Имрӯз дар майдони Регистон байни кӯдакони аз 3 то 11-сола аз рӯи намуди «KIDS RUN» дар доираи марафони анъанавии байналмилалии хайриявии «Samarkand Marathon-2025» пойгаҳо баргузор шуданд.
Марафончиёни ҷавон ба масофаҳои 60, 300, 600 ва 1000 метр давиданд.
Дар мусобиқаи асосии марафон, ки фардо, 9-уми ноябр дар Самарқанд баргузор мешавад, аз 40 кишвари ҷаҳон беш аз 8000 нафар иштирок хоҳанд кард.
Иштирокчиён дар масофаҳои 5, 10, 21,1 ва 42,2 километр қувваозмоӣ мекунанд.
Ташкилотчиён барои давидан ба масофаи 42,2 километр барои ҷои якум 30 миллион сӯм, барои ҷои дуюм 25 миллион сӯм ва барои ҷои сеюм 20 миллион сӯм мукофотпулӣ эълон кардаанд.
Дар доираи марафон барои гурӯҳҳои синну соли гуногун ва байни маъюбон низ пойга ташкил мегардад.
