Ovozi.uz

Ҷоми ҷаҳон: натиҷаи бозиҳои охир

Шветсария бо буридани Канада аз ба марҳилаи баъдӣ баромад. Қатар Ҷоми ҷаҳонро тарк кард Дар бозиҳои охири марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон, ки имшаб оғоз шуданд, дастаҳои ҳар гурӯҳ дар як вақт рақобатҳои худро баргузор мекунанд.

Аввалин шуда дастаҳои гурӯҳи «В» бозиҳои худро дар як вақт оғоз карданд, ки дар он Канада, яке аз се мизбони Ҷоми ҷаҳон бо Шветсария ва Қатар бо Босния ва Ҳерсеговина рӯ ба рӯ шуд.

Футболбозони Шветсария бо ҳисоби 2 бар 1 Канадаро мағлуб карда, бо 7 хол аз зинаи аввали ин гурӯҳ ба марҳилаи 1/16-ниҳоӣ рафтанд. Канада ҳам бо вуҷуди нокомӣ, бо 4 холе, ки аз ду рақобати қаблияш ба даст оварда буд, роҳхати даври баъдиро соҳиб шуд.

Дидор дуввуми гурӯҳи «В» миёни Қатар ва Босния бо натиҷаи 1 бар 3 ба нафъи намояндаи аврупоӣ тамом шуд ва қатариҳо бо ду шикасту як дуранг Ҷоми ҷаҳонро тарк карданд.

Босния бо ин ғалаба дар умум соҳиби 4 хол шуд ва танҳо ба иллати таносуби тӯбҳо баъд аз Канада дар зинаи сеюми гурӯҳи мазкур қарор гирифт. Ҳоло ин даста бояд мунтазири бозиҳои боқимондаи марҳилаи гурӯҳӣ шавад, то шояд ба унвони яке аз беҳтарин дастаҳои зинаи сеюм аз гурӯҳ берун барояд.

Бразилия ва Марокаш бо шикасти рақибони худ дар Ҷоми ҷаҳон аз гурӯҳ баромаданд
Дар идомаи бозиҳои даври охири марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон, Бразилия ва Марокаш рақибони худро ноком карда, бо 7 имтиёзӣ ба марҳилаи 1/16-ниҳоии ин мусобиқа роҳхат гирифтанд.

Бразилиҳо бе мушкилии ҷиддӣ Шотландияро бо ҳисоби 3 бар 0 ноком карда, пешқадами гурӯҳ шуданд.

Марокашиҳо бошанд, дар як вохӯрии пургол бо натиҷаи 4:2 Ҳаитиро бурданд ва аз зинаи дуюм ба марҳилаи баъдӣ роҳ ёфтанд.

Акнун Ҳаитӣ бо 0 хол ба хонаи худ бармегардад. Шотландияро, ки бо 3 хол дар ҷои сеюми гурӯҳи «С» аст, ҳарчанд ба далели тафовути зиёди голҳои сардодааш (-3) имкони ками баромадан ба даври баъдиро аз ҷойи сеюм дорад, вале мунтазири натиҷаҳои рақобатҳои боқимонда мемонад, то шояд ба 8 дастаи беҳтарини зинаҳои сеюми гурӯҳҳо дохил шавад.

Африкаи Ҷанубӣ бо ғалаба бар Кореяи Ҷанубӣ ҳамроҳ бо Мексика аз гурӯҳ баромад
Даври охири бозиҳои гурӯҳи «А» ҳам дар Ҷоми ҷаҳон баргузор шуд. Дар ин давр дастаи футболи Мексика бо Чехия ва Кореяи Ҷанубӣ бо Африкаи Ҷанубӣ дар як вақт дидор карданд.

Мексика, ки аз се мизбони Ҷоми ҷаҳон-2026 аст, Чехияро бо ҳисоби 3 бар 0 ноком кард ва бо 9 имтиёз аз гурӯҳи худ берун баромад. Ин даста дар марҳилаи гурӯҳӣ ба дарвозаи ҳарифонаш дар умум 6 тӯб зада, ягон гол сар надод.

Чехия пас аз ин мағлубият, якимтиёзӣ боқӣ монд ва аз идомаи рақобатҳои Ҷоми ҷаҳон маҳрум шуд.

Дар набарди дигар Африкаи Ҷанубӣ бо ҳисоби 1:0 Кореяи Ҷанубиро шикаст дода, бо 4 имтиёз аз зинаи дуюми гурӯҳи «А» ба марҳилаи 1/16-ниҳоӣ рафт.

Корея ҳамчунон бо 3 имтиёз барои берун рафтан аз гурӯҳ ба унвони яке аз дастаҳои зинаҳои сеюм имконият дорад.