Ovozi.uz

Бахт дар паҳлӯямон

Гурбаи пири доно болои алаф мехобид ва дар зери шуои офтоб гарм мешуд. Ҳамин вақт аз паҳлӯи вай гурбачаи хурди чаққоне давида гузашт. Вай ғелзанон гирди гурба бошитобу шӯхона меҷаҳид ва давродаври ӯ ба давидан даромад.

— Ту чӣ кор мекунӣ? – танбалона пурсид гурба.

— Ман думи худро доштан мехоҳам! – нафасгардон шуда, ҷавоб дод гурбача.

— Барои чӣ? – хандид гурба.

— Ба ман гуфтанд, ки дум бахти ман аст. Агар ман думи худро дорам, бахти худро медорам. Ана ҳамин тавр ман се рӯз боз аз пайи думи худ метозам. Вале вай доимо аз дасти ман лағжида мегурезад.

— Ҳа, — хандид гурбаи пири доно. – Як вақтҳо ман ҳам ҳамин хел мисли ту аз паси бахти худ метохтам, вале вай фақат аз дасти ман раҳо мешуд. Ман аз баҳри ин кор баромадам. Баъди чандин вақт фаҳмидам, ки аз паси бахт давидан маъние надорад. Вай доимо аз паси ман меояд. Ман дар куҷое набошам, бахти ман доимо ҳамроҳам мебошад, танҳо инро дар хотир доштан лозим аст.

©️ «Ҳафт бор афтӣ, ҳашт бор хез!». Дар таҳия ва тарҷимаи Бахтиёри Ҷумъа ва Нарзипӯлод Саидова