Ovozi.uz

Чорабинии ЮНЕСКО роҷеъ ба омодагӣ барои ҷорӣ намудани технологияҳои зеҳни сунъӣ дар Самарқанд

Рӯзи 7-уми ноябр дар вилоятамон бо ҳамкории ЮНЕСКО дар бораи арзёбии омодагии Ӯзбекистон барои ҷорӣ намудани технологияҳои зеҳни сунъӣ (ЗС) суҳбати мизи мудаввар гузаронида шуд. Чорабинӣ дар доираи сессияи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО ташкил гардид.

Дар он лоиҳаи тадқиқот роҷеъ ба арзёбии омодагии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ (Readiness Assessment Methodology) бо ҳамкории ЮНЕСКО тақдим карда шуд. Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои илмӣ ва коршиносони бонуфузи соҳаи зеҳни сунъӣ ширкат варзиданд.

Дар маросими ифтитоҳ ҷонишини Вазири технологияҳои рақамӣ Рустам Каримҷонов ва директори оид ба Биоэтика ва этикаи технологияи Сардафтари ЮНЕСКО Дафна Фейнҳолз ба сухан баромаданд. Онҳо ба масъалаҳои масъулиятнок ва аз ҷиҳати ахлоқӣ ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ эътибори махсус доданд.

Дар рафти чорабинӣ натиҷаҳои асосии пажӯҳишҳои коршиносони байналмилалӣ ва миллӣ аз ҷониби иштирокчиён муаррифӣ гардида, дар шакли саволу ҷавоб баррасӣ шуданд.

Натиҷаҳои лоиҳаро Марк Антон Дилҳак, коршиноси байналмилалии ЮНЕСКО, ки куратори соҳаи этикаи зеҳни сунъӣ ва омодагӣ ба татбиқи он мебошад, муаррифӣ кард.

Бояд қайд намуд, ки дар кишварамон ислоҳоти системавӣ бо мақсади мусоидат ба рушду ҷорӣ намудани васеъи зеҳни сунъӣ пайваста идома меёбад.