Ovozi.uz

«Мусорхона»ҳои сари роҳ кай бартараф мегарданд?

Дар баъзе кӯчаҳои шаҳри Самарқанд дар ҷои муайяннашуда партов партофта мешавад. Ин аз паст будани маданияти экологии мо аст ё аз мусоид набудани шароити партовкашонӣ? Дар мақолаи зерин масъалаи мазкур дар мисоли маҳаллаи Кӯксаройи шаҳри Самарқанд баррасӣ мегардад.

Мавзӯи нав нест: Рӯзе аз назди Хонаи матбуоти вилоят ҳамроҳи якчанд нафар журналистон ба пресс-тур мерафтем. Хабарнигорони рӯзномаҳои ноҳиявӣ ҳам ба мо ҳамроҳӣ мекарданд. Автобус акнун роҳӣ шуда буд, ки садои хандаи яке аз журналистони ноҳия баланд шуд:

— Дар назди Хонаи матбуоти вилоят, дар пеши чашми журналистон «партовгоҳ»?! — гуфт ӯ нимшӯхиву нимҷиддӣ. — Журналистони вилоятӣ, шумо магар ин муамморо, ки дар рӯи роҳатон аст, намебинед?

Дигар журналистони вилоятиро намедонам, вале ман аз ин суханҳо хеле хиҷолат шудам. Ҳарчанд, мо якчанд маротиба ин мавзӯъро дар рӯзнома ва шабакаҳои иҷтимоии «Овози Самарқанд» (масалан, шумораи 32‑и «Овози Самарқанд», 24‑уми апрели соли 2024) бардоштем. Дигар рӯзномаву шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам баррасӣ намуданд, вале ба фикри ман, на мо ва на дигарҳо ба умқи масъала расида будем. Шояд натиҷа надодани кӯшишҳо ҳам дар ҳамин бошад. Аз ин рӯ, бори дигар ва амиқтар баррасӣ намудани ин муамморо лозим донистем.

«Маҳалла» ба куҷо нигоҳ мекунад? Вақте дар ин масъала бо раиси маҳалла Музаффар Қурбонов суҳбат кардем, бо таассуф таъкид кард, ки ин муаммо яке аз муаммоҳои асосии ҳалталаби маҳалла аст ва «ҳафтгонаи маҳалла» дар паи ҳарчи зудтар аз байн бурдани он мебошанд. Аз ҷумла, «ҳафтгонаи маҳалла» бо сокинони маҳалла дар ин мавзӯъ ҷамъомадҳо гузаронида, корҳои фаҳмондадиҳӣ бурдааст (ҳарчанд дар тартиби рӯзи баённомае, ки раиси маҳалла барои исбот ба мо нишон дод, дар бораи ин мавзӯ банди алоҳида вуҷуд надошт, вале шояд зимнан мавзӯи партов баррасӣ гардида бошад). Камераи дар рӯбарӯи ин партовгоҳ гузошта, ки якчанд моҳ боз вайрон будааст, таъмир гардидааст. Ғайр аз ин, ба қарибӣ дар девори назди партовҳо бо навиштаҷоти «Партов напарто! Назорати видеоӣ бурда мешавад» «плакат» овехтанд.

— Ба раиси ин маҳалла интихоб шудани ман як моҳ шуд, — гуфт М.Қурбонов. — Кори худро нахуст бо бартараф кардани ин муаммо оғоз кардам. Бо аҳолӣ дар ин бора суҳбатҳо кардем, фаҳмондем, вале самарае намедиҳад. Боз ба ин ҷо партов мепартоянд. Баъзе шабҳо, ҳатто, ба қаровулӣ баромадем, ки аксаран партовпартоҳо шабона меоянд. Якчанд нафар моро диданду бо халтаҳои партов ба қафо баргаштанд. Онҳоро нигоҳ дошта, огоҳӣ кардем. Аммо аз ин баъд, рӯйрост ҷарима мекунем, чунки акнун камераамон соз аст.

Чаро контейнер гузошта намешавад? Дар мақолае, ки болотар ишора шуд ва мақолаҳои дигари дар ин мавзӯ эълоншуда, асосан масъалаи гузоштани контейнер дар ин ҳудуд ва ба ин восита ҳал намудани муаммо таъкид гардидааст.

Хуб, чаро қуттии партоб намегузоранд?

— Бо Қарори аз 2‑юми октябри соли 2018 таҳти рақами 787‑и Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои боз ҳам зиёд намудани самаранокии корҳои соҳаи амалӣ кардани корҳои вобаста ба партовҳои маишӣ» ҷамъ кардан ва бурдани партовҳои маишии сахт дар секторҳои истиқоматии биноҳои серошёна ба воситаи нуқтаҳои партовҷамъкунӣ, дар секторҳои истиқоматии тартиби якка, ба воситаи нуқтаҳои партовҷамъкунӣ ва усули «сигнал» роҳандозӣ карда мешавад, — гуфт сарвари бахши таъмини ҳолати санитарии ШДУ «Мароқанд обод» Шаҳбоз Нурбоев. — Аз ин рӯ, партовҳои маҳаллаи Кӯксарой ба воситаи усули «сигнал» кашонда мешаванд. Агар дар ҷои муайяннагардидае, ки ҳоло сокинон партов мепартоянд, қуттӣ ё контейнер гузошта шавад, он ҷо худ аз худ ба партовгоҳи бузург табдил меёбад. Яъне ҳама кушоду равшан партовҳои худро ба он ҷо мекашанд ва контейнер пур шавад, ба атрофҳои он гузошта мераванд. Дар натиҷа, ҳам ҳолат бадтар мешавад, ҳам усули «сигнал» халал меёбад. Одамон ба мошини партовкаш интизор нашуда, ҳамаи партовҳои худро ба он ҷо, ки рӯи роҳ аст, мебароранд.

Сокинон чӣ мегӯянд? Ба масъала аз кадом тарафе нигоҳ кунем, гӯё танҳо аҳолӣ айбдор аст, маданияти экологӣ ва эътибори онҳо ба муҳити зист кифоя нест. Вале дигар тарафи масъала ҳам ҳаст. Шояд одамоне ки ба ҷои муайяннашуда партов меафкананд, ин корро аз ноилоҷӣ кунанд.

— Аз ҷониби «Мароқанд обод» мошини партовкашонӣ ба маҳаллаи мо ҳар ҳафта — рӯзи ҷумъа меояд, — фаҳмонд сокини маҳалла С.Абдуҳамидова. — Ҳоло кӣ дар ин рӯзҳои гарму тафсон партовро дар хонаи худ як ҳафта нигоҳ медорад? Дар як ҳафта партовҳо бӯй мегиранд ва он на танҳо хонадони мо, балки ҳамсояҳоро низ фаро мегирад. Оилаҳое ки мошин доранд, партови худро ба ҷои муайяншуда мебаранд, вале бемошинҳоро шояд малол ояду ба ҷои дурустомада партови худро афкананд. Ҳатто баъзе ҳафтаҳо мошин саривақт намеояд. Ҳол он ки мувофиқи қоида, дар як ҳафта бояд ду бор ояд.

— Дар маҳаллаи мо донишҷӯёни зиёде иҷорагиранд, — гуфт яке аз сокинони маҳалла Д.Қазоқова. — Ҳамсояҳо хуб медонанд, ки ба ҷои муайяннашуда партов партофтан нашояд. Дар ин бора ҷамъомадҳо ҳам гузаронида шудаанд. Вале ба фикри ман, донишҷӯён, ки дар як хона якчанд нафар зиндагӣ мекунанд, аз ҳисоби зуд ҷамъ шудани партов, рӯзи ҷумъаро интизор нашуда, онҳоро ба ҷои муайяннашуда меоранд. Хонаи худро озода нигоҳ медоранду кӯчаро ифлос мекунанд.Чаро мошини партовкаш дар вақташ намеояд?Мувофиқи қарори Девони Вазирон, ки дар боло зикр гардид, мошини партовкаш бояд ба минтақаҳое, ки партови онҳо бо усули «сигнал» бурда мешавад, бояд дар ҳар се рӯз як маротиба ояд. Пас, чаро ба маҳаллаи Кӯксарой дар як ҳафта як маротиба меояд?

— Ҷадвал (график)-и рӯзҳои партовкашонӣ мувофиқи теъдоди сокинон ва хурду калонии маҳаллаҳо тартиб дода мешавад, — таъкид кард Ш.Нурбоев. — Аҳолии маҳаллаи Кӯксарой кам аст ва масоҳаташ ҳам чандон бузург нест. Аз ин рӯ, ба ин маҳалла дар як ҳафта танҳо як маротиба техника мефиристем. Агар техникаҳои мо вобаста бо муаммоҳое таъхир кунанд, мо зуд ба раиси маҳалла занг зада, вазъиятро мефаҳмонем.

Аз дигар ҷиҳат, дар ҳудуди шаҳри Самарқанд ШДУ «Мароқанд обод» бо корҳои санитарӣ фаъолият нишон медиҳад. Дар ихтиёри ширкат 114 мошини махсуси партовкаш мавҷуд аст, ки мувофиқи маълумотҳо 30‑тои он дар ҳолати носоз қарор дорад. Ҳоло дар натиҷаи зиёда аз 6 моҳ аз тарафи аҳолии шаҳри Самарқанд напардохтани хизмати партовҳо ба маблағи 3 миллиарду 767 миллиону 833 ҳазору 215 сӯм қарз ба вуҷуд омадааст, ки ин ба ташкилоти хизматрасонӣ имкон намедиҳад то базаи моддию техникии худро нав кунад.

Чора фақат ҷарима аст (–мӣ)? Аз гуфтаҳои боло маълум мешавад, ки роҳи ягонаи ҳалли муаммо ҷарима кардани қоидашиканҳо мебошад. Зеро дар ҷои номбурда на контейнер гузошта мешудаасту на ба маҳалла дар як ҳафта ду бор мошини партовкаш меояд.

Агар саривақтӣ якчанд нафари қоидашиканро ба ҷарима мекашиданд, шояд ҳоло ҳама ба ин рафтори номатлуб омӯхта намешуд. Мутаассифона, дар моҳҳои гузаштаи соли равон касе ба ҷарима кашида нашудааст. Раис навтаъин аст, мумкин ҳоло фурсат наёфта бошад. Вале вақте аз нозири профилактикии маҳалла дар бораи теъдоди ҷаримаҳо пурсидем, ӯ низ камера кор намекунад, одамон шабона партов меоранд, шахсияти онҳоро муайян карда натавонистем барин баҳонаҳоро пеш гузошт.

Акнун камера кор мекунад. Мебинем, вазъ тағйир меёбад ё не. Агар ҳолат бартараф карда нашавад, мумкин аст, ки мо боз ба ин мавзӯъ баргардем.

Хуб мешуд, ки Садорати вилоятии Вазорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим, ШДУ «Мароқанд обод» ва «ҳафтгонаи маҳалла» низ ба умеди ба ҷарима кашида шудани сокинон нашуда, ягон роҳи беҳтари ҳалли муамморо пешниҳод кунанд, ки дар натиҷа, ҳам онҳо осуда, ҳам аҳолӣ розӣ мешаванд.

Ҳасан СУЛАЙМОНӢ