Ovozi.uz

Қалами устод тез буд

Ёди устод

Бо гузашти солҳо боз хубтар дарк мекунам, ки Шавкати Баҳром танҳо як журналист набуданд. Он кас як мактаб буданд — мактаби ҷустуҷӯи ҳақиқат, мактаби меҳнатдӯстӣ ва мактаби эҳтиром ба сухан, ба забон.

Ҳар сол, дар Рӯзи кормандони матбуот, вақте, ки аз устодони касб ёд мекунем, пеш аз ҳама симои Шавкат Баҳромов пеши назар меояд. Устод касбашонро ниҳоят эҳтиром мекарданд. Барояшон журналистика танҳо касб набуд, рисолат буд. Ҳамеша таъкид мекарданд, ки рӯзноманигор бояд чашму гӯши ҷомеа бошад, дарди мардумро ҳис карда, онро ба гӯши масъулон расонад.

Шавкати Баҳром аз зумраи рӯзноманигороне буданд, ки то ба мақсадашон нарасанд, аз он даст намекашиданд. Агар барои гирифтани маълумот ба назди роҳбаре раванду ҷавоби қаноат­мандкунанда нагиранд, боз бармегаштанд, боз мепурсиданд, то аз ҷавобаш қонеъ нагарданд ором намешуданд. Аз ин ҷост, ки ҳамеша мегуфтанд: «Агар аз дар ронанд, аз тиреза дароед!» Ин якравӣ не, балки даъват ба масъулияти касбӣ буд. Устод мехостанд, ки журналист аз муаммо наҳаросад, барои гирифтани ҷавоб баҳона наҷӯяд ва пеш аз ҳама манфиати мардумро ҳимоя намояд.

Қалами устод тез буд. Танқидҳояшон асоснок, далелнок ва одилона буданд. Аз ҳамин сабаб ҳам мақолаҳои ӯро ҳам хонандагон бо шавқ мутолиа мекарданд ва ҳам роҳбарон бо диққат мехонданд. Ӯ хуб медонист, ки қудрати сухан дар баландии овоз нест, балки дар ҳақиқат ва таъсиргузории он аст.

Ба шогирдон низ хеле сахтгир буданд. Баъзан барои навиштани як мақолача ва ё хабар чандин маротиба ба ҷои воқеа мерафтем. «Лидро бақувват кунед, зеро арзишмандии хабару мақоларо «лид» нишон медиҳад…» мегуфтанд устод. Он вақт шояд фикр мекардем, ки устод бисёр сахтгиранд, аммо имрӯз мефаҳмем, ки ҳамаи он талабот барои ҳамчун журналист обутоб ёфтани мо зарур будааст. Устод ба мо меомӯзонданд, ки ҳар як калима арзиш дорад ва ҳар як ҷумла масъулият аст.

Хусусияти дигари устод муҳаббати беандоза ба забони модарӣ буд. Ба андешаи устод, эҳтиром ба забон эҳтиром ба миллат аст ва журналист пеш аз ҳама бояд посбони забони худ бошад.

Шавкати Баҳром на танҳо устоди касб, балки устоди зиндагӣ низ буданд. Аз оддитарин чизҳо барои мо дарс медоданд: аз сарфакорӣ, китобдӯстӣ, аз эҳтиром ба меҳнат. Ҳар китобе, ки ба дасташон мерасид, ҳамчун гавҳар қадр мекарданд, таъкид мекарданд, ки журналист бе китоб ва бе омӯзиш наметавонад пеш равад.

Имрӯз устод дар байни мо нестанд, аммо мактаби рӯзноманигории эшон зинда аст. Дар ҳар мақолае, ки бо масъулият навишта мешавад, дар ҳар журналисте, ки ҳақиқатро ҳимоя мекунад ва ҳар шогирде, ки сухани устодро ба ёд меорад, симои ӯ намоён мешавад.

Хуллас, хизматҳои устод барои рушди рӯзнома ва тарбияи мо барин навқаламон хеле назаррас аст. Хотираи некашон ҳамчун журналисти соҳибқалам дар дили мо шогирдон дер боз боқӣ мемонад. Илоҳо, рӯҳашон шоду бистари хобашон то ба қиёмат бароҳат бошад.