Муносибати расмӣ
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ вобаста ба ташаббуси вобаста кардани дарахтон ва ҳудудҳои сабзи шаҳри Самарқанд ба муассисаҳои таълими олӣ маводҳо бо шарҳҳои гуногун нашр мешаванд. Вобаста ба ин ҳолат маълумоти зеринро пешниҳод менамоем.
Ин тавсия зимни вохӯрии роҳбари вилоят бо ректорони муассисаҳои таълими олӣ таъкид гардида, мақсади асосии он ҷалби донишҷӯён ба меҳнати ҷисмонӣ нест. Баръакс, мақсад истифодаи самараноки иқтидори илмии муассисаҳои таълими олӣ, факултетҳо ва кафедраҳои соҳавӣ, инчунин роҳандозии назорати ҷамоатӣ мебошад.
Имрӯз дар кӯчаҳои шаҳр бар асари бемориҳои гуногун, ҳашароти зараррасон ва як қатор омилҳои дигар, аз ҷумла муносибати нодурусти агротехникӣ, баъзе дарахтон осеб дида, хушк мешаванд. Дар ҳалли чунин мушкилот истифодаи равиши илмӣ ва такя ба хулосаю тавсияҳои мутахассисон аҳамияти калон дорад.
Аз ин рӯ, дар вохӯрӣ бо ректорон пешниҳод гардид, ки фаъолияти илмӣ-тадқиқотии омӯзгорон, муҳаққиқони ҷавон ва донишҷӯёне, ки дар самтҳои биология, экология, агрономия, хокшиносӣ ва дизайни ландшафт таҳсил мекунанд, бо мушоҳидаҳои амалӣ дар муҳити шаҳр мутобиқ гардонида шавад.
Дар доираи ин раванд донишҷӯён ва олимони ҷавон метавонанд ҳолати дарахтонро омӯзанд, мониторинг гузаронанд, нишонаҳои бемориҳо ва ҳашароти зараррасонро дар марҳилаҳои аввал муайян намуда, хулосаҳо ва тавсияҳои илмӣ таҳия кунанд. Ҳама корҳои агротехникӣ ва ҷисмонӣ бошад, аз ҷониби ташкилотҳои дахлдори коммуналӣ ва ободонӣ иҷро карда мешаванд.
Бояд таъкид намуд, ки ин ташаббус ба таҳкими ҳамкории муассисаҳои илмӣ, ҳокимияти маҳаллӣ ва хадамоти ободонӣ равона шудааст.
Ҳамчунин, равиши мазкур барои донишҷӯён заминаи босифати таҷрибаомӯзӣ фароҳам оварда, ба баланд шудани самаранокии амалии таҳқиқоти илмӣ ва таҳияи роҳҳалҳои муосир ҷиҳати ҳифзи фонди сабзи шаҳр мусоидат мекунад.
Ҳокимияти вилояти Самарқанд хабар медиҳад, ки ҳангоми татбиқи ҳар гуна ташаббус риояи қатъии талаботи қонунгузорӣ, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва роҳ надодан ба меҳнати маҷбурӣ ҳатман таъмин карда мешавад.
