27-уми сентябр Рӯзи ихтирои системаи ҷустуҷӯии Google аст. Гарчанде таърихи аслии таъсиси он чанд марҳиларо дар бар мегирад, маҳз ин сана ҳамчун рӯзи расмии ихтирои он пазируфта шудааст.
15-уми сентябри соли 1997 номи домени “google.com” ба қайд гирифта шуд. 7-уми сентябри соли 1998 ширкати “Google Inc” расман таъсис ёфт. Соли 2000 худи ҷустуҷӯгар фаъолияти пурраи худро оғоз кард.
То соли 2006 ширкати “Google” санаи пайдоишашро дар рӯзҳои гуногун ҷашн мегирифт, вале баъдан 27-уми сентябрро ҳамчун санаи ягона интихоб намуд.
Таърихи ин ширкати ҷаҳонӣ аз миёнаи солҳои 1990 сарчашма мегирад. Ду донишҷӯи Донишгоҳи Стэнфорд – Ларри Пейҷ ва Сергей Брин аввалин прототипи ҷустуҷӯгареро бо номи BackRub сохтанд, ки аҳамияти сомонаҳоро аз рӯи истинодҳои бозгашт арзёбӣ мекард. Баъдан барои номи нав аз калимаи “googol” – рақаме, ки аз воҳид ва сад сифр иборат аст, илҳом гирифтанд. Бо хатои тасодуфӣ “Google” навишта шуд ва ҳамин навишт номи расмии ширкат гардид.
Дар охири солҳои 1990 созандагон ният доштанд лоиҳаро ба дигарон фурӯшанд, аммо ин кор амалӣ нашуд ва Google ба бузургтарин ҷустуҷӯгари интернетӣ табдил ёфт.
Ширкат бо харидории платформаҳои бузург, аз ҷумла “YouTube”, “Motorola Mobility” ва лоиҳаи “Earth Viewer” фаъолияти худро васеъ намуд. Соли 2015 “Google” ба сохтори нави холдинги “Alphabet Inc.” дохил шуд.
