Ovozi.uz

Ғами тобистонро дар зимистон бояд хӯрд

Хуни замин об ба ҳисоб меравад. Бе он дар замин кишт гузаронида, ҳосил рӯёнидан амри маҳол аст. Азбаски дар бисёр мавзеъҳо оби ҷорӣ нест ва ё ба воситаи он обёрии заминҳо душвор аст, як қисми заминҳои кишти вилоят ба воситаи чоҳ ва насосҳои обкашӣ обёрӣ карда мешаванд.

Садорати энергетика ва стансияҳои насосии назди идораи таъминоти оби Зарафшон ҷамъ 95 истгоҳи насосӣ дорад, ки барои таъмини об ба 69,1 ҳазор гектар замин хизмат мекунад. Инчунин, дар тобеияти садорат 407 чоҳи обёрӣ мавҷуд мебошад. Аз ин чоҳҳо барои бо об таъмин кардани 11,4 ҳазор гектар замини кишт истифода мебаранд.

— Кори асосии чоҳу стансияҳои обкашӣ ба охир расиданд, — гуфт сардори шуъбаи истифодабарии садорат Баҳодур Амонов. — Акнун ходимони мо каме нафаси сабук мекашанд ва ба соли оянда тайёрӣ мебинанд. Дар доираи корҳои тирамоҳу зимистон таъмири 129 агрегати насосӣ ва 114 чоҳи обёрӣ ба нақша гирифта шуда буд. Ҳоло 39 агрегати насосӣ ва 59 чоҳи обёрӣ таъмир карда шудаанд.

Дар ноҳияи Самарқанд ҳам насосҳои обкашӣ мақоми махсус доранд. Зеро оби ҷорӣ, ки дар ин мавзеъ басанда нест, обёрии заминҳои кишт асосан ба воситаи насосҳои обкашӣ амалӣ гардонида мешавад. Ба деҳқонону хоҷагиҳои фермерии ноҳия кормандони шуъбаи «Дарғами миёна»-и Садорати энергетика ва стансия­ҳои насоси обкашии вилоят дар ноҳияи Самарқанд хизмат мерасонанд.

Ҳоло дар ҳисоби ин шуъба 7 стансияи насоси обкашӣ мавҷуд аст. Аз ин насос­ҳои обёрӣ 7‑тоаш ба ташкилоти мазкур тааллуқ дорад, 40 насоси дигар дар ҳисоби фермерон мебошад. Насосҳо иқтидори аз 350 то 1200 метри мукааб оббарорӣ доранд. Ба воситаи стансияҳои насосҳои обкашӣ коргарони шуъба ба майдони бештар аз 12 ҳазор гектар заминҳои кишт ва боғу токзори ноҳияи Самарқанд об расонида медиҳанд. Онҳо, ҳатто метавонанд дар рӯзҳои гармо ва обталаби заминҳо рӯзе дар як сония 7–8‑кубӣ об бароранд. Вале аз рӯйи тақсимоти хоҷагии оби вилоят об мебароранд ва барои гирифтани ҳосили хуби хоҷагиҳои фермериву деҳқонӣ кумак мерасонанд.

Аз рӯи нишондодҳои қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекситон аз 30‑юми декабри соли 2024 «Дар бораи чораҳои зиёд кардани маҳсулот бо истифода аз имкониятҳои иловагии майдонҳои хоҷаги қишлоқ», коргарони стансияҳои обкашии ноҳия ба ободу зебо гардонидани гирду атрофи насосҳо ҳам эътибори калон медиҳанд. Дар гирду атрофи стансияҳои обкашии «Гулистон‑1 ва 2» ниҳолҳои зиёди сафедору шамшод шинонда буданд. Дар ин ҷо шамшодҳои амрикоӣ низ қад мекашанд. Умуман, шумораи онҳо аз 800 бех зиёд шудаанд. Боми биноҳои ин стансияҳои насосии обкашӣ кӯҳна буду оби барфу борон мегузашт. Соли равон болои боми стансияҳоро тунукапӯш карданд.

Дар атрофи стансияи обкашии «Мароқанд» 35 сотих замини холӣ ҳаст. Дар он коргарони стансия токпарварӣ мекунанд. Дар 60 сотих қитъаи атрофи боргоҳи обкашии «Оҳалик» боғ барпо карданд. Дар ин боғ дарахтони гуногуни мевадеҳ нашъунамо меёбанд. Ҳосили онҳоро коргарон барои эҳтиёҷоти дохилӣ истифода мебаранд.

— Қариб дар ҳамаи стансияҳои обкашии мо гармхонаҳо ташкил карда шудаанд, — гуфт роҳбари шуъбаи «Дарғами миёна» Бозор Мавлонов. — Масоҳати онҳо аз 1 сотих сар карда, то 5 сотих аст. Коргаронамон дар ин гармхонаҳо берун аз кори асосии худ дар зимистон ба кабудикорӣ, дар тобистон ба парвариши бодрингу помидор машғул мешаванд. Ғайр аз ин, мо барои эҳтиёҷоти коргарон ду мурғхона дорем, ки дар ҳудуди стансияҳои обкашии «Гулис­тон‑2» ва «Мароқанд» бунёд карда шудаанд.

Ана ҳамин гуна корҳои намунавии онҳоро ба назар гирифта, садорат дар ин ҷо семинар ташкил кард. Дар худи ҳамон рӯз коргарони стансияҳои насосҳои обкашии ноҳия 100 бех арча, 100 бех ниҳоли олуболу ва 150 бех ниҳоли сафедор шинонданд. Дар чандин қитъаҳои замини назди насосҳо тухми исмалоқ коштанд.

Меҳмонон корҳои онҳоро аз назар гузаронида, таҷриба омӯхтанд.

Роҳбарони вилоятӣ ба Бозор Мавлонов, ки таҷрибаи 45‑солаи корӣ дорад, миннатдорӣ изҳор намуда, ба муҳандиси стансияҳои насосҳои обкашии ноҳия Содиқ Истамов, ки ба шаст медарояд, ҷома пӯшонда, ботантана ба нафақа гусел карданд.

Б.РУСТАМЗОД