Ovozi.uz

35 соли муҳташам

Инак, сию панҷ сол ин ҷониб нашрияи Шӯрои намояндагони халқ ва ҳокимияти вилояти Самарқанд – “Овози Самарқанд” чоп мешавад.

Дар ин 35 соли пур аз шебу фароз, шодию ғам, бурду бохтҳо ҷамоаи рӯзнома пайваста мекӯшанд, то овозаи “Овози Самарқанд” дар саросари ҷумҳурӣ ва дар сатҳи ҷаҳон доман паҳн кунад.

35 сол аст, ки рӯзномаи “Овози Самарқанд” чун минбари дӯстии халқҳо ва нишонаи барҷастаи эътибор ба халқу миллатҳои дигар дар Ӯзбекистон, дар таҳкими робитаи халқҳо, тараннуми рафоқат ва пайвандҳои таърихӣ, посдошти арзишҳои миллӣ, ривоҷи фарҳанг ва дар ин замина фароҳам овардани шароити мусоид барои мардуми Самарқанд ва воқиф кардани онҳо аз тағйироту дигаргуниҳои сиёсии мамлакат, дастовардҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва мадании вилоят камарбаста аст.

2020

Соли 2020 30‑юмин солгарди таъсиси «Овози Самарқанд» бо ҳамкории муассиси рӯзнома, шуъбаи вилоятии Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон, Садорати ахбор ва коммуникатсияи оммавии вилоят ва ҳайати таҳририят 15‑уми январ дар толори Донишгоҳи давлатии Самарқанд ҷашн гирифта шуда буд. Дар ин ҳамоиш, ки назирашро дар таърихи матбуот кам мушоҳида кардан мумкин аст, ҳокими ҳамонвақтаи вилояти Самарқанд, вакилони ҳокимияти вилоят, ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамоатӣ, кормандони воситаҳои ахбори омма, собиқадорони соҳа, муштариёни нашрия ва донишҷӯёни муассисаҳои таълими олӣ ҳузур доштанд.

Дар доираи чорабинӣ ба як гурӯҳ маърифатпарварон, ки дар беҳсозии мазмуну моҳият, пойгоҳи моддӣ-­техникии таҳририят, афзунсозии теъдоди муштариён, дастгирии ҳамаҷонибаи рӯзнома саҳми босазо мерасонанд, ҷоизаи «Овози Самарқанд» — «Эътибор, эътироф, эҳтиром» тақдим гардид.

Ин чорабинии мутантан ба фаъолияти бомуваффақияти минбаъдаи таҳририяти рӯзнома низ замина гузошт. Зеро, кормандони рӯзнома аз эътибор ва эътирофи ҳокимияти вилоят ва аҳли ҷомеа руҳи тоза гирифта, минбаъд низ барои ҳисса гузоштан ба рушди маънавият кӯшиш намуданд.

Ба муносибати 30‑солагии рӯзнома, китоби «Овози Самарқанд: дирӯз ва имрӯз» бо теъдоди зиёд интишор гардид. «Овози Самарқанд: дирӯз ва имрӯз» аз сарсухан ва се боб — «Аз дафтари хотироти кормандон», «Гуфторҳо дар ҳошияи «Овози Самарқанд» ва «Библиография» иборат буда, китоб аз гузашта ва вазъи кунунии рӯзномаи «Овози Самарқанд» ҳикоя мекунад ва фаъолияти сисолаи таҳририятро пеши назари хонанда чун оина намоён месозад.

Худи ҳамон сол шумораи махсуси 3000‑умини рӯзнома бо сифати баланд ва дар ҳаҷми 12 саҳифа чоп гардид. Инчунин, таҳти рукни «Минбари муҳаррир» мақолаи пурмӯҳтавои сармуҳаррири рӯзнома, доктори илмҳои фалсафа доир ба фалсафа Баҳодур Раҳмонов бо номи «Боздиди 3000‑умин…» ва мақолаҳои дигар муштариёни дилсӯзи рӯзнома чоп шуд.

Дар соли 2020 қариб тамоми ҷаҳон ба пандемия рӯй оварда бошад ҳам, рӯзномаи «Овози Самарқанд» аз ҷустуҷӯву пешравиҳо боз наистод. Пас аз авҷи бемории коронавирус дар корхонаву ташкилотҳо тарзи фосилавии корбарӣ роҳандозӣ гардид ва ҳама хонанишин шуданд.

Маҳз дар ҳамин даври «хонанишинӣ» бо мақсади пурмазмун, хубу хотирмон гузаронидани вақти холии ҳамватанон, инчунин бахшидани ғизои маънавӣ ба муштариёну мухлисони шабакаҳои «Овози Самарқанд» лоиҳаи «Дар хона монед ва аз суруди мо баҳраманд шавед» роҳандозӣ гардид.

Дар доираи лоиҳаи мазкур қариб 100 нафар сарояндагони хушовоз, маҳбубу маъруфи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таронаҳои дилкашу ҷаззоби худ иштирок карда, сурудҳои тозаи худро пешкаш карданд ва бо ташаккурномаҳо сарфароз гардиданд.

Инчунин дар ин давра фаъолияти радиои онлайнии «Овози Самарқанд» ба роҳ монда шуд.

2021

Соли 2021 аз ҷониби ҷамоаи эҷодии таҳририяти рӯзномаи «Овози Самарқанд» таҳти рукни “Аз китобхонаи “Овози Самарқанд” китоби пурмӯҳтавои «Армуғон»-и журналисти шинохта, номзади илмҳои филологӣ, шодравон Ғафурҷон Маҳмудов ва адиби забардаст Адаш Истад бо талаботи хонандагони сершумор дубора рӯи чоп омад. Маводи пурқимати китоб бо се завбон — тоҷикиву ӯзбекӣ ва русӣ навишта шудааст.

Ҳамон сол бо ташаббуси «Овози Самарқанд» 110-солагии шоир, адиб, драматург ва арбоби давлатӣ — Абдусалом Деҳотӣ таҷлил гардида, дар маҳаллаи Боғимайдони шаҳри Самарқанд кӯчае ба номи ӯ аз нав гузошта шуд.

Бахшида ба Рӯзи хотира ва қадршиносӣ бо ҳамкории Музей-мамнӯъгоҳи давлатии Самарқанд, таҳририяти “Овози Самарқанд”, Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷик ва тоҷикзабонони вилоят ва ширкати “Душанбе-наво” шоми назму навои “Ушшоқи Самарқанд” гузаронида шуд. Дар чорабинӣ санъаткорони хушхони самарқандӣ, пайравони санъати устод Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов, аз ҷумла Ҳунарманди халқии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон Мардон Мавлонов, ҳунарпешагони бомаҳорат Асадулло Атоуллоев, Ҳасан Нуруллоев, Фарҳод Ҳалимов, Ихтиёр Султонов ва Иноятулло Раҳмонов суруд хонданд.

Дар Маркази ахбор-китобхонаи ба номи А.Пушкини вилоят бо ташаббуси рӯзномаи “Овози Самарқанд” бо ҳамкории Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷик ва тоҷикзабонони вилоят ба муносибати 105-солагии шоири Ватандӯст Ҳабиб Юсуфӣ таҳти мавзӯи “Ишқи Ватан дар дилам…” чорабинии адабӣ баргузор гардид.

Дар идомаи чорабинӣ ба ғолибони озмуни “Ватан ҳарчи хоҳад, адо мекунем!”, ки бо ташаббуси таҳририяти “Овози Самарқанд” ташкил гардида буд, диплом ва тӯҳфаҳои хотирмон супорида шуд. Инчунин, мухбирони ҷамоатӣ ва ҳамкорони фаъоли рӯзнома бо ташаккурнома ва тӯҳфаҳо сарфароз гардиданд.

Ғайр аз ин, ҷамоаи рӯзнома бахшида ба 105-солагии Ҳабиб Юсуфӣ китоби “Зи ишқи Ватан ҷӯш дорад дилам”-и шоирро чоп кард. Мураттибони китоб Баҳодур Убайдуллоҳ ва Дилшоди Фарҳодзод мебошанд ва дар он мунтахаби ашъори шоир гирдоварӣ шудааст. Китоби мазкур бо кумаки моддии марди маърифатпарвар, инсони фарҳангдӯсту худшинос, шодравон Беҳрӯз Маъруфӣ дар нашриёти «Қалам» бо теъдоди 500 нусха чоп гардид. Боиси эътироф аст, ки ин нахустин китоби Ҳабиб Юсуфӣ мебошад, ки дар зодгоҳаш – Самарқанд нашр гаштааст.

Таҳририяти «Овози Самарқанд» дар зинаи вилоятии озмуни “Аз ҳама бузург, аз ҳама азиз” иштирок кард. Дар номинатсияи “Маводҳои пурдолузарбе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва нашрияҳои интернетӣ эълон гардидааст”-и озмун Ҷамоаи веб-сайти расмии ovozi.uz-и рӯзномаи “Овози Самарқанд” ҷойи дуюмро ба даст овард ва бо диплому тӯҳфаҳо қадрдонӣ гардид.

2022

Соли 2022 бо ҳамкории таҳририяти “Овози Самарқанд” ва Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ дар ноҳияи Самарқанд ба муносибати Рӯзи байналмилалии зан ва духтарон озмуни “Месароям шеър дар васфи ту, модар” гузаронида шуд. Дар он беш аз 100 нафар донишомӯзон аз вилоятҳои Самарқанд, Сурхондарё, Қашқадарё, Фарғона ва Навоӣ ширкат варзида, истеъдоди шеърхонии худро намоиш доданд.

Ғолибон аз рӯи номинатсияҳои “Қироати беҳтарин”, “Суруди беҳтарин”, “Сюжети беҳтарин” ва “Қироати беҳтарин миёни хурдсолон” муайян гардида, бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои таҳририяти рӯзнома сарфароз карда шуданд.

Дар ин сол озмуни “Ватан – ягонаву муқаддас!” низ ҷамъбаст ва ғолибони он қадрдонӣ гардиданд.

Дар кӯчаи ба номи Рӯдакии шаҳри Самарқанд муҷассамаи сардафтари адабиёти мумтози форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ қад афрохт. Дар маросими кушодашавии он шоиру нависандагон, олимон ва роҳбарону фаъолони вилоят иштирок карда, ба ташаббускорони амали хайр – мутасаддиёни ҳокимияти вилоят, Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷик ва тоҷикзабонони вилоят, инчунин рӯзномаи вилоятии “Овози Самарқанд” сипос гуфтанд. Ҳамчун давоми мантиқии ин кори хайр, бо ташаббуси рӯзномаи “Овози Самарқанд” ва сарпарастии ҳокимияти вилоят китоби “Рубоиёт”-и Рӯдакӣ, ки рубоиёти шоирро дар ду забон – тоҷикӣ ва ӯзбекӣ фаро мегирад, ба табъ расид.

Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангии “Роҳи абрешим” бо ибтикори рӯзномаи “Овози Самарқанд” ба муносибати 130-солагии олими забоншиносу адабиётшинос, фолклоршиносу луғатдон Тӯрақул Зеҳнӣ анҷумани илмии байналмилалӣ гузаронида шуд.

Ғайр аз ин, дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов бахшида ба хотираи дурахшони адабиётшиноси маъруф, донишманди заковатманд, журналисти бомаҳорат Ғафурҷон Маҳмудов дар мавзӯи “Эҳтиром ба муаллим ва муҳаррир” анҷумани байналмилалии илмию амалӣ баргузор гардид. Ҳокимияти вилояти Самарқанд, Донишгоҳи давлатии Самарқанд ва таҳририяти рӯзномаи “Овози Самарқанд” ташкилкунандагони чорабинӣ буданд.

Ҳамон сол дар Маркази ахбор-китобхонаи ба номи А.Пушкини шаҳри Самарқанд бо ташаббуси рӯзномаи вилоятии “Овози Самарқанд” тақдимоти китоби “Аз ишқи ту то ишқи Ҳақ…”-и шоир Хоҷа баргузор гардид. Китоби мазкур аз ҷониби таҳририяти “Овози Самарқанд” дар нашриёти «Қалам» бо теъдоди 500 адад чоп гардид.

2023

Дар соли 2023 озмунҳои “Тараннуми дӯстӣ” ва “Афсонаи дунёӣ, Самарқанд” гузаронида шуданд.

Дар Маркази ахбор-китобхонаи ба номи А.Пушкини вилоят бахшида ба 70-солагии нависанда, адиби ҳаҷвнигор, узви Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Бахтиёри Ҷумъа чорабинии адабӣ дар мавзӯи «Адибе, нуктадоне, розҷӯе…» ва тақдимоти китоби «Дардханда», ки ба ин муносибат таҳти рукни “Аз китобхонаи “Овози Самарқанд” рӯйи чоп омад, баргузор гардид.

Дар чорабинӣ, ки бо ташаббуси рӯзномаи “Овози Самарқанд” дар ҳамкорӣ бо Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷик ва тоҷикзабонони вилоят гузаронида шуд, намояндагони давлатӣ ва ҷамоатӣ, аҳли адаб, таҳсилгирандагони муассисаҳои таълими олӣ ва мактабҳои ҳамагонӣ иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки китоби мазкур бо теъдоди 300 нусха чоп шуда, дар китоб мақолаҳо, шеърҳо ва хотираҳои дигарон дар бораи Бахтиёри Ҷумъа ҷамъоварӣ шудаанд.

Инчунин, ҳамон сол китоби нахустини рӯзноманигори собиқадор Мирсафо Камолӣ бо номи «Ҳар субҳу шом ғанимат» таҳти рукни «Аз китобхонаи «Овози Самарқанд» дар нашриёти «Қалам» бо теъдоди 200 нусха интишор шуд. Дар он мақолаву шеърҳои беҳтарини Мирсафо Камолӣ ва шеърҳои ба ӯ бахшидашуда ҷамъоварӣ шудаанд.

2024

Соли 2024 рӯзнома аксияи «Китоб тӯҳфа мекунем!»-ро баргузор ва дар доираи аксия ба мактабҳои вилоят зиёда аз 100 китоб тӯҳфа намуд. Бо ибтикори рӯзнома тақдимоти китоби “Тарбияи чилсола”-и Баҳодур Раҳмонов таҳти мавзӯи «Номи дуюми бахт — шукрона» гузаронида шуд. Инчунин, 75-солагии ҳаҷвнигори хушсалиқа Маҳбуба Турсунова, 100-солагии нависандаи маъруф Болта Ортиқов ва 80-солагии шоири маъруф Хуршед Қамар таҷлил гардид.

Таҳририят ба қариб 20 нафар шунавандагони “Мактаби маҳорат”, ки тӯли шаш моҳ аз журналистони варзида сирру асрори рӯзноманигориро омӯхтанд, сертификатҳо тақдим намуд.

Рӯзнома ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти унвони «Ин Ватани азиз — аз они ҳамаи мо!» бо ҳамкории Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷик ва тоҷикзабонони вилоят ва маъмурияти Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов чорабинии маънавӣ баргузор намуд.

Дар чорабинӣ як гурӯҳ фаъолони ҷамъиятӣ, намояндагони ҳокимияти шаҳру ноҳия, профессор-омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Самарқанд иштирок намуданд.

Ғайр аз ин, дар ин сол китоби “Дилрушноӣ”-и шоир Фозил Шукурӣ таҳти рукни “Аз китобхонаи “Овози Самарқанд” дар 500 нусха ба табъ расида, тақдимоти он ба тарзи мутантан гузаронида шуд.

2025

Дар соли ҷорӣ ҳам кормандони рӯзнома кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки саҳифаҳои рӯзномаро ҷолибтару муҷаллотар ба мутолиа пешниҳод намоянд. Хусусан, вақте ки ба фаъолияти имсолаи рӯзнома назар меафканем, дар самти шабакаҳои иҷтимоии он тағйироти бузургро мебинем. Яъне, имсол тарҳи веб-сайти ovozi.uz батамом дигар ва замонавитар гардида, ба он рукнҳои нав илова шуданд. Инчунин, дар веб-сайти ovozi.uz китобхонаи электронии рӯзнома ба роҳ монда шудааст, ки хонандагон метавонанд аз шакли электронии китобҳои таҳти рукни «Аз китобхонаи «Овози Самарқанд» интишоршуда истифода баранд.

Дар натиҷаи ислоҳоти шабакаҳои иҷтимоии рӯзнома, дар саҳифаҳои Telegram, Facebook, YouTube, Instagram ва веб-сайт теъдоди муштариёни он аз 45 ҳазор нафар зиёд шуд.

Рӯзнома анъанаи интишори китобҳоро имсол низ идома дода, маҷмӯаи ҳикояҳои адиб ва рӯзноманигор Тошқул Азимзодаро дар ду забон: тоҷикӣ ва ӯзбекӣ бо номи “Ҳикмати дидор/Дийдор ҳикмати” дар 500 нусха нашр кард. Дар Маркази ахбор-китобхонаи вилоят 75-солагии Тошқул Азимзода ва тақдимоти китоби ӯ зери шиори «Бо садоқат зиндагонӣ беҳтар аст!» гузаронида шуд.

Чи гунае, ки рӯзнома дар 30-солагии худ китоби пурмӯҳтавои “Овози Самарқанд”: дирӯз ва имрӯз”-ро интишор намуда буд, дар 35-солагӣ ҳам китоби дигар — “Овози Самарқанд”: аз дидаҳо, шунидаҳо”-ро интишор намуд.  Дар ин китоб воқеаву ҳодисаҳои хотирмон ва ибратангезе, ки ба таҳририяти рӯзнома бевосита вобастагӣ доранд, ҷамъ оварда шудааст. Онҳо ба қалами аҳли эҷоди Самарқанд, кормандони таҳририят ва муштариёни рӯзнома тааллуқ дошта, дар бораи гузаштаву имрӯзи “Овози Самарқанд” нақл мекунанд. Ҳангоми хондани ин китоб хонанда дар баробари дарк намудани меҳнату машаққати рӯзноманигорӣ, барои худ хулосаҳои ҳаётӣ низ мебарорад. Ғайр аз ин, ҳоло китоби «Нақши даҳ қалам», ки намунаи эҷоди даҳ нафар эҷодкори ҷавони Самарқандро фаро гирифтааст ва албом-журнал, ки фаъолияти 35-солаи рӯзномаро дар худ акс кунондааст, омодаи чоп мебошанд.

Имсол низ бо ибтикори рӯзнома якчанд чорабиниҳои илмӣ-адабӣ баргузор гардиданд. Аз ҷумла, дар Маркази ахбор-китобхонаи ба номи А.С.Пушкини вилоят бахшида ба ёдбуди ҷадиди самарқандӣ, рӯзноманигор, нависанда, шоир ва драматург Ҳоҷӣ Муин Шукруллозода чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. “Овози Самарқанд” яке аз ташаббускорони ин чорабинӣ буд.

Дар китобхонаи мазкур бо ҳамкории бахши Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ дар вилояти Самарқанд бахшида ба мазмуну моҳияти таълимоти Имом Мотуридӣ ва аҳамияти он таҳти шиори «Мотуридия — муборизаи маърифат бар зидди ҷаҳолат» чорабинии илмӣ-адабӣ низ гузаронида шуд.

Илова бар ин, тӯли 5 соли охир дар саҳифаҳои рӯзнома мақолаҳои таҳлилӣ, танқидӣ ва адабӣ, ки набзи ҳаёти иҷтимоии ҷомеаро инъикос менамоянд, пайваста интишор гардиданд. Зиёда аз 500 китоб ба мактабҳо, муассисаҳои таълими олӣ, маҳаллаҳо ва ташкилотҳои ҳамкор ройгон тақсим карда шуд.

Дар ин муддат қариб даҳ нафар ходими рӯзнома ба Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон пазируфта шуданд.

Таҳририяти «Овози Самарқанд» дар арафаи таҷлили ҷашни 35-солагии таъсиси рӯзномаи дӯстдоштаамон ба тамоми шахсоне, ки то имрӯз бо ҷамоаи таҳририят ҳамкорӣ доштанд, ҳамдаму ҳамроҳ буданд ва ҳамеша дар дил меҳри «Овози Самарқанд»-ро доштанд, инчунин баҳри тарғибу ташвиқи ин оинаи фарҳанги бузург заҳмат кашидаанд, изҳори миннатдорӣ менамояд.

Ҳасан СУЛАЙМОНӢ