Ovozi.uz

SIUT ва коорпоратсияи China Datang самтҳои афзалиятноки ҳамкории амалиро муайян карданд

Дар Донишгоҳи байналмилалии технологии Самарқанд (SIUT) бо ҳайати ширкати China Datang, яке аз бузургтарин корпоратсияҳои энергетикии Чин мулоқоти расмӣ баргузор гардид. Ба ҳайати вакилон директори генералии корпоратсия оид ба сармоягузории хориҷӣ Чжоу Юанлун сардорӣ кард. Дар вохӯрӣ инчунин саҳҳомони ин корпоратсия ва намояндагони ширкати «Datang Buka New Energy Development» иштирок намуданд.

Дар музокираҳо ректори донишгоҳи SIUT, профессор Юсуф Абдуллоев, инчунин намояндагони роҳбарияти донишгоҳ ва доираҳои илмии он ширкат варзиданд. Аз ҷумла, проректор оид ба корҳои илмӣ, доктори илмҳои техникӣ, профессор Тулкун Самуқов, директори Маркази таълимии дуал (дуҷониба), доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Нозир Ибрагимов ва декани Донишкадаи энергетикии Чин, ки дар назди SIUT фаъолият дорад, профессор Ли Синчан низ ширкат варзида, пешниҳоду эродҳои худро иброз доштанд.

Дар оғози мулоқот Юсуф Абдуллаев қайд кард, ки ҳамкориҳо бо Чин дар чаҳорчӯби ташаббуси «Як макон, як роҳ» пайваста ривоҷ ёфта, ин ҳамкорӣ на танҳо ба тарбияи насли нави муҳандисон, балки ба бунёди пулҳои мустаҳкам байни донишгоҳ ва саноат хизмат мекунад.

Намояндагони China Datang роҳи ҳамгироии пайвастаи SIUT-ро дар арсаи байналмилалӣ баҳои баланд дода, донишгоҳро ҳамчун як маркази муҳими илмию таълимӣ, ки кадрҳои энергетикии оянда омода мекунад, эътироф карданд.

Ҷонибҳо самтҳои зерини афзалиятноки ҳамкории мутақобиларо муайян карданд:

— ҳамкорӣ дар соҳаи энергияи барқароршаванда (стансияҳои барқи офтобӣ ва шамолӣ, системаҳои нигоҳдории энергия);
— ташкил намудани маркази илмӣ-техникии муштарак роҷеъ ба инноватсияҳои барқӣ дар Самарқанд;
— ташкили амалиёт ва таҷрибаомӯзӣ барои донишҷӯёни SIUT дар лоиҳаҳо ва иншооти China Datang;
— ҷалби фаъолонаи донишҷӯён ва профессорони SIUT дар барномаҳои таълимии байналмилалӣ.

Дар поёни музокироти «SIUT — China Datang» ҷонибҳо омодагии худро барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои дарозмуддат дар соҳаҳои маориф, илм ва энергетика изҳор намуданд.