Рӯзе ҳамроҳи як гурӯҳ ҳамкасбон ба ҷашни зодрӯзи духтари ҳамкорамон Озод Ҳамидзода — Фарзонабону ҳамроҳи сармуҳаррири ҳамонвақтаи рӯзнома Ғафурҷон Маҳмудов бо мошини Зоҳир Ҳасанзода ба роҳ баромадем. Дар кӯча дидам, ки шохи дарахтонро мебуриданд. Барои он ки хомӯшии дохили мошинро халалдор кунам, гуфтам:
— Дар Самарқанд ҳам дарахтонро кал мекардаанд-дия?!
Якбора Ҳасанзода шӯрида мошинро нигоҳ дошт:
— Ҳӯй, ҷӯра, акнун ман ҷонишини сармуҳаррир гуфта, ҳамаро ҳаққорат кардан мегиред-мӣ?
Ҳама карахт. Намедонистанд чӣ гӯянд? Ман ҳам ҳайрон, охир ягон сухани беҷо нагуфта будам. Ҳасанзода сарпӯши аврупоии худро аз сар гирифта:
— Шумо дарахт гуфта, маро дар назар доред? Маро кал мегӯед-а?! — гуфта баланд хандиданд.
Ҳама баробар хандидем. Ҳоло ҳам дарахтони шохбуридаро бинем, Ҳасанзода аз ман мепурсанд, ки ин дарахтонро чӣ мегӯянд?
Ман ҳам, ки акнун ба мутоибаҳои самарқандӣ одат кардаам, бо ханда мегӯям:
— Кал!
Асадуллоҳ ИСМОИЛЗОДА
©️ Аз китоби «Овози Самарқанд: аз дидаҳо, шунидаҳо»
