Ovozi.uz

Ба қисмати инсонҳо бефарқ нест

Мо бо Ифтихор Раҳимов пасу пеш ба воя расида, дар як мактаб ва факултет таҳсил гирифта, дар ташкилоти ҷавонон, ҳокимияти ноҳияи Самарқанд ва иттифоқҳои касаба, бунёди «Маҳалла» дар вазифаҳои гуногун ҳамроҳ фаъолият пеш бурдаем.

Вай дар оилаи зиёиён — омӯзгорони мактаб таваллуд шуда, бисёр хислатҳои неки инсониро аз онҳо омӯхтааст ва ихтисоси худаш низ муаллимӣ аст.Гӯё дирӯзакак буд, ки мо супоришҳоро бо шавқу масъулият иҷро мекардем.

Ифтихор Раҳимов ҳангоми кори пурсамар дар ин ташкилоту муассисаҳо таҷрибаи калон андӯхт ва ҳоло вазифаи заҳматталаби ташкилотчии масъули шӯъбаи вилоятии Шӯрои ҷумҳурии иттифоқҳои касабаи ходимони таълим, илм ва маданиятро сарбаландона иҷро мекунад ва сазовори дастовардҳои назаррас гардидааст. Чунки Ифтихор Раҳимов дар куҷое кор кунад, қобилияти ташкилотчигиашро истифода бурда, ҳамкоронро сари як мақсад муттаҳид намуда, вазифаҳоро саривақт иҷро мекунад. Вай дар ин бора кам ҳарф мезанад, вале одамон солҳо гузаранд, ҳам ҳеҷ чизро фаромӯш намекунанд. Шояд аз ҳамин сабаб дар ҳокимияти ноҳияи Самарқанд, ташкилоти ҷавонони мактаби рақами 16, шӯъбаи ноҳиявии бунёди «Маҳалла» Ифтихор Раҳимовро ҳамон ҳурмат мекунанд. Чунки худи ӯ низ ба қисмати инсонҳо бефарқ нест. Ҳеҷ як шахси корафтода аз назди Ифтихор Раҳимов ноумед шуда намебарояд. Вай барои ҳалли муаммоҳояшон то ҳадди имкон кӯшиш мекунад.Ифтихор Самадович дар ҳамкорӣ бо ҳокимият ва ташкилоти ҷавонони ноҳияи Самарқанд ҳифзи иҷтимоии иштирокчиёни ҷанги афғонро таъмин намуд, ба хотираи шаҳидони ин ҷанг пос гузошт. Вай, инчунин, барои таъмини шуғли заноне, ки ба рӯйхати «Дафтари занон» дохил карда шудаанд, ҳиссаи арзанда ҳамроҳ кард. Шояд аз сабаби он ки Ифтихор Самадович инсонҳоро қадр ва ҳамеша ба ҳаёту душвориҳои онҳо мароқ зоҳир мекунад, вайро ба яке аз вазифаҳои пурмасъули иттифоқҳои касаба пешниҳод ва бо як овоз интихоб карданд.

Ҳоло зери роҳбарии Ифтихор Самадович якчанд нақшаҳои муҳим дар самти ҳимояи манфиатҳои ходимони маориф, беҳтарсозии шароити меҳнат ва мусоидат ба рушди касбӣ ва маънавии онҳо амалӣ мешаванд. Ифтихор Раҳимов ҳамеша ҷонибдори навовариҳо ва беҳбудии соҳаи маориф буда, кӯшиш мекунад, ки ҳар як мушкилотро бо дониш ва таҷриба ҳал кунад.

Фаъолияти меҳнатии Ифтихор Самадовичро борҳо қадр намудаанд. Ифтихор Раҳимов Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон аст. Ду маротиба депутати Шӯрои намояндагони халқи ноҳияи Самарқанд интихоб шудааст. Ифтихор Самадович шахсияти шинохтаест, ки бо меҳнати пайваста, муносибати инсондӯстона ва масъулияти баланд байни ҳамкорон ва дар ҷомеа мақоми сазовор пайдо кардааст.

Фаъолияти Ифтихор Самадович танҳо бо доираи вазифаҳои расмӣ маҳдуд намешавад.

— Оила дар ҳаёти ҳар як инсон макони муҳимтарин ва муқаддастарин аст, ки ба одам нерӯи зиндагӣ мебахшад. Бо расидан ба синни пурифтихори 60‑солагӣ, мо фахр мекунем, ки чунин инсон на танҳо ҳамчун корманди соҳаи маориф ва иттифоқҳои касаба, балки ҳамчун сардору узви обрӯманди оила намунаи ибрат мебошанд. Падарам барои мо на танҳо намунаи ибрат, балки манбаи муҳаббат, сабр ва қувват ҳастанд, — гуфт писари хонадон Фирӯз Раҳимов.

Ифтихор Самадович Раҳимов 60 сола шуд. Мо дӯсти худро аз номи ҳамкорону ҳамдеҳаҳо бо ин санаи умр самимона табрик гуфта, барояш аввало тансиҳатӣ, умри дароз ва муваффақиятҳои нав ба нав орзумандем.

Садриддин АСЛИДДИНОВ, аълочии маорифи халқи Ӯзбекистон