Китоби “Мағзи донак”-и нависандаи маъруфи самарқандӣ, мухбири рӯзномаи «Овози Самарқанд» Бахтиёри Ҷумъа дар Тоҷикистон “Китоби беҳтарини соли 2025” дониста шуд.
Дар номинатсияи насри бачагона ин китоб ба ҷойи саввум сазовор ва муаллиф бо мукофоти пулӣ ва дипломи дараҷаи саввуми Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
Китоби “Мағзи донак” соли гузашта аз тариқи нашриёти “Истиқбол”-и шаҳри Душанбе чоп ва дастраси хонандагони хурдсол гардида буд. Дар он қиссаи “Соябони сари мо” ва чанд ҳикоя гирд оварда шудааст. Забони он содаву равон буда, бо лутфи гуворо, ки хоси бачагон аст, навишта шудааст.
