Аз рӯзҳои охири моҳи октябри соли равон то нимаи якуми моҳи ноябр дар шаҳри Самарқанд сессияи 43‑юми Сарконференсияи Ташкилоти СММ роҷеъ ба таълим, фан ва маданият (ЮНЕСКО) баргузор мешавад.
Ин воқеа, ки дар 40 соли охир бори аввал ба берун аз шаҳри Париж гузарондани сессияи ЮНЕСКО вобаста аст, бо 80‑солагии ташкилот рост меояд ва дорои аҳамият мебошад.
Бо қарори роҳбари давлатамон аз 15‑уми марти соли 2024 барои дидани тайёрӣ ба чорабинии мазкур, кумитаи ташкилӣ таъсис ёфт ва ҳоло чораҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
Кумитаи ташкилӣ барои таҳияи нақша ва гузарондани чорабиниҳои вобаста ба сессия гурӯҳҳои корӣ созмон дод, ки онҳо корҳои тайёриро пеш мебаранд.
Масъалаҳои омадурафти иштирокчиёни сессия, расмӣ намудани виза, расондани хизмати нақлиётӣ ва тиббӣ, иштироки онҳо дар чорабиниҳои асосӣ ва барномаҳои маданӣ дар ҳоли созиш намудан бо ЮНЕСКО ҳал карда мешаванд.
Рӯзи 12‑уми марти соли равон Президент Шавкат Мирзиёевро дар доираи ташрифи давлатӣ ба Франсия Сардиректори ЮНЕСКО Одри Азулени қабул карда, ҷиҳатҳои амалии дидани тайёрӣ ва гузарондани сессияи 43‑юми Сарконференсияи ташкилотро баррасӣ намуданд.
Сессия ва чорабиниҳои асосӣ дар маҷмӯаи сайёҳии «Silk Road Samarkand» гузаронда мешаванд. Мувофиқи маълумот, ба сессияи 43‑юм ва чорабиниҳои доираи он, омадани беш аз 5 ҳазор нафар иштирокчӣ аз 194 давлат пешбинӣ шудааст. Танҳо аз котибияти ЮНЕСКО 400 нафар корманд меоянд. Инчунин, роҳбарони давлатҳо, ташкилотҳои давлатӣ, вазирон ва сафирҳо дар Самарқанд ҷамъ мешаванд.
Барои ҷойгир кардани ҳайати намояндагони бонуфуз ва иштирокчиёни чорабинӣ, дар 8 меҳмонхонаи маҷмӯаи «Silk Road Samarkand» 1176‑то, дар 130 меҳмонхонаи шаҳри Самарқанд 4178‑то хонаро пешбинӣ ва барои рӯзҳои форум банд карда мондаанд.
Ғайр аз ин, дар Тошканд, Бухоро, Хива ва Шаҳрисабз гузарондани чорабиниҳои маданӣ ва қабулҳоро ба ҳисоб гирифта, дар ин шаҳрҳо низ меҳмонхонаҳо интихоб шудаанд ва чораҳои зарурии ба ҳайати намояндагон расондани хизматҳои нақлиёт ва ғайра дида мешаванд.
Дар доираи сессия Форуми ҷавонони ЮНЕСКО, ҷамъомади комиссияҳои миллӣ, бори аввал маросими супурдани мукофоти ба номи Берунии Ӯзбекистон — ЮНЕСКО ва конференсияи байналмилалӣ роҷеъ ба ҷои зеҳни сунъӣ дар музейҳоро мегузаронанд. Ғайр аз ин, дар ёдгориҳои меъморӣ ва мадании шаҳри Самарқанд, музейҳо, масканҳои маданӣ ташкили намоиши нигористон (экспозитсия)-ҳои нав, барномаҳои консертӣ бо иштироки ситораҳои ҷаҳон, умуман, беш аз 150 чорабинӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар доираи сессия, бо тартиби муайян аз аккредитатсия гузарондан ва фароҳам овардани шарту шароитҳои зарурӣ барои ходимони воситаҳои ахбори оммавии маҳаллӣ ва хориҷӣ, ки ба Самарқанд барои равшан намудани сессияи 43‑юм ва чорабиниҳои дигар меоянд, чораҳо дида мешаванд. Дар ҳудуди маҷмӯаи «Silk Road Samarkand» маркази матбуот ташкил карда мешавад.
Ғ.ҲАСАНОВ
