Солҳои охир дар соҳаи кишоварзии мамлакат як қатор ислоҳотҳои ҷиддӣ ва муҳим амалӣ карда шуданд. Бинобар ҳамин, шароити кунунӣ истифодаи босамари замин, соле гирифтани зиёда аз ду ҳосил, истеҳсоли маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ, захираи зарурии маводи ғизоӣ, таъмини бозорҳои мамлакат бо маҳсулоти тару тоза ва инчунин экспорти онҳоро тақозо мекунад. Ҳамаи ин аз ҳоҷагидорон масъулияти аз ҳарвақта дида бештареро мехоҳад. Онҳо албатта, ҳамаи он корҳоеро, ки барои рӯёнидани ҳосили фаровон зарур аст, ба ҷо меоранд. Вале барои ба мақсадҳои худ расидан норасоӣ ва камчинии об садди муваффақиятҳои онҳо мегардад. Охир, об асоси серҳосилӣ аст. Дар мӯҳлатҳои зарурӣ зироати кишткардаи онҳо бо об таъмин нагардад, меҳнати онҳо барбод меравад.
Маҳаллаи Ширинобод дар мавзеи Янгиариқи ноҳияи Самарқанд воқеъ аст. Дар ин ҷо деҳқонони асил зиндагонӣ мекунанд ва ба кишоварзӣ машғуланд. Ҳар кадоме аз хонаводаҳои ин маҳалла замини наздиҳавлигӣ доранд ва аз онҳо самаранок истифода мебаранд. 22 нафар сокинони маҳалла хоҷагиҳои деҳқониву фермерӣ ташкил карда, барои фаровонии маҳсулотҳои кишоварзии бозорҳо саҳм мегузоранд. Имсол аз ҳарсола дида, камчинии об бештар мушоҳида мегардад.— Мо дар хоҷагии худ 13,2 гектар замин дорем, — гуфт сарвари хоҷагии «Сойқудуқ агро-мева» Шербой Рустамов. — Камчиниву норасоии оби зироат чанд сол боз азоб медиҳад. Оби Илонсой дар фасли тобистон аз ҳад зиёд кам мешавад. Агар имкон шавад, аз ҳамон ҳисоб об мегирем. Оби ҷорӣ нағз аст. Току боғ нағз об хӯрад, ҳосилаш, албатта, зиёд мешавад. Камчинии обро ба назар гирифта, ду сол пеш 100 миллион сӯм қарзи имтиёзнок гирифтам. Бо он маблағ обдиҳии чакравии майдони 10 гектар боғу токзорро ба субот расонидам. Барои ин, албатта, насоси обкашӣ харида, ҳавз кофтем. Акнун барои обёрии замин аввал обро кашида, ба ҳавз мерезем. Баъди як-ду рӯз ба токзору боғҳо равона мекунем. Ин аз як тараф кори моро осон кунад, аз тарафи дигар хароҷот, пули қувваи барқро зиёд мекунад. Дар натиҷа, он ба нархи аслии маҳсулот бетаъсир намемонад ва даромади хоҷагӣ камтар мешавад.
Ҳоло ба куҷое наравед ва бо кӣ сӯҳбат накунед, аз ҳавои гарм ва норасоии об шикоят мекунанд. Зеро маҳз дар ҳамин моҳҳои гармо ниҳолҳои зироат бештар нашъунамо карда, ба ҳосиландозӣ, ҳосилзамкунӣ медароянд. Айнан дар ҳамин рӯзҳо киштзор ва майдонҳои боғу ток ба қадри зарурӣ бо об таъмин нашаванд, боиси талаф ёфтани ҳосил мегарданд.
Роҳбари хоҷагии фермерии «Пешкӯҳ-парранда» Далер Ҳамроқулов 75 гектар боғу токзор дорад. Дар боғу токзор себ, шафтолу, гелос ва навъҳои ангури тоифӣ, кишмиши сиёҳ ва ризомат парвариш менамояд.
Далер Ҳамроқулов барои оқилона истифода бурдани об усули обёрии қатравии боғу токзорашро ба роҳ мондааст. Дар бораи кору бори имрӯзаи вай сӯҳбат кардему аламаш тоза гашт. Ӯ бо надомат гуфт, ки аз аввали сол ҳамин муаммо ҳамаро азият медиҳад. Замин бе об мондааст. То ҳол ӯ боғу токзори худро ягон маротиба табъи дил об надодааст. Дар ин рӯзҳо зироат аз об монда, ҳосили дарахтон сӯхтанд. Боғбону деҳқон чӣ кор кардан ва додашонро ба кӣ гуфтанро намедонад. Охир, ӯ ҳам мисли дигарон бо умед ниҳол шинондааст. Агар даромаде набинад, ин қадар меҳнати ӯ барабас равад, вай минбаъд бо кадом дасту дили гарм ба кор мечаспад?!
Аз рӯйи гуфтаи мутахассисони соҳа оби канали Илонсой то ноҳияи Нуробод меравад. Фасли зимистону баҳор оби он зиёдтар шавад, ки дар тобистон кам мегардад. Ҳоло ба воситаи он 5–6 мукаабметр об ҷорӣ мегардад, ки талаботи ҳамаро қонеъ гардонида наметавонад.
Азбаски оби табиӣ дар ин мавзеъ басанда нест ва обёрии заминҳои кишт асосан ба воситаи насосҳои обкашӣ амалӣ мешавад, мо бо сарвари шуъбаи «Дарғами миёна»-и Садорати энергетика ва стансияҳои насосҳои обкашии вилоят дар ноҳияи Самарқанд Бозор Мавлонов вохӯрдем.
— Ҳоло дар ҳисоби мо 47 насосҳои обкашӣ мавҷуд аст, — гуфт Бозор Мавлонов. — Аз ин насосҳо 7‑тоаш ба ташкилоти мо тааллуқ дораду 40‑тоаш дар ҳисоби фермерон мебошад. Мо ба воситаи онҳо ба 12350 гектар заминҳои кишт ва боғу токзори ноҳияи Самарқанд об мерасонем. Насосҳои обкашии стансияи «Наврӯз» барои обёрии 6000 гектар замин пешбинӣ шудааст.
— Талабот чӣ қадар асту ҳоло чӣ қадар об бароварда истодаед?
— Дар ин рӯзҳои гармо ва обталаби заминҳо рӯзе 7–8‑метри мукааб дар як сония об баровардан лозим аст. Мо қудрати обтаъминкунии боғу токзор ва киштзорҳоро дошта бошем, ки иҷозат нест. Барои мо аз рӯйи тақсимоти хоҷагии оби вилоят рӯзе 3–4 кубометр об ҷудо карда шудааст. Барои аз он зиёд кашида додани об ҳуқуқ надорем. Барои ҳамин, ҷанҷоли об зиёд аст.
— Барои чӣ ин хел тақсимоти об ҷорӣ карда шудааст?
— Намедонам. Худи об ҳам дар Дарғам, ки аз дарёи Зарафшон сарчашма мегирад, кам мешавад. Ё ба ин кор ба мардум гуфтанианд, ки минбаъд об боз кам мешаваду ғами худро хӯрда, тайёрӣ бинанд, ҷӯйҳои бетонӣ сохта, обро сарфакорона истифода баранд, усули обёрии чакравиро васеътар ба роҳ монанд, ҳавзҳо созанд. Масалан, бо обёрии усули чакравӣ ба 30 дарсад сарфаи об муяссар шудан мумкин аст. Агар деҳқонон ин усули обёриро ба роҳ монанд, барои обёрии заминҳо тирҷӯ кашидан, обро ба ҷӯякҳо тақсим кардан ва обмон ҳам лозим намегардад. Боз ғизодиҳии киштзорро ҳам бо ин усул ба ҷо овардан мумкин аст. Дар ниҳояти кор ин боиси сарфаи қувваи корӣ, вақт ва маблағ мегардад. Масалан, дар ҳудуди обрасонии стансияи «Мароқанд», ки 500 гектарро ташкил медиҳад, ба 250 гектараш рӯдҳои обдиҳӣ кашиданд. Зироат ва боғу токзори ин майдонҳо бо усули нав бо об таъмин карда мешаванд.
Б.ҶУМЪАЕВ
