Имрӯз имтиҳони IELTS, ки барои ҳазорҳо ҷавонон сӯйи имкониятҳои байналмилалӣ роҳ мекушояд, ба як марҳилаи муҳим табдил ёфтааст. Хуб, он дар асл чист? Оё он танҳо сатҳи донистани забонро месанҷад, ё қобилиятҳои фикрронӣ, суҳбат ва ҳалли масъалаҳои гуногунро низ аз озмоиш мегузаронад?
Бо чунин саволҳо бо омӯзгори курсҳои IELTS ва корманди яке аз марказҳои маъруфи таълимии шаҳр Хисравбек Ҳазратов (соҳиби 8.0 балл) суҳбат оростем:
— IELTS чист ва аз кадом марҳилаҳо иборат аст?
— IELTS («International English Language Testing System») — низоми байналмилалии баҳогузории сатҳи донистани забони англисист. Ин сертификат барои таҳсил ё кор дар кишварҳои англисзабон ва инчунин, ҳангоми муҳоҷират талаб карда мешавад. Баҳогузорӣ аз 4 бахш иборат аст: шунавоӣ, хониш, навиштан ва суҳбат. Ҳар як бахш аз 0 то 9 балл баҳогузорӣ мешавад. Сипас, ҷамъи баллҳо ба 4 тақсим гардида, низ аз 0 то 9 арзёбӣ мегардад. Баъд, натиҷаҳо ба дараҷаҳо тақсим мешаванд: 4, 4.5, 5 — B1; 5.5, 6, 6.5 — B2; 7, 7.5, 8 — C1; 8.5, 9 — C2.
— Оё IELTS ҷаҳонбинии донишомӯзонро васеъ мекунад?
— 90% донишомӯзони ман барои таҳсил, пайдо кардани кор, ё гирифтани мукофотпулӣ ба IELTS омодагӣ мебинанд, яъне ҳадафи асосии онҳо — гирифтани сертификат аст. IELTS худ ба худ ҷаҳонбинии онҳоро васеъ намекунад. Чунки ин гурӯҳи донишомӯзон бештар ба шунавоӣ ва хониш таваҷҷӯҳ доранд. Ин ду бахш, асосан ба баланд шудани балл бо такя ба дониши умумӣ мусоидат мекунанд. Масалан, вақте ки ман таҳсил мекардам, диққати худро бештар ба шунавоӣ ва хониш ҷалб намудам. Аммо ин бахшҳо ҷаҳонбиниро васеъ намекунанд, зеро дар онҳо донишомӯз танҳо ба саволҳои додашуда ҷавоб медиҳад. Баръакс, бахшҳои навиштан ва суҳбат қобилияти фикрронӣ ва ҷаҳонбиниро ба таври назаррас васеъ мекунанд. Масалан, дар қисми дуюми бахши навиштан ба донишомӯз лозим аст, ки ҳангоми посух додан ба савол ғояҳои мувофиқе барои як иншои пурраро дар худ дошта бошад. Аз ин рӯ, онҳое, ки ба ин бахш бештар омодагӣ мебинанд, ҷаҳонбинии худро васеъ мекунанд.
— Оё ҷаҳонбиниро бахши сеюми суҳбат бештар васеъ мекунад?
— Не, чунин нест, зеро қисми якуми суҳбат низ аз мавзӯъҳои рӯзмарра ва мавзӯъҳои камёб иборат аст. Дар мавзӯъҳои рӯзмарра саволҳое мисли «кадом навъи мусиқиро дӯст медоред?» ё «дар вақти холӣ чӣ кор мекунед?» дода мешаванд. Агар донишомӯз ба чунин саволҳо ҷавобҳои қаноатбахш диҳад, имтиҳонгиранда ба ӯ саволҳои душвортар ва ғайримаъмулӣ медиҳад, ки онҳо низ ғояро талаб мекунанд. Масалан, вақте ман бори аввал имтиҳон супоридам, савол «Оё дарахтҳоро дӯст медоред?» буд. Ҷавобам чӣ гуна мешуд? «Ҳа, дӯст медорам», аммо сабаб чист? «Зеро дарахтҳо зебо ва сабзанд?» гӯям? Хуб, чаро сабз писанд аст? Медонед, баъд аз хондани як мақола фаҳмидам, ки ранги сабз оромкунанда ва камкунандаи стресс будааст, ба ҳамин хотир утоқҳои кӯдаконро аксаран бо ин ранг оро медиҳанд. Ғайр аз ин, дарахтҳо ангидриди карбонатро ҷаббида, кислород мебароранд. Ин маълумотҳо метавонанд ҷавоби хуб шаванд ва донишомӯз онҳоро дар ҷараёни курси IELTS омӯхта метавонад. Агар донишомӯз чунин маълумотро надонад, ҷавоб бо гуфтани «ман дарахтҳоро дӯст медорам» хеле содда мешавад ва дар ин вазъият балл пасттар мебарояд. Бинобар ин, наметавон гуфт, ки танҳо қисми сеюм ҷаҳонбиниро васеъ мекунад.
— Оё IELTS баробари сатҳи забони англисии донишомӯзон, фикрронии онҳоро низ аз санҷиш мегузаронад?
— Як имтиҳонгирандаи бритониёӣ гуфта буд: «Баъзан ба саволи ба куҷо сафар кардан мехоҳед, як хел — Франсия, Италия, ИМА гуфта ҷавоб додани аксарият ғаши касро меорад. Онҳо кишварҳои хеле зебову оромро ҳатто ном ҳам намебаранд. Чунки, Франсия манораи Эйфел, Италия шаҳри дар болои об сохташуда — Венетсия дорад, иқтисодиёти ИМА баланд аст. Аммо дар муқобили Франсия, Испания — мамлакати дорои бештарин ёдгориҳои меъморӣ дар Аврупо аст, Зеландияи Нав як мамлакати бузургест, ки пурра дар рӯи об ҷойгир шудааст, иқтисоди Хитой бошад, дар миқёси ҷаҳон аз ҳама босуръат рушд мекунад. Ин маънои онро дорад, ки донишомӯзон аксаран фикри шахсӣ надоранд ва танҳо шунидаҳояшонро такрор мекунанд». Дар ҳақиқат ҳам, ба шахси имтиҳонгиранда ҳар рӯз тахминан аз 15 нафар донишомӯз шунидани ҷавобҳои якхела дилгиркунанда аст.
— Муносибати шумо оиди бекор шудани имтиҳони коғазии IELTS дар Ӯзбекистон чӣ гуна аст?
— Ман инро мусбат арзёбӣ мекунам, ҳамеша бояд рушд кард. Ба донишомӯзон ин шояд мушкил вонамуд шавад. Хусусан, баъзеҳо компутер надоранд. IELTS танҳо ба воситаи компутер супурда шавад ҳам, ба он мисли тарафи дуюми танга бояд нигарист. Ҳамватанонамон ба он мутобиқ мешаванд. Масалан, имтиҳони IELTS ба Ветнам 5–6 сол пештар аз Ӯзбекистон ворид шуда буд. Аммо, дар айни ҳол, тибқи нишондоди натиҷаҳо, Ӯзбекистон аз Ветнам пеш гузаштааст. Дар замоне, ки дунё ба рақамикунонӣ мегузарад, мо набояд фақат ба коғаз такя намоем. Ин, аз як тараф эҳтиёҷ ба коғазро кам мекунад, дарахтони ҷангалзорҳо камтар бурида мешаванд. Ғайр аз ин, барҳам додани бо коғаз супурдани имтиҳон ба имтиҳонгирандагони IELTS низ аз ҷиҳати иқтисодӣ сарфакорӣ меоварад. Онҳо бар ивази ин метавонанд хизматҳоро пешкаш намоянд. Барои мисол, агар шумо ба IELTS регистратсия кунед, ба шумо 50 рӯз пештар барои тайёрӣ дидан бепул маводи боваринок мефиристанд. Онҳое, ки бо компутер супурдани IELTS бад аст, мегӯянд, шояд баъд аз 1–2 сол «ман 8.0 балл гирифтам», гӯянд…
— Донишомӯзон ҳангоми бо коғаз тайёрӣ дидан, ин тарафу он тарафи онро кушода, ба зери вожаҳои калидӣ хат мекашиданд. Оё барои онҳо компутер номусоидӣ намеоварад?
— Хидматҳои электронии «my.gov.uz» ба аҳолӣ имкон дод, ки аз ҷои истодаи худ, навбат напоида, корҳои худро ба анҷом расонанд. Фақат барои ба сохтор мутобиқ шудани шаҳрвандон каме вақт лозим шуд. Барои супурдани имтиҳони IELTS ҳам донишомӯзон 1–1,5 соат интизор мешуданд, барои хонаи калонро гарм, ё ки хунук кардан аз кондитсионерҳои калонҳаҷм истифода мебурданд. Дар имтиҳонҳои бо компутер супурдашаванда инҳо барҳам дода шуданд.
— Оё қисми сӯҳбатро метавон, мисли пештара рӯбарӯ, ё ки ба таври видеоӣ супорид?
— Бале, дар қисми суҳбат ҳеҷ гуна тағйироти техникӣ ворид нашудааст. Хулоса, азбаски курсҳои IELTS аксаран мавзӯъҳои гуногун, аз қабили ҳайвонот, наботот, сайёҳӣ, корхонаҳои хидматрасонии муайян ва шахсиятҳои ба муваффақият ноилшударо фаро мегиранд, аз ин рӯ, донишомӯз дар ҷараёни таҳсили курсҳои IELTS, ё ки супоридани имтиҳон, тавассути истифода аз он, доир ба мавзӯъ тасаввуротро низ ҳосил мекунанд. Ҳамин тавр, на танҳо сатҳи донистани забони хориҷии донишомӯзон, балки ҷаҳонбинии онҳо низ аз санҷиш гузаронида мешавад.
— Ташаккур барои суҳбати ҷолиб!
Мусоҳиб Зиннура ИЛҲОМҶОНОВА
