Ovozi.uz

Эҳтиром ба кормандони соҳаи тиб

Ҳар сол дар кишварамон дуюмин якшанбеи моҳи ноябр Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат дар ҳокимияти вилояти Самарқанд чорабинии идона ташкил када шуд. Дар он собиқадорон, духтурону парасторон, ки солҳои зиёд дар соҳаи тиб фаъолият намудаанд, инчунин намояндагони корхонаю ташкилотҳои гуногун ширкат варзиданд.

Дар чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев қайд кард, ки имрӯз дар мамлакатамон таъсиси низоми хизматрасонии тиббии баландсифат вазифаи аввалиндараҷа мебошад. Солҳои охир ба туфайли ислоҳоти васеъмиқёс, ки амалӣ мегарданд, ба ҳар як маҳаллаю хонадон даромадани системаи хизмати тиббии ихтисоснок таъкид гардид. 

— Имрӯзҳо дар соҳаи тиббиёти Ӯзбекистон ислоҳот дар асоси муносибатҳои комилан нав сурат мегирад. Мақсади асосии ҳама талошҳо розӣ кардани мардум ва ҳифзи саломатии онҳо мебошад, — гуфт роҳбари вилоят.

Дар поёни чорабинӣ як гурӯҳ кормандони соҳаи тиб бо нишони сарисинагии «Аълочии ҳифзи тандурустӣ» ва «Посбони тандурустии халқ»-и Вазорати ҳифзи тандурустӣ, ифтихорномаву туҳфаҳои хотиравии ҳокими вилоят сарфароз гардонида шуданд.