Рӯзи 22-юми феврали соли равон дар толори маҳфилии Маркази ахбор-китобхонаи ба номи А.С.Пушкини вилоят тақдимоти китоби тозанашри узви Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон, доктори фалсафа оид ба фанҳои фалсафа Баҳодур Убайдуллоҳ (Раҳмонов) бо номи “Тарбияи чилсола” (“Қирқ йиллик тарбия”) баргузор гардид.
Дар чорабинӣ, ки таҳти унвони «Номи дуюми бахт — шукрона» бо ибтикори Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон, Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон ва таҳририяти рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» ташкил шуд, намояндагони доираи илмиву фарҳангии Самарқанд, шоирону нависандагон, журналистону блогерон, устодону донишҷӯён, вакилони ҳокимиятҳои шаҳру вилояти Самарқанд ва дигарон иштирок намуданд.
Чорабиниро сармуҳаррири таҳририяти муштараки рӯзномаҳои «Зарафшон» ва «Самаркандский вестник», сенатор Фармон Тошев ҳусни ифтитоҳ бахшида, доир ба китоби “Тарбияи чилсола” фикру мулоҳизаҳои худро баён намуд.
— Баҳодур Убайдулло бо навиштани ин китоб барои ҷомеаи китобхон хидмати бузург кард, чунки ин китоб одамонро ба андешаву тафаккур ва дарки пасту баландиҳои зиндагӣ ҳидоят менамояд, — гуфт ӯ. — Мо бояд китобҳоро соддатар, оммафаҳму ҳамабоб таълиф намоем, то ҳар кас онро ба осонӣ фаҳмида, муроду мароми муаллифро дарк карда тавонад. Хушбахтона, китоби “Тарбияи чилсола”-и Баҳодури Убайдулло аз зумраи ҳамин гуна китобҳост.
Сипас, ҷонишини ҳокими вилояти Самарқанд, раиси Садорати сайёҳӣ ва мероси фарҳангӣ Рустам Қобилов дар бораи мазмуну мундариҷаи асар, ҷиҳатҳои ахлоқии он, аҳамияти ҳикоёти хурди пандомӯз дар тарбияи фарзандон ҳарф зада, таъкид намуд, ки интишор ёфтани ин гуна китоб собит менамояд, ки анъанаи таълифи асарҳои дитактикиро ҳанӯз идома дорад.
Иштирокдорони китобдӯсти чорабинӣ тарҳу шакл, дизайну ҳаҷми китобро алоҳида эътироф карда, ба услуби нигориши нависанда низ баҳои баланд доданд.
— Имрӯз талаб ба китобҳои таълимиву тарбиявӣ, хусусан китобҳое, ки ахлоқро меомӯзанд, беш аз пеш афзудааст, — гуфт раиси шӯъбаи Иттифоқи нависандагони вилояти Самарқанд Тошпӯлод Тугалов. — Хонандаи имрӯз ба адабиёти сабук, адабиёте ки зуд ҳазм мешавад ва ба ӯ руҳия мебахшад, ниёзи зиёд дорад. Дар замона, ки бо суръати баланд пеш меравад, романҳои бузург, қиссаҳо, достонҳо дигар хонандаи зиёд надоранд. Барои ҳамин, ҷомеаи китобхон ба китобе чун “Тарбияи чилсола” ниёз дошт ва боиси хурсандист, ки ин китоб ба табъ расидаву дар дастҳои мост.
Дар идомаи чорабинӣ журналист Тошпӯлод Раҳматуллоев, мушовири ҳокими вилояти Самарқанд Шералӣ Темуров, ҷонишини ҳокими ноҳияи Самарқанд Акбар Маҳмудов, роҳбари маркази «Маънавият ва маърифат»-и вилоят Нигора Садинова ва якчанд нафари дигар дар бораи китоби тозанашр андешаҳои худро иброз доштанд.
Ҳасан СУЛАЙМОНӢ
Номи дуюми бахт — шукрона
