Имрӯз зеҳни сунъӣ (AI) на танҳо як падидаи фаннӣ, балки омили ҷиддии иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба шумор меравад, ки низоми таълимро водор месозад, ки моҳияти худро аз нав баррасӣ кунад. Агар даҳҳо касбу ихтисос дар солҳои наздик тағйир ёбанд ё аз байн раванд, пас саволи асосӣ чунин аст: мо фарзандонро ба чӣ бояд омӯзем, то дар оянда роҳгум назананд?
Дар ҷавоби ин суол коршиносон асосан чор салоҳияти асосиро ҷудо мекунанд, ки дар даври зеҳни сунъӣ аҳамияти худро гум намекунанд. Аммо масъала танҳо номбар кардани ин салоҳиятҳо нест, балки дарк кардани он аст, ки мактабҳои мо то куҷо барои рушди онҳо омодаанд.
Солҳост, ки дар муҳити омӯзгорӣ баҳс идома дорад: оё мактаб бояд донишҳои фундаменталӣ диҳад ё бештар ба рушди маҳоратҳо — тафаккури интиқодӣ, кори дастаҷамъӣ ва худомӯзӣ таваҷҷуҳ кунад? Воқеият ин аст, ки ин ду муқобили ҳам нестанд.
Таффаккури интиқодӣ бе пояи мустаҳками дониш амал намекунад. Таърихро бе дарки заминаи даврӣ таҳлил кардан мумкин нест, ҳамчунон ки ҳалли масъалаҳои эҷодии риёзӣ бе фаҳмиши мафҳумҳои асосӣ ғайриимкон мебошад. Хатар дар он аст, ки баъзе ислоҳоти «муосир» мехоҳанд мактабро ба муҳити фаъолиятҳои зоҳирӣ табдил диҳанд, аммо мундариҷаи амиқро канор мегузоранд.
Дар доираи барномаи «Таълим‑2030»-и Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (OECD) ва пажӯҳишҳои байналмилалӣ, як қатор маҳоратҳои калидӣ муайян шудаанд. Имрӯз чортои онҳо аҳамияти махсус доранд. Пеш аз ҳама, тафаккури алгоритмӣ муҳим аст. Истифодаи моҳиронаи телефон ё шабакаҳои иҷтимоӣ ҳанӯз саводнокии рақамӣ нест. Тафаккури алгоритмӣ маънои фаҳмидани мантиқи ҷараёнҳо, қадам ба қадам ҳал кардани муаммоҳо ва дарёфти қонуниятҳоро дорад. Ин маҳорат на танҳо барои барномасозон, балки барои ҳар хонанда, аз навиштани иншо то ташкили лоиҳаи мактабӣ, зарур аст.
Сониян, арзёбии интиқодии иттилоот. Дар замоне ки зеҳни сунъӣ матнҳои аз навиштаҳои инсон фарқ надоштаро эҷод мекунад, санҷиши дурустии иттилоот ба масъалаи «зинда мондан» табдил ёфтааст. Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки аксари наврасон фарқи реклама ва хабарро намедонанд. Агар ин малака ҳар рӯз, дар тамоми фанҳо ташаккул наёбад, ҷомеа ба осонӣ қурбонии иттилооти бардурӯғ мегардад.
Дар навбати худ, эҷодкорӣ низ муҳим аст. Нейрошабакаҳо метавонанд намунаҳои мавҷудбударо хуб омезиш диҳанд, аммо навоварии воқеӣ аз шубҳа ба қолабҳои кӯҳна оғоз мешавад. Мактаб бояд ҷуръати фикрронии ғайристандартӣ, саволгузорӣ ва таҷрибаро ташвиқ кунад, на танҳо ҷустуҷӯи «як ҷавоби дуруст»-ро.
Дар охир, зеҳни эҳсосӣ аҳамияти махсус дорад. Дар ҷаҳони автоматишуда маҳз қобилияти дарки эҳсосоти худ ва дигарон, муоширати самаранок ва ҳалли низоъҳо бартарӣ меорад. Кӯдаке, ки эҳсосоти худро мефаҳмад, дар омӯзиш ва зиндагӣ устувортар мешавад.
Бисёриҳо мактаби муосирро бо синфҳои зебо, тахтаҳои интерактивӣ ва планшетҳо мепайванданд. Аммо таҷрибаи кишварҳое, ки солҳои 2000‑ум мактабҳоро пурра компютерӣ карданд, нишон дод: агар усули педагогӣ тағйир наёбад, натиҷа беҳтар намешавад. Технология мақсад нест — восита аст. Асоси таълим на дар экран, балки дар муносибати зиндаи инсонӣ: савол додан, баҳс кардан, хато кардан ва аз он хулоса баровардан ташаккул меёбад.
Дар асре, ки иттилоот ҳамеша дастрас аст, нақши омӯзгор тағйир меёбад. Ӯ дигар танҳо «додани дониш»-ро анҷом намедиҳад, балки роҳнамо, фасилитатор ва тарроҳи ҷараёни омӯзиш мегардад. Омӯзгори муосир муҳитеро месозад, ки хонанда дар он фикр мекунад, кашф мекунад ва масъулияти омӯзиши худро эҳсос менамояд.
Ҳамин тавр, таълим дар даври зеҳни сунъӣ рад кардани арзишҳои классикӣ нест, балки тафсири нави онҳо мебошад. Пояи фундаменталӣ зарур боқӣ мемонад, аммо диққат бояд ба дарки робитаҳо, тафаккури мустақил ва инсондӯстӣ равона шавад. Ояндаи таълим — дар омодасозии на танҳо мутахассисони муваффақ, балки инсонҳои фикркунанда, масъул ва меҳрубон аст. Агар мактаб ин рисолатро фаромӯш кунад, ҳатто пешрафтатарин технологияҳо ҳам наҷотбахш нахоҳанд шуд.
Фозили МУҲАММАДЗОД
