Ovozi.uz

Бақайдгирии аҳолӣ ба некӯаҳволии мардум хизмат мекунад

Барӯйхатгирии аҳолӣ ва хоҷагии қишлоқ, ки 15‑уми январи соли 2026 оғоз мешавад, танҳо ҷамъоварии маълумоти оморӣ нест, балки имконияти донистани дақиқии шумораи аҳолӣ ва захираҳои кишварамон ба ҳисоб меравад.

Ба воситаи ба рӯйхат гирифтан дар бораи шумораи аҳолӣ, инчунин роҷеъ ба маълумоти мардум, шуғл, вазъи муҳоҷират, манбаъҳои даромади ҳар як шахс маълумотҳои зарурӣ ҷамъ оварда мешавад. Дар кишоварзӣ нишондиҳандаҳои истифодаи замин, чорводорӣ ва паранда муайян мегардад.

Ба рӯйхат гирифтани аҳолӣ ва хоҷагии қишлоқ боз аз он ҷиҳат муҳим аст, то давлат тавонад инфрасохтори деҳот ва шаҳру ноҳия, барномаҳои иҷтимоӣ ва нақшаҳои сармоягузориро дар асоси маълумоти дақиқ муайян кунад.

Тақсимоти буҷет, субсидияҳо, роҳҳо, мактабҳо ва хидматрасонии тиббӣ — ҳама ба маълумоти дақиқ вобаста мебошанд. Маълумоти ҷамъовардашуда дар бораи кишоварзӣ низ аҳамияти миллӣ дорад. Истифодаи замин, шумораи чорво, паранда ва ғайра захираҳои истеҳсолӣ — ҳамаи ин нишондиҳандаҳои стратегӣ барои иқтисодиёт мебошанд.

Дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 19‑уми сентябри соли 2025 «Дар бораи гузаронидани чорабинии барӯйхатгирии аҳолӣ ва хоҷагии қишлоқ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» муқаррар гардидааст, ки мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо бояд ҳамаи кормандонеро, ки дар системаи онҳо аз 15‑уми январ то 31‑уми январи соли 2026 кор мекунанд, дар портали census.stat.uz аз рӯйхат гузаронанд.

Дар мамлакатамон ҷараёни барӯйхатгирӣ дар 2 марҳила ташкил карда мешавад.

Марҳилаи якуми он аз 15‑ум то 31‑уми январ давом мекунад.

Дар давоми 17 рӯз бақайдгирии онлайнӣ дар асоси системаи OneID тавассути вебсайти census.stat.uz ташкил карда мешавад.

Марҳилаи дуввум аз 4‑ум то 28‑уми феврал идома меёбад.

Дар марҳилаи дуввум аъзоёни «Ҳафтгонаи маҳалла» дар ба дар гашта, рафти бақайдгириро тавассути планшетҳо ташкил мекунанд.

Махфияти маълумоти шахсӣ аз ҷониби қонун кафолат дода мешавад ва маълумоти дар пурсишнома мавҷудбуда ба мақомотҳои дигари дахлдор пешниҳод мегарданд.

Дар рафти бақайдгирӣ ба саволҳои аъзоёни ҳафтгонаи маҳалла шаҳрвандон бояд ҷавобҳои дақиқи гардонанд.

Шумораи умумии саволҳо 71‑тост. Роҷеъ ба аҳолӣ 54 саволро дар бар гирад, оиди хоҷагии қишлоқ ба 17 савол ҷавоб додани шаҳрвандон рост меояд.

М.ҶУМЪАЗОДА