Сессияи Шӯрои вилоят
Имрӯз сессияи бистуми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Ба сессия раиси шӯро Шӯҳрат Негматов сарварӣ кард.
Намояндагони халқ аввал котиб, рӯзнома ва тартиби кори сессияро тасдиқ намуданд.
Сипас, мувофиқи рӯзномаи сессия, ҳисоботи иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Адиз Бобоев дар бораи корҳое, ки барои рушди маҷмӯи иҷтимоӣ-иқтисодии вилоят дар соли равон амалӣ карда мешаванд, шунида шуд.
— Дар соли равон барои рушди барқарори минтақаҳои вилоятамон, муваффақ шудан ба самарадории иҷтимоӣ ва иқтисодӣ бисёр натиҷаҳои мусбӣ ба даст оварда шуданд, — гуфт роҳбари вилоят Адиз Бобоев. — Роҳбари давлатамон масъалаҳои беҳдошти фаровонии ҳаёти аҳолӣ, таъмини шуғли он, дастгирии ҷавонон ва зану духтарон, инчунин ихтисори бекорӣ ва камбизоатиро ба сифати яке аз самтҳои устувори сиёсати давлатамон муайян намудааст. Бо сарварии Президентамон дар ин самт ислоҳотҳо пайваста роҳандозӣ карда мешаванд. Дар даври гузаштаи соли равон бо қарор ва фармонҳое, ки Президентамон қабул карданд, ба ҳар як ноҳияи вилоятамон ба ҳисоби миёна 55–60 млрд. сӯм маблағ ҷудо карда шуд. Ҷамъбасти 9 моҳи соли равон муайян намуд, ки ҳаҷми маҳсулоти умумии ҳудудӣ 87,5 трлн. сӯм ё ки суръати афзоиш 107,7 дарсадро ташкил кардааст. Дар он ҳаҷми саноат 7,8 дарсад, хоҷагии қишлоқ 3,9 дарсад, ҳаҷми хизматҳо 14,1 дарсад ва бинокорӣ 22 дарсад афзудаанд. Дар ҷамъбасти сол 7,2 дарсад афзудани маҳсулоти умумии ҳудудӣ, 7,1 дарсад саноат, 4,1 дарсад хоҷагии қишлоқ, 14,5 дарсад хизматҳо ва 17 дарсад бинокорӣ пешбинӣ шудаанд.
Дар вилоят даромадҳои буҷети умумӣ 4,7 трлн. сӯм (106,4%), маҳаллӣ 4,6 трлн. сӯм (108,8%) ё ки 373,5 млрд. сӯм барзиёд иҷро шуданд.
Қисми асосии маблағҳои буҷети иҷрошуда дар ҳоли созиш бо шумо, намояндагони халқ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии вилоят равона карда мешавад, албатта. Ин ҷо мехоҳам таъкид кунам, ки дар вилояти мо ҳиссаи иқтисоди пинҳонӣ ба дараҷаи назаррас расидааст.
Барои мубориза бар зидди иқтисодиёти пинҳонӣ ва муайян намудани манбаъҳои иловагии буҷет «Харитаи роҳ таҳия гардида, чораҳои зарурӣ дида мешаванд. Аз ҷумла, аз ҳисоби манбаъҳои иловагии 25 самт, ки аз оғози сол муайян карда шуданд, беш аз 2,0 трлн. сӯмина маблағ рӯёнда шуд.
Дар ҳисобот таъкид гардид, ки мӯҳтавои асосии ислоҳотҳои имрӯза ихтисори бекорӣ ва камбизоатӣ аст. Дар 9 моҳи гузашта шуғли 294,7 ҳазор аҳолии бекор таъмин гардид. Дар натиҷа дараҷаи бекорӣ аз 5,4 дарсад то ба 4,8 дарсад кам шуд.
Бар асоси низоми ваучер барои таълими касб ба бекорон (омӯзиши бепул дар марказҳои омӯзишӣ) беш аз 5 ҳазор нафар аз рӯи 35 намуди касб ва забонҳои хориҷӣ таълим гирифтанд ва бо кор таъмин карда шуданд.
Умуман, то анҷоми сол дар ҳоли сафарбар намудани ҳамаи имкониятҳо, шуғли беш аз 320 ҳазор нафар аҳолӣ таъмин ва дараҷаи бекорӣ аз 5,4 дарсад то ба 4,5 дарсад кам карда мешавад.
Дар вилоятамон шумораи муҳоҷироне, ки ба давлатҳои хориҷӣ рафтаанд, 300 ҳазор нафарро ташкил мекунад ва 176 ҳазор нафари онҳо барои кор муҳоҷир шудаанд. Аз аввали сол 18 ҳазор нафар шаҳрвандон ба таври қонунӣ ба мамлакатҳои Англия, Кореяи Ҷанубӣ, Германия, Словакия, Япония, Булғористон ва Хорватия фиристода шуданд ва ҳоло дар он ҷо кор мекунанд.
120 нафаре, ки дар хориҷа даромади кам мегирифтанд, баргаштанд ва 73 ҳазор нафари онҳоро бо шуғл таъмин намуданд.
Дар соли 2025 барои ба соҳаҳои иқтисодиёт васеъ ҷалб кардани сармоягузориҳои хориҷӣ ва боз ҳам баланд намудани салоҳияти содиротии вилоятамон корҳои амалӣ анҷом дода мешаванд. Аз ҷумла, дар соли равон дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт аз ҳисоби 204‑то лоиҳа 1,1 млрд. доллар (78,5%) сармоягузориҳои хориҷии бевосита азхуд карда шуданд.
Бо мақсади дар вилоят боз ҳам ривоҷ додани инфрасохтори иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, барои соҳибкорон фароҳам овардани шароити мусоиди инвеститсионӣ бисёр корҳои бинокорӣ ва таъмирӣ амалӣ карда мешаванд.
Ба ҳама маълум аст, ки аҳамияти соҳаҳои иҷтимоӣ, хусусан таълим, ҳифзи саломатӣ, дастгирии оила ва зан-духтарон ҳамеша дар эътибори Президентамон мебошад. Дар ин соҳаҳо низ муваффақиятҳо кам нестанд, вале муаммоҳои ҳалли худро мунтазир низ вомехӯранд.
Дар сессия, инчунин масъалаҳои истифодаи маблағҳои аз ҳисоби буҷети маҳаллии соли 2025 мақбулгардида ва эътироф намудани ҳуқуқ ба қитъаҳои замин, ки худсарона аз худ карда шудаанд, инчунин бино ва иншоотҳои дар онҳо бунёд гардида, баррасӣ ва роҷеъ ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
