Ovozi.uz

Дар шаҳри Самарқанд корҳои сохтмони боз як парки замонавии IT оғоз ёфт

Дар чорабинии ба ин муносибат ташкилшуда, ҳокими вилоят Адиз Бобоев, мушовири вазири технологияҳои рақамӣ Ҷамшид Эгамбердиев, раиси Шӯрои нозирони парки IT Фарҳод Иброҳимов, намояндаи асосии пудратчии лоиҳа, сардиректори ширкати “Shanghai Construction Group”-и Чин дар Ӯзбекистон Панг Шенҷиан ва вакилони соҳа иштирок намуданд.

— Сохтмони ин парки замонавии IT ба рушди иқтисоди рақамӣ, ҷорӣ намудани васеъи технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаҳои гуногун, инчунин омода кардани мутахассисони ҷавони боистеъдод дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ хизмат мекунад, — гуфт ҳокими вилоят ҳангоми ифтитоҳи лоиҳа. — Дар ин маҷмаа ҳама шароит барои дастгирии лоиҳаҳои стартап, омода намудани кадрҳои бо дониш ва малакаҳои муосир фароҳам оварда мешавад. Ин бошад ба рушди бахши технологияҳои иттилоотӣ дар минтақа, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии бахшҳои иқтисодӣ хизмат хоҳад кард.

Маркази инкубатсияи IT масоҳати тақрибан як гектарро ишғол намуда, лоиҳа аз ҷониби ширкати чинии “Shanghai Construction Group” дар Ӯзбекистон бар асоси модели EPC+F (муҳандисӣ, таъминот, сохтмон + молия) амалӣ карда мешавад.

Биноҳои инкубатори саноати IT, ки тибқи модели EPC+F сохта шудаанд, вазифаҳои барномарезӣ, хариди тарроҳӣ, сохтмон ва маблағгузориро ба бар мегиранд. Корҳо дар самтҳои банақшагирии лоиҳа, систематизатсия, стандартҳои бехатарӣ ва идоракунии муҳандисӣ бо риояи пурраи талаботи қонунгузорӣ ва амалиёти байналмилалии муҳандисӣ анҷом дода мешаванд.

Ин лоиҳа дар доираи вазифаҳои муқарраршуда дар стратегияи «Ӯзбекистони рақамӣ — 2030» амалӣ карда мешавад. Он барои рушди иқтисоди рақамии минтақавӣ, ташаккули соҳаҳои инноватсионӣ ва омодасозии мутахассисони боистеъдод замина фароҳам меорад. Инчунин, он ба рушди иқтисоди рақамӣ, тақвияти инфрасохтори рақамии саноатӣ ва ҳамкории байни Ӯзбекистон ва Чин хизмат мекунад.

Дар охири чорабинӣ роҷеъ ба истифода бурдан аз технологияи муосир, босифат, боэътимод, самаранок ва тобовар ба санҷиши замон шудани сохтмон, барбари масъулон ба ташкилоти фармоишгар, идораҳои давлатӣ, ширкати идоракунӣ ва шарикони маҳаллӣ дастурҳо дода шуданд.