Ovozi.uz

Таҳрири нави Стратегияи Ӯзбекистон — 2030 ба баррасии ҷамоатӣ гузошта шуд

Дар платформаҳои UZBEKISTAN2030.uz, regulation.gov.uz ва сайти regulation.adliya.uz лоиҳаи дар таҳрири нави Стратегияи «Ӯзбекистон‑2030», ки даври нави 2026–2030‑ро дарбар мегирад, барои баррасии ҷамоатӣ гузошта шуд. Роҷеъ ба оғози баррасии ҷамоатӣ рӯзи 30‑юми декабр Маркази «Стратегияи инкишоф» хабар дод.

Рӯзи 26‑уми декабри соли 2025 Президент Шавкат Мирзиёев дар Муроҷиатномаи худ ба Олий Маҷлис ва халқи Ӯзбекистон зарурияти баррасии азнави Стратегияи «Ӯзбекистон‑2030»-ро таъкид намуда буд. Стратегияи «Ӯзбекистон‑2030» панҷ самти бартаринокро дарбар мегирад ва онро тирамоҳи соли 2023 тасдиқ карда буданд. Қаблан дар соли 2030 ба 160 миллиард доллар расондани ҳаҷми маҳсулоти дохилии умумӣ (МДУ) ба нақша гирифта шуд, вале дар соли 2026 ба ин нишондиҳанда расидан пешбинӣ мешавад, дар панҷ соли оянда МДУ метавонад то ба 240 млрд. доллар расад.

Дар Маркази «Стратегияи инкишоф» қайд карданд, ки азнав баррасии стратегия бо тағирот дар иқтисодиёти глобалӣ муносибатҳои байналмилалӣ, трансформатсияи бозорҳои энергия, рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, инчунин афзудани эҳтиёҷоти аҳолӣ вобаста мебошад. Дар тайёр кардани лоиҳа беш аз 350 намояндагони идораҳои давлатӣ ва марказҳои илмӣ иштирок карданд ва 444 нишондиҳандаи эффектнокии стратегияи дар амалбударо таҳлил карданд.

Хусусияти асосии ҳуҷҷати навшуда рӯ гардонидан аз тавсияҳои бодабдаба (деклоративӣ) шуд. Аз стратегия 130 нишондиҳанда-­шиорҳоро, ки ба баҳои объективӣ дастнорасанд, бароварданд. Ҳамаи нишондиҳандаҳои боқимондаро ба андозаҳои ченшаванда оварданд ва бо рақамҳои конкретӣ ифода карданд.

Дар лоиҳаи банақшагирии солонаи ба мақсадҳо расидан, ба ҳар як вазорат ва идораҳо вобаста намудани нишондиҳандаҳо (наздик ба 60‑то), инчунин нишон додани манбаи молиягузорӣ барои ҳар як индикатор оварда шудааст.

Ғайр аз ин ҳуҷҷат қолаби ягонаи стратегиро барқарор мекунад: ҳамаи консепсия ва стратегияҳои соҳавӣ ва минтақавӣ бояд ба Стратегияи «Ӯзбекистон‑2030» мутобиқ карда шаванд. Дар илова рӯихати 50‑то чунин хуҷҷатҳо оварда шудааст.

Лоиҳаи Стратегия ба баррасии ҷамоатӣ гузошта шуд ва мумкин бо баҳисобгирии пешниҳодҳои фиристода, такмил дода шавад.