Мавзӯи доғи рӯз
Кишвари мо, ки бо таърихи ғанӣ ва мероси фарҳангии худ ифтихор дорад, солҳо боз дар соҳаи таълими томактабӣ низ қадамҳои ҷиддӣ мегузорад. Кӯдакистонҳои нав бунёд, биноҳо таъмир ва шароитҳои моддӣ беҳтар мешаванд. Мутафаккири бузург Абдулло Авлонӣ кӯдакро ба обе шабоҳат дода буд, ки вобаста ба зарф рангу шакли ба он мутобиқро мегирад. Ин сухан то имрӯз аҳамияти худро гум накардааст: муҳити солим ва меҳру ғамхорӣ сарнавишти кӯдаконро муайян месозад. Аз ин рӯ, рушди низоми таълими томактабӣ бояд ҳам аз ҷиҳати фарогирӣ ва ҳам аз ҷиҳати сифат дар ин бобат мақсади аслӣ бошад.
Имрӯз дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 38 ҳазор боғча, зиёда аз 31 ҳазори онҳо хусусӣ мебошанд. Аммо суоли асосӣ боқӣ мемонад: кӯдакистонҳо бояд чӣ гуна бошанд? Оё кӯдакон дар тамоми ин муассисаҳо муҳити меҳрубонӣ ва осоиштагӣ меёбанд?
Ҳодисаҳои моҳҳои охир нишон медиҳанд, ки ҷавоб, мутаассифона, на ҳамеша мусбат аст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста хабар ва наворҳое паҳн мегарданд, ки муносибати дағалонаи баъзе мураббиёнро нисбат ба кӯдакон ошкор месозанд, ҳамкорон миёни худ ҷанҷол барпо мекунанд. Задану таҳқир кардан, бастан бо «скотч», тарсонидани кӯдакон — ин ҳама на танҳо қонуншиканӣ, балки зарбаи ҷиддӣ ба рӯҳияи кӯдак аст. Ин танҳо мушкили як боғча ё як минтақа не, балки ҳудуди кишварамонро фаро гирифтааст. Мутаассифона, ин гуна ҳодисаҳо дар вилояти Самарқанд низ дучор меоянд. Набояд фаромӯш кард, ки ҳар гуна захму ранҷро бартараф ва бинову иморати фарсударо таъмир кардан мумкин, аммо захму доғи дар дили кӯдак мондаро наметавон бартараф кард. Он як умр дар қалби наврас боқӣ мемонад ва ба рӯҳияи ӯ таъсири офатбор гузошта, барои нашъунамои солимонаи ӯ монеаи калон мегардад. Новобаста аз ҷои рух додани он ба тамоми ҷомеа зарба мезанад, зеро мо на танҳо фарзанди як оила, балки фардои миллатро тарбия мекунем. Мо бояд ба худ савол диҳем: оё арзиши як кӯдаки захмии рӯҳиро метавон бо бинои зебо ва майдончаи нав иваз кард? Кӯдаконе, ки имрӯз бо дағалӣ ва тарс рӯбарӯ мешаванд, фардо ба ҷомеа бо эҳсоси нобоварӣ ва эҳтимолан бо хашми ниҳон ворид мегарданд.
Мушкил дар он аст, ки шумораи муассисаҳои таълими томактабӣ — ҳам давлатӣ ва ҳам хусусӣ хеле зиёд аст, вале системаи мониторинг ва назорат, махсусан дар бахши хусусӣ, ҳанӯз ба сатҳи зарурӣ нарасидааст. Вақте ки фақат ба шароити моддӣ аҳамият медиҳем, вале сатҳи ахлоқӣ ва касбии мураббиёнро нодида мегирем, чунин ҳолатҳо ногузир мешаванд.
Ҳангоми шинос шудан бо вазъи боғчаҳои шаҳри Самарқанд, ба чанде аз падару модарони хурдсолон бо суоли «Барои беҳбудии кӯдакистонҳо чӣ бояд кард?» муроҷиат намудем. Шаҳрванд Лутфия Соҳибова чунин иброз дошт:
«Албатта, ҳеҷ кас инкор намекунад, ки мураббиён ҳам инсонанд — онҳо низ шояд ба худ муносиб мушкилоти хонаводагӣ, ё ки вазъи душвори иқтисодӣ ва асабоният доранд. Аммо, оё ин метавонад сабаб шавад, ки кӯдак қурбонии асабонияти онҳо гардад? Охир, кӯдак масъулияти мушкилоти падару модар ё норасоиҳои ҷомеаро бар ӯҳда надорад!
Як ҷумлаи дағал, ё як зарбаи ҷисмонӣ метавонад доғе гардад, ки тамоми умр дар хотири вай боқӣ монад. Худ ба ақл ва мантиқ ҳам рост намеояд, ки мураббии рӯҳан носолим ба тифлони норасида таълиму тарбия диҳад, дар ҳолате ки худаш ба таълиму тарбия мӯҳтоҷ аст.
Ба фикри ман, тамоми кормандони боғчаҳо бояд, ки бо омӯзиши ҳатмии касбӣ ва равоншиносӣ фаро гирифта шаванд, пас аз хатми омӯзиш бошад, имтиҳони солона супоранд».
Модари дигаре, ки худро Фарида Анварова муаррифӣ намуд, чунин илова кард: «Албатта, баланд бардоштани маоши мураббиён ва беҳтар кардани сифати ғизои кӯдакон муҳим аст. Аммо занеро, ки ба кӯдаки бегуноҳ шафқат намекунад, аз сифати модарӣ ва инсонӣ тамоман берун меҳисобам. Нисбати чунинҳо ҷазо бояд сахттар бошад. Чунки, ҳеҷ кас ҳақ надорад интиқоми каси дигарро, ё ки муаммоҳои ҳаёти худро аз хурдсолон гирад. Агар мураббие, ки ҷиноят содир кардааст, дар баробари аз кор рондану аз ҳуқуқи кор дар соҳа маҳрум кардан, ба ҷавобгарии қатъӣ кашида шавад, тартибу интизом дар боғчаҳо беҳтар мешавад».
Аз таҳлилҳо бармеоянд, ки як сабаби асосии вазъияти баамаломада дар кӯдакистонҳо омодагии касбии нокифояи коркунон ба шумор меравад, зеро на ҳамаи мураббиён таълими пурраи равоншиносӣ ва педагогикӣ гирифтаанд. Дар баробари ин, фишори иҷтимоӣ ва маоши паст низ ҷой дорад, чунки мураббии ноором наметавонад муҳити меҳрубонона эҷод кунад. Аз сӯи дигар, дар асри XXI, ки ҷаҳон аз робототехникаҳои кӯдакона ва барномаҳои дугонаи забонӣ ҳарф мезанад, мо чаро ба усулҳои кӯҳна ва методҳои қафомонда такя мекунем? Ин на танҳо ақибмонӣ, балки маҳрум сохтани фарзандони мо аз имкониятҳои оянда аст.
Бояд гуфт, ки дар мамлакатамон ба масъалаи таълиму тарбия диққати асосӣ дода шудааст. Барои беҳсозии вазъи кӯдакистонҳо чӣ аз ҷониби Вазорати таълими мактабӣ ва томактабӣ ва чӣ мақомоти корҳои дохиливу дигар соҳаҳои дахлдор чораҳои ҷиддӣ ва назорати доимӣ роҳандозӣ шудааст. Дар ин бобат, махсусан ташкили нозирони масъул, ки бе огоҳӣ ба кӯдакистонҳо ворид шуда, тартиби кор ва сифати онҳоро тафтиш мекунанд, самари хуб медиҳад.
Барои ислоҳи вазъ дар боғчаҳо амалисозии чораҳои зеринро мувофиқи мақсад мешуморем:
Назорати қатъӣ — мониторинги доимӣ ва ғайричашмдошт дар ҳамаи муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият.
Талаботи баланд ба кадрҳо — санҷиши ҷиддии касбӣ ва психологӣ ҳангоми қабули мураббиён.
Масъулияти шахсӣ — мураббиёне, ки ба зӯроварӣ роҳ медиҳанд, бояд на танҳо аз кор озод шаванд, балки ба ҷавобгарии қонунӣ кашида шаванд.
Агар ин чораҳо амалӣ гарданд, мо метавонем на танҳо бо таъриху фарҳанг, балки бо системаи муосири тарбияи кӯдак низ ифтихор кунем. Тарбияи насли оянда — на танҳо вазифаи падару модар, балки масъулияти тамоми ҷомеа аст. Агар мо имрӯз аз ҳуқуқи кӯдакон дифоъ накунем, фардо аз насли солим, меҳрубон ва боваринок сухан рондан душвор хоҳад буд ва фардо наслеро мебинем, ки ба ҳаёт тайёр нест ва бо тарсу беэътимодӣ ба ҷомеа ворид мешавад.
Кӯдакистон бояд маконе бошад, ки ҳар як кӯдак дар он на танҳо нигоҳубин, балки таҳсил, ташаккул ва илҳоми зиндагӣ пайдо кунад, зеро инсонҳои поквиҷдон, олимону мутахассисони камёб, чемпиону қаҳрамонони оянда дар оғӯши он парвариш мегиранд.
Фозили МУҲАММАДЗОД
