Ovozi.uz

Рамз — ҳамчун низоми маъниофарӣ

Дар канори санъатҳои анъанавии бадеӣ, чун ташбеҳ, истиора, маҷоз, киноя, талмеҳ ва ғайра, як воситаи муқтадири дигар барои ифодаи барҷастаи тасвир ва маъниофарии амиқ вуҷуд дорад, ки он — рамз (намод) мебошад.

Рамз ҳамчун унсури марказии низоми маънисозӣ дар шеъри классикӣ нақши меҳварӣ ва калидӣ дорад. Он образест, ки дорои мазмуни тамомнашаванда, қобилияти тафсирпазирии густурда ва моҳияти бисёрқабата мебошад. Ба таъбири дигар, рамз тасвири мушаххаси бадеиест, ки мазмуну моҳияти як падидаи фарохтар ва куллиро дар шакли муъҷаз ва ихчам таҷассум мекунад.

Фолклоршиноси маъруфи рус Н. П. Колпакова рамзҳоро бар асоси мансубияти онҳо ба низоми эҳсосоти инсонӣ ба ду гурӯҳи калон — рамзҳои саодат (хушбахтӣ) ва рамзҳои андӯҳ тасниф намудааст. Намунаҳои боризи рамзгароӣ дар адабиёти рус, қабл аз ҳама, ба эҷодиёти намояндагони барҷастаи ҷараёни символизм — Вячеслав Иванов ва Фёдор Сологуб иртибот доранд. Мутобиқи таърифи Сологуб: «Рамз — равзанае ба сӯи беинтиҳост». Ин нигоҳи назарӣ бо моҳияти шеъри классикӣ низ комилан ҳамоҳанг мебошад, зеро рамз дар ин адабиёт дорои ҷанбаҳои чандмаъноӣ буда, фазои тафсири матнро густурдатар мегардонад.

Дар адабиётшиносии суннатӣ, аз «Тарҷумон-ул-балоға»-и Муҳаммад ибни Умари Родуёнӣ то «Санъати сухан»-и Т. Зеҳнӣ, мафҳуми рамз ҳамчун категорияи мустақил ва ҷудогонаи илмӣ мавриди баррасии махсус қарор нагирифтааст. Бо такя ба усулҳои таҳлили поэтикӣ ва адабиётшиносии қиёсӣ метавон ба чунин натиҷа расид, ки рамзҳои адабӣ ҳанӯз дар гузашта низ таваҷҷуҳи ноқидони суханро ба худ ҷалб намуда буданд ва дар ин замина асарҳои алоҳида низ ба табъ расидаанд. Чунончи, китоби Шарафуддини Ромӣ «Анис-ул-ушшоқ», ки ба шарҳи ташбеҳоти вобаста ба аъзои бадани инсон ихтисос ёфтааст, дар асл як навъ вазифаи рамзкушоӣ ва тавзеҳи образҳои адабиро иҷро намудааст.

Дар давраҳои ахир пажӯҳишгарони адабиётшиносии муосир ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Мутобиқи андешаи адабиётшиноси тоҷик Худоӣ Шарифов, рамзҳо гоҳо дарки маънои аслии каломи бадеъро душвор месозанд. Ин мушкилфаҳмӣ ва мураккабии маъноӣ, бахусус дар осори рамзомезе чун «Шабистони хаёл»-и Яҳёи Себак ба таври барҷаста эҳсос мегардад. Бо дарназардошти паҳлӯҳои зикршудаи масъала, дар мақолаи ҳозир, асосан аз методҳои таҳлили поэтикӣ ва равиши қиёсии адабиётшиносӣ истифода ба амал омад.

Дар фарҳанги умумибашарӣ рамзҳои маъмуле вуҷуд доранд, ки барои аксари мардум ба таври фитрӣ фаҳмо мебошанд. Барои намуна: Дил — рамзи ишқу муҳаббат; Ранги сиёҳ — рамзи ғаму ҷудоӣ; Садбарг — рамзи зан ва зебоӣ; Шер — рамзи қудрат ва ғайра. Ин гуна рамзҳо дар тамоми намудҳои санъат, аз адабиёт сар карда, то наққошӣ, ба таври густурда мавриди истифода қарор мегиранд.

Хусусияти муҳими рамз дар адабиёти бадеӣ он аст, ки ҳар як шоир метавонад ба рамзи маъмули фарҳангӣ тобиши нав бахшад.

Рамзҳои бадеии шоирона дар заминаи суннатҳои адабӣ ташаккул ёфтаанд. Барои осонии дарк, баъзе аз ин образҳои рамзиро дар ҷадвали зерин ба маънои суннатӣ ва рамзӣ гурӯҳбандӣ намудем: Дил — ишқ, самимият; Булбул / тӯтӣ — хушгуфторӣ, суханварӣ; Гул / садбарг — зебоӣ, латофат; Бода / май — маърифат, ҳолати рӯҳонӣ; Шамъ / сӯзандагӣ — оҷизӣ, ҷонфидоӣ; Ойина — сафо, покизагӣ, ҷалои қалб; Ғунча / Парда — пинҳонӣ, рози ниҳон, пӯшидагӣ ва ғайра.

Ин хусусиятҳои маъноӣ дар асарҳои ҳар шоир тобишҳои нав ба нав пайдо мекунанд. Масалан, Бисотии Самарқандӣ мегӯяд:

Гар дилат моил, биё сӯи дилам,Бишнав инак қиссаи сангу сабӯ.

Дар ин ҷо шоир дили худ ва дили ёрро ба «санг» ва «сабӯ» (кӯза) ташбеҳ додааст. Аммо бо нигоҳи амиқ мебинем, ки ин ду образ ба рамз табдил ёфтаанд: санг — рамзи бераҳмӣ ва бепарвоӣ, сабӯ — рамзи нозукӣ, зудшиканандагӣ ва беҳимоятӣ. Ин образҳо танҳо ишора ба қаҳрамон нестанд, балки воситаи густариши майдони маънӣ мебошанд. Адибон онҳоро тақлидкорона не, балки мутобиқ ба ҷаҳонбинии худ истифода бурдаанд. Масалан, Камоли Хуҷандӣ ҳусни ёрро ба офтоб ташбеҳ дода, онро ба рамзи зебоии оламгир табдил додааст:

То рух напӯшӣ, кай шавад аз дида ашки мо равон,Пинҳон нагашта офтоб, ахтар намеояд бурун.

Дар ҳамин росто, образи «хуршед» ва «шамс» густариши маъноии ин рамзро нишон медиҳад. Дар марсияи Бисотии Самарқандӣ ба устодаш — Хоҷа Абдулмалики Исомӣ образи «шамъи зиёбахш» ва «хуршеди замир» ҳамчун рамзи шахсияти маърифатпарвар ва роҳнамои рӯҳонӣ ба кор рафтааст. Ин ҷо параллелизм (мувофиқати нур ва ҳидоят) заминаи рамзсозиро ташкил медиҳад:

Эй ҷаноби давлататро сад чу Кайвон посбон, Бо замири равшанат Хуршеди маънӣ тавъамон.

Гарчанде рамз ба санъатҳои ташбеҳ ва истиора шабоҳат дорад, вале аз ҷиҳати мундариҷа амиқтар ва фарохтар аст. Тафовути калидии онҳо дар ин аст: Истиора: объекти мавриди назар, ҳатто зери номи дигар, дар зеҳни хонанда муҷассам мегардад.

Рамз: бо пӯшидагиву асроромезии маънӣ боқӣ монда, метавонад дар дохили як истиора низ ҷой бигирад. Ҷолиби диққат аст, ки дар адабиёти гузаштаи мо ҳатто аксари талмеҳҳо (ишора ба қиссаву шахсиятҳои таърихӣ) ба рамз мубаддал шудаанд. Дар адабиёти давр низ образҳои таърихӣ ва динӣ бо маъниҳои рамзӣ зуҳур мекунанд: Сулаймон — рамзи ҳукмронӣ ва қудрати мутлақ; Қорун — рамзи сарватҷӯӣ ва хасисӣ; Фарҳод — рамзи садоқат ва фидокории ноком.

Шоирон ин талмеҳотро на ба таври тақлидӣ, балки мутобиқ ба эҳсоси ботинӣ ва ҷаҳонбинии худ истифода бурда, доираи маъноии онҳоро ғанитар гардонидаанд. Рамз дар осори шоирони классик на танҳо як унсури ороишӣ, балки василаи калидӣ барои расидан ба ботини маънӣ ва дарёфти ҷаҳони ботинии эҷодкор мебошад.

Таҳқиқу баррасии ҷараёни адабии аҳди Темуриён собит менамояд, ки суннат ва навоварӣ дар ин давра дар ҳамбастагии зич қарор гирифтаанд. Шоирони ин ҳавза бо такя бар таҷрибаи бои устодони гузашта, дар ҷодаи рамзсозии амиқ ва образофаринии бадеӣ ба комёбиҳои назаррас муваффақ шудаанд.

Рамз дар ашъори суханварони пешқадами ин аҳд, аз қабили Камоли Хуҷандӣ, Исмати Бухороӣ, Бисотии Самарқандӣ, Хаёлии Бухороӣ, Риёзии Самарқандӣ ва дигарон дар канори санъатҳои ташбеҳу истиора, маҷозу киноя ва таҷнису талмеҳ, на танҳо вазифаи ороиши зоҳирии каломро иҷро мекунад, балки пояи маънавии шеъри онҳоро низ таҷассум менамояд. Ин унсури ҳунарӣ хонандаро водор месозад, ки танҳо ба маънои зоҳирии образ иктифо накарда, барои дарки қабатҳои амиқи зермаъноӣ ва муҳтавои нуҳуфтаи он кӯшиш ба харҷ диҳад.

Аз ин рӯ, пажӯҳиши рамзҳои бадеӣ дар мероси адабии шоирони аҳди Темуриён на танҳо барои фаҳми дурусти матни шеърӣ, балки барои бозсозии низоми ҷаҳонбинии фалсафӣ ва эстетикаи суханварони ин давра аҳаммияти хоссаи назариявиву амалӣ дорад.

Фозилҷон ШУКУРӢ