Чанд сол қабл мудири шуъбаи таълими халқ (ҳоло шуъбаи таълими мактабӣ ва томактабӣ)-и ноҳияи вилояти Тошкандро барои ташкил кардани обуна аз вазифааш сабукдӯш намуданд. Ҳатто дар ҷое, ки обуна хуб роҳандозӣ шудааст, он ҷо нишони танқид гардид.
Гӯё мутолиаи рӯзномаву маҷаллаҳо ба ҷараёни дарс алоқадор набудааст. Гӯё обунаи маҷбурӣ хатои хеле калон доштааст. Агар мегуфтанд, ки иштирок дар корҳои саҳроӣ, тоза кардани кӯчаҳо ба дарсҳо алоқа надоранд, фаҳмо буд. Таъкид намудани вазифаҳое, ки ҳаёт дар назди мо мегузорад, тарғиби таҷрибаи пешқадами кор аз кай ба зиндагии ҳаррӯзаамон зид шуд?!
Фикр карда бинед, барои автомобил, ки шумо харидед, суғурта маҷбур аст. Вале ҳеҷ кас ба ин эътироз намекунад, нодуруст намегӯяд. «Автомобили худам, боэҳтиёт меронам, зарур бошад, ягон муаммо ба миён ояд, худам ҳал мекунам», гӯён айюҳаннос намеандозад. Ҳар сол ҷиммакак полиси суғуртаро харида мегирад. Хизмати ҳарбии ҳатмӣ низ вазифаи муқаддас аст. Аз он рӯ гардондан ҷиноят мебошад. Таълими маҷбурӣ — бештар дуруст ва фаҳмо. Вале…
Агар ба нашрияҳои даврӣ, ки зиёи маърифат ва маънавиятро тақсим мекунад, «Обуна шавед» гӯянд, хоҳишмандоне ёфт мешаванд, ки онро ба ҷиноят ё як кори бади ғайриқонунӣ баробар кунанд.
Дуруст, ҳар як кас ҳуқуқ дорад, ки ба рӯзномаву маҷаллаи дилхоҳи худ обуна шавад. Ба ҳеҷ кас рухсат дода нашудааст, ки «фалон нашрияро мутолиа намоед» гуфта, касеро маҷбур кунад. Аммо дар ин ҷо тарафи дигари масъаларо низ набояд аз хотир баровард. Мисол, масъалаи китобхонӣ. Агар мо ба фарзандони худ аз хурдсолиашон «инро хон, вайро хон» нагӯем, бо китоб ошно накунем, онҳо ба мутолиаи китоб меҳр мегузоранд? Ё ки фарзанди одам худ аз худ китобхон мешавад? Не, албатта. Бинобар ин, дар масъалаи обуна ба рӯзномаву журналҳо тарғибот ва ташвиқотро бояд пурзӯр кард. Яъне, шарт аст, ки дӯғу пӯписаҳо ва огоҳонидани аз қабили «маҷбурӣ», «ихтиёрӣ», «агар обуна шав гӯӣ, аз худат бин», «танҳо ба якто рӯзнома обуна шавед, кифоя» дар луғати мо набошад. Аз ин рӯ, дар ҷойҳо ҳокимият, вазорат ва идораҳо нақшаҳои ба шакли тавсиявии обунаро бемалол таҳия кунанд мумкин нест? Ҳоло ҳатто роҳбарони вилоят, ноҳия ва шаҳрҳо барои нашрҳое, ки худ муассис мебошанд, ҳатто барои бароварани хатҳои тавсиявӣ мулоҳиза мекунанд.
Чи бояд кард? Обунаро ба ҳоли худ гузорем? Ба ҳама маълум, ки ин корро ба ҳоли худ гузорем, он барбод мешавад.
Ба назари мо, вақти дар навбати аввал фикр кардани чӣ хел будани олами маънавии роҳбаре расидааст, ки мегӯяд «Ҳама чиз дар телефон бошад, ба мо обуна чӣ даркор?». Ҳангоми дар ҷойҳо шудани мо, ҳангоми суҳбат бо одамон гӯем, ки мо ходими матбуот ҳастем, асосан «Ҳа, ҳоло одамон рӯзномаву маҷалла намехонанд-дия», мегӯянд. Ин суханҳо ба гӯш чун «шумоён кори беҳуда мекунед» мерасад.
Пӯшида нест, ки вақте сухан дар ҳамин мавзӯъ меравад, ҳолатҳои ба якдигад зид гузоштани матбуот ва шабакаҳои иҷтимоиву нашрияҳои интернетӣ вомехӯранд. Дар асл ҳар ду тараф низ аз расондани маълумоти бештар ба шунавандагон ва хонандагон манфиатдор аст.
Бе ҳеҷ шубҳа, онҳо якдигарро пур мекунанд ва дар ин роҳ ба марраҳои муайяни мақсад мерасанд. Мо ҳеҷ гоҳ ҳақ надорем, ки гӯем: «Танҳо матбуот амал кунад, шабакаи иҷтимоӣ, сайтҳо дуртар раванд». Дар мамлакатҳои мутараққии дунё шабакаҳои иҷтимоӣ, нашрияҳои интернетӣ ва чопӣ паҳлӯ ба паҳлӯ фаъолият пеш мебаранд. Ҳар касе, ки аз қалби хонандагон ва шунавандагон бештар, бовариноктар ҷой гирад, қандашро занад. Яъне, майли аз шаклҳои нав ва таъсирнок рафтани нашрияҳоро бояд ба сифати рақобати солим қабул кард. Бояд кушоду равшан эътироф намуд, ки нашрияҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ моҳияти масъаларо дар шакли лӯнда ва саривақт мерасонанд. Аммо дар бисёр ҳолатҳо рафтори яктарафа ва саросемавор вомехӯранд. Масъалаи саводхониро нагӯем ҳам мешавад, одами хондагӣ дида ва дониста истодааст.
Агар дар бораи нашрияҳои матбуот ҳарф занем, дар онҳо, аввало, мулоҳизаи амиқ, таҳлили васеъ ва мушоҳидаи серпаҳлӯ бартарӣ доранд. Мақолаҳое, ки дурро пеши назар меоранд, аз пешгаҳи қалби хонанда ҷой мегиранд, албатта бояд бисёр шаванд.
Ҳоҷати пинҳон кардан нест, нишондиҳандаи обуна ба нашрияҳои даври сол аз сол паст мешавад. Нашрияҳое, ки даҳ-понздаҳ сол пеш аз ин 100 ҳазорҳо нусха чоп мешуданд, имрӯз ба адади даҳ-бист маротиба кам чоп мешаванд. Агар ба ҳамин тарз ба «поин» рафтан гирад, охираш чӣ мешавад? Саволро боз ҳам саҳеҳтар гузорем: мо ба куҷо нигоҳ карда меравем?
Аниқ аст, ки рӯ гардондан аз матбуот, аз он мосуво шудан ҳеҷ касро ба нағзӣ намебарад! Мабодо, ба ростӣ ҳам, нашрияҳои чопӣ «зиёдатӣ» бошанд, чаро дар давлатҳои мутараққӣ як қатор рӯзнома ва маҷаллаҳо ҳамон садҳо ҳазор нусха чоп мешаванд? Чаро мамлакатҳои пешқадам аз нашрияҳои чопӣ рӯ намегардонанд? Наход ҳамаи инро мулоҳиза карда, ибрат гирифтан душвор бошад?
Наход устодоне, ки халқи моро бар асоси арзишҳои неку эҷобӣ тарбия мекунанд, умуман ҳамдиёроне, ки худро зиёӣ медонанд, ин инқирозро бо сукут пешвоз гиранд? Зиёии ҳақиқӣ дар ҳаёт на танҳо барои худ, балки барои савияи тамоми аъзои ҷомеа масъул аст.
Зиёиён на танҳо дар бораи имрӯзи халқу диёр, балки ояндаи он низ бояд дар чунин муносибат шаванд, албатта. Хусусан, дар навбати аввал бояд нашрияҳои чопиро дастгирӣ кунанд, ба нашрияҳое, ки худ мароқ зоҳир мекунанд, албатта обуна шаванд.
Ҳоло боз як ҳолате ҳаст, ки ба беҳдошти ҳолати обуна ба рӯзномаву маҷаллаҳо халал мерасонад. Ин муаммои ба обуначиҳо саривақт расондани нашрияҳо аст. Қаблан аксарият хаткашон (почталон)-и ба кӯчаҳои маҳалла омадаро бо хурсандӣ пешвоз мегирифтанд. Акнун ба соҳибонашон расондани мактуб ва хабарҳо, нашрияҳои матбуотӣ дар ҳолати нимкора аст. Дар баъзе ҷойҳо рӯзномаҳои ҳаррӯзаро дар як ҳафта ё даҳ рӯз ва ҳатто аз он ҳам дертар оварда медиҳанд. Ба низом овардани ин соҳа ба назари баъзеҳо мураккаб менамояд. Ба фикри мо, ба тартиб овардан душвор нест. Бинед, ба ронандагоне, ки суръати автомашинаро аз меъёр зиёд ё ки қоидаҳои муайяншударо вайрон кардаанд, коғазҳои ҷарима саривақт расонда мешавад. Яъне, ҳамаашро роҳандозӣ кардан мумкин аст.
Роҳбари давлатамон Шавкат Мирзиёев панҷ сол пеш аз ин дар чорабинии бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ва мураббиён гуфт, ки «Мутаассифона, мо дар солҳои охир бо баҳонаи «обунаи маҷбурӣ» обунаи ихтиёриро низ нест кардем». Ҳамон вақт ба тариқи мисол гуфта шуд, ки дар мамлакатҳои технологияҳои ахборӣ ривоҷёта, нашрияҳои чопӣ миллионҳо нусха чоп мешаванд. Ин суханҳоро ба диламон гирифта, фикр кунем, ки аз киҳо метавонем ибрат гирем. Барои бунёди пойдевори Ренессанси сеюм, бе ҳеҷ шубҳа матбуот низ даркор мешавад. Зиёда аз ин, шахсе, ки рӯзномаву маҷалла нахонад, китобро мутолиа намекардагист. Вақте ки ба фарзандонамон аз хурдсолӣ ҳикмати хондан, мутолиаро фаҳмонем, ин ҳеҷ гоҳ бесамар намеравад. Баръакс, агар чун имрӯза танҳо тобеӣ ба телефон ё интернет пурзӯр шавад, хавотир кашидани мо аз «обунаи маҷбурӣ» оқибат мумкин ба як пули пуччак наарзад. Ҳоло намудҳои ин, ҳосилҳояш кайҳо ба ҳаётамон акси худро нишон медиҳад. Ба ҳамаи ин «манзараҳои ҳаёт»-и шабакаҳои иҷтимоӣ мисоли барҷаста, оина нест?
Хулоса, дастгирии матбуот ва ҳифзи он зарур аст. Барои ин обунаро дар навбати аввал аз мактабҳое, ки фарзандонамон таълиму тарбия мегиранд, масканҳои таълими олӣ ва миёнаи махсус, маҳаллаҳо, муассисаҳои маданият ва санъат, яъне ҳамаи ташкилот ва корхонаҳо бояд оғоз кард. Мумкин нест, ки маблағҳо ба обуна «нарасида» монанд. Дар ҳоле, ки тӯли ҳафт-ҳашт соли охир дар Ӯзбекистони Нав чунон корҳои бузург, бунёдкориҳо, ислоҳотҳои назаррас амалӣ мешаванд, наход мо дар ин ҷараён масъалаи обунаро ҳал карда натавонем?
Шуҳрат ҶАББОРОВ,
журналисти хизматнишондодаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон
