номзадиро бо муваффақият ҳимоя карданд. Аз соли 1972 то ба нафақа баромадан, яъне то соли 2015 дар кафедраи «Механикаи назариявӣ» ҳамчун ассистент, муаллими калон, дотсент ба донишҷӯён сабақ омӯзониданд. Устод муаллифи зиёда аз 60 мақолаҳои илмӣ, илмӣ-услубӣ ва нишондодҳои услубианд.

Боз як қуллаи дигари илмӣ-педагогии устодро гуфтан лозим аст, ки Ҷӯрақул Қаюмов бо дӯсти наздикашон, муаллими калони кафедраи «Алгебра ва геометрия»-и факултети математика Юсуф Шарифов ҳуруфот ва забони арабиро омӯхта, ба таҳлилу тадқиқ кардани китобҳои роҷеъ ба риёзиёт навиштаи олимони Осиёи Марказӣ миён бастанд. Онҳо ба донишгоҳҳои Москва, Ленинград (ҳоло Санкт-­Петербург), Киев сафар карда, китобҳои ба забонҳои форсӣ ва арабӣ навишташудаи ниёгонамонро омӯхта, нусхаҳои онҳоро ба китобхонаи донишгоҳи мо оварданд. Дар шӯъбаи дастнависҳои ин китобхона ҳоло аз онҳо баробари устодон донишҷӯён низ истифода мебаранд.

Устод Ҷӯрақул Қаюмов дар мактаби рақами 22 синфи ба математика ихтисосонида ташкил карда, дар давоми чанд сол дарс гузаштанд. Хатм­кунандаҳои ин синфи махсус бо дуову раҳнамоии устод дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа бомуваффақият фаъолияти худро пеш мебаранд.

Ҳосили заҳмати устодон шогирдони болаёқат ба ҳисоб мераванд ва маҳз онҳо ба омӯзгорони худ баҳои сазовор медиҳанд:

— Муаллим Ҷӯрақул Ҳамроқулович ба мо аз фанни таҳлили математикӣ дарс медоданд ва ду сол роҳбари курсамон буданд, — гуфт яке аз ҳазорон шогирди устод П.Шарофова, ки донишгоҳро соли 1975 хатм карда, ҳамчун омӯзгори риёзӣ беш аз 40 сол кор кардааст. — Устод шахси хоксору дилёб буданд. Ба донишҷӯён ҳамеша ғамхориву меҳрубонӣ мекарданд. Ҳамчун мутахассиси беҳамтои соҳаи худ дарсҳояшонро аз таҳти дил гузашта, дар дили мо тухми некиву накӯкорӣ мекоштанд. Солҳо гузаштанду мо ҳамоно маҳорат ва некиву накӯкориҳои он касро фаромӯш накардаем ва нахоҳем кард.

Ҷӯрақул Қаюмов, ки алифбои арабиро хуб медонанд, аз тибби қадим ҳам маълумоти фаровоне доранд. Ба корафтодагон маслиҳатҳои муфид медиҳанд. Дар ин хусус силсилаи мақолаҳо ҳам навиштанд, ки аз онҳо ба туфайли рӯзномаи «Овози Самарқанд» бисёр хонандагон баҳравар гардиданд. Дар ин бора китобе ҳам таҳия карданд, луғати риёзиётро тартиб доданд, вале аз сабаби сарпарасте наёфтан онҳо то ҳол рӯи чопро надидаанд.

Муаллим бо ҳамсарашон чор нафар фарзандро ба воя расонда, соҳиби маълумоти олӣ кардаанд. Онҳо дар соҳаи гуногуни ҷамъият фаъолият мебаранд. Ҳоло муаллим Ҷӯрақул Қаюмов бо ҳамсарашон дуогӯи 10 нафар набера ва 6 нафар абера мебошанд. Мо ҳамеша сиҳату саломатӣ, ободии рӯзгор ва сарбаландии устоди мӯҳтарамро таманно дорем.

Аҳмадҷон СОЛЕЕВ, доктори фанҳои физика­математика, профессор, проректори якуми ДДС.
Вафоқул ЭРГАШЕВ, номзади фанҳои физика­математика, дотсенти ДДС.