Ovozi.uz

Рӯмоли бахтовар

(Воқеаи ҳаётӣ)

Бегоҳирӯзӣ саросема аз кор бармегаштам. Дар истгоҳи «Сиёббозор» микроавтобуси деҳаамонро дида, ба сӯяш шитофтам. Аммо аллакай мошин пур будааст, ки монда рафт. Дигарашро интизор шудам.

Дар истгоҳ воқеае диламро хиҷил кард. Худоё, оё одамон ҳамин қадар беэътибор шудаанд?

Чашмам ба ҷавони ногирои аҳволаш вазнин афтод. Як пояш маъюб буд. Гӯё як — ду қадам монад, меафтид. Ба пойафзолаш ҳам нигоҳ карда намешуд. Ӯ дар даст якчанд адад рӯмоли занона дошт ва онҳоро мефурӯхт.

— Ман мусофирам. Бояд ба хонаам — Сурхондарё равам. Ба роҳкиро пулам кам. Маҷбур рӯймолҳои барои туҳфа харидаамро мефурӯшам. Ба кӣ даркор бошад, марҳамат…

Баъди муроҷиати чандинбораи ӯ марде омаду аз киссааш чор ҳазор пулро бароварда, ба вай дароз кард.

Ҷавон гирифтани пулро рад кард:

— Не, ман ин пули шуморо намегирам. Ба ман садақа даркор не, фақат ёрдами шумо аз ман рӯмол харидан аст…

— Ман рӯймолро чӣ кор мекунам?

— Ба модар ё хоҳаратон мебахшед.

— Даркор не, — гӯён мард рад кард. Дар чашмони ҷавон об чарх зад.

Ҷавони маъюб ба занҳо муроҷиат кард, ки рӯмол харанд, дуо мекунад. Аммо ба вай ҳеч кас эътибор намедод.

— Ҳамагӣ чор рӯмол дорам, илтимос, харед, зарар намекунед. Савоби як мусофири дармондаро мегиред…

Дар истгоҳ занҳое, ки сару либоси қимматбаҳо доштам, кам набуданд. Яке ба хаёлот ғӯтавар бошад, дигаре бо дугонааш суҳбат мекард, боз яке ба фарзандонаш «кола»ву «пепсӣ» харида медод. Аммо ба сӯи он ҷавон ҳеч кас нигоҳ намекард.

Дилам ганда шуду ба наздаш рафтам.

— Рӯмоли чӣ хел?

— Бинед, — гуфта, яктоашро дароз кард. Кушода дидам, лекин дар бозор ба ҷои як рӯмоли ӯ ду рӯймол медод. Дар хона рӯймолҳои бисёр дошта бошам ҳам, ба ҷавон раҳмам омад. Яктоашро гирифтам.

— Ойтӣ, боқимондаашро ҳам гиред, дуо мекунам, — гуфт ҷавон. — Рӯймоли бахтоваратон мешавад. Роҳам дур, ба хонаам равам.

Сумкаамро кофтам, лекин дигар пул надоштам.

Бо вуҷуди он, дар чеҳрааш ифодаи хурсандӣ пайдо шуд ва маро дуру дароз дуо кард. Шодии ӯро дида, худам ҳам, хурсанд гардидам.

Аммо аз он лаҳза ба худ савол медиҳам, ки чаро мо баъзан ба одамоне, ки барои ҳалли мушкили худ бо азият кӯшиш мекунад, ин қадар беэътибор мешавем?

Муҳаббат ХУДОЙБЕРДИЕВА