Дар шаҳри Самарқанд ҷамъомади IX солонаи Шӯрои мудирони Бонки инвеститсияҳои инфрасохтории Осиё баргузор шуд.
Дар саммит ҳайати дараҷаи баланди намояндагони беш аз 100 мамлакат, роҳбар ва вакилони Бонки инвеститсияҳои инфрасохтории Осиё (БИИО), Бонки рушди Осиё ва ташкилотҳои байналмилалии дигар, сарварони компанияҳои пешсафи хориҷӣ ва экспертҳои бонуфуз — наздик ба ду ҳазор иштирокчӣ ҳозир буданд.
Аз рӯзномаи ҷамъомад, ки дар мавзӯи «Офаридани инфрасохтори барқарор барои ҳама» баргузор гардид, муҳокимаи масъалаҳои долзарби соҳаҳои иқтисодиёти глобалӣ ва молия, барномаҳои стратегӣ ва нақшаҳои рушди инфрасохтор дар Осиё ва минтақаҳои дигари дунё ҷой гирифтанд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 25‑уми сентябр дар сессияи ифтитоҳии ҷамъомади IX солонаи Шӯрои мудирони Бонки инвеститсияҳои инфрасохтории Осиё сухан кард.
— Ҷамъомади солонаи Шӯрои мудирони Бонки инвеститсияҳои инфрасохтории Осиё дар минтақаи мо бори аввал гузаронда мешавад. Интихоб шудани Ӯзбекистон барои ин чорабиниро натиҷаи баланди ҳамкориамон ҳисоб мекунем, ки ба ҳурмати байниҳам ва боварӣ асос ёфтааст, — гуфт Шавкат Мирзиёев.
Сарвари Ӯзбекистон таъкид кард, ки имрӯзҳо дар дунё ҳамон вазъияти мураккаби геосиёсӣ давом дорад, дар иқтисодиёти глобалӣ беқарорӣ пурзӯр шуда, норасоии захираҳои энергия ва хӯрокворӣ зиёд мешавад ва муаммоҳои экологӣ меафзоянд.
Аз чор як ҳиссаи аҳолии рӯи Замин бо муаммои оби тозаи ошомиданӣ дучор мешавад. Наздик ба 800 миллион нафар одам дар шароити хеле қашшоқона зиндагӣ мекунанд.
Занҷирҳои анъанавии логистикаи расондани маҳсулот вайрон мешаванд ва ин ба баланд шудани нархи захираҳои ашёи хому маҳсулоти истеъмолӣ меорад.
Ҳамаи ин сарбории дар инфрасохтор бударо якбора зиёд карда, ба рушди иқтисодиёт монеа мешавад.
Барои дар дунё то соли 2030 бунёд намудани инфрасохтори ҷараёни нав 15 триллион доллар инвеститсия талаб карда мешавад, вале равиши инвеститсияҳои хориҷӣ дар ду соли охир ҳар сол 10 дарсад кам шуда, нархи захираҳои молиявӣ ду баробар афзуданд.
Дар чунин шароит нақши ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ пайваста зиёд мешавад. Дар муддати кӯтоҳ ба яке аз институтҳои молиявии пешсаф табдил ёфтани Бонки инвеститсияҳои инфрасохтории Осиё, ки портфели лоиҳаи ҷориаш 55 миллиард доллар шудааст, алоҳида таъкид гардид.
Роҳбари давлатамон дар бораи сиёсати ислоҳотҳо ва тағйиротҳои нави бебозгашт, ки дар Ӯзбекистони Нав амалӣ мешаванд, алоҳида ҳарф зад.
Қайд гардид, ки ба озод намудани иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва даромадҳои аҳолӣ эътибори алоҳида дода мешавад. Барои расидан ба ин мақсад бо институтҳои байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла БИИО самтҳои устувори ҳамкорӣ муайян карда шуданд.
Пеш аз ҳама, барномаи дастгирии фаъоли соҳибкорӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, зиёд кардани манбаъҳои даромади одамон, васеъ намудани имконияти аҳолӣ барои истифода аз таълим ва тиббиёти босифат, беҳдошти шароитҳои хонаву ҷо, пурзӯр намудани ҳифзи иҷтимоӣ ба воситаи фароҳам овардани шабакаҳои инфрасохтор дар мавзеъҳои дурдаст, ихтисори камбизоатии «бисёр ченакӣ» амалӣ карда мешавад.
Пешниҳод гардид, ки лоиҳаи рушди капитали инсон ба сифати самти истиқболноки ҳамкорӣ муайян карда шавад.
Роҳбари давлатамон дар ҳоли ба инобат гирифтани мавзӯи асосии форум алоҳида гуфт, ки роҷеъ ба ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалии молия дар соҳаи офаридани инфрасохтори барқарор таҷрибаи калон андӯхта шудааст.
Дар мамлакатамон барномаи то соли 2030 амалӣ намудани барномаи 30 миллиард долларинаи лоиҳаҳои шарикии давлатӣ — хусусӣ қабул гардидааст.
Аз ҷумла, сохтмони роҳҳои автомобилии муздноки «Тошканд — Самарқанд» ва «Тошканд — Андиҷон», барпо намудани роҳи оҳани зудгарди «Тошканд — Самарқанд» ва «Самарқанд — Навоӣ — Бухоро», модернизатсия кардани 6‑то фурудгоҳи байналмилалӣ ва лоиҳаҳои калони дигар амалӣ карда мешаванд.
Алоҳида таъкид гардид, ки бо БИИО роҷеъ ба ривоҷдиҳии шаҳрҳои миёна ва беҳдошти инфрасохтор дар деҳот ҳамкорӣ роҳандозӣ шудааст.
Боз як самти устувор рушди босуръати иқтисодиёт аст. Пешбинӣ шудааст, ки дар соли 2030 дар Ӯзбекистон ҳиссаи энергияи «сабз» ба 40 дарсад расонда шавад.
Дар солҳои наздик сохтани стансияҳои электрии шамолӣ, офтобӣ ва обӣ, объектҳо ва шабакаҳои инфрасохтори онҳо ба нақша гирифта шудааст.
Ташкили маркази калони маълумотҳои «сабз» низ пешбинӣ шудааст. Ғайр аз ин, аз ҳисоби манбаъҳои энергияи барқароршаванда бозори сертификатҳои сабз ташаккул дода мешавад.
Роҳбари давлатамон корҳои васеъмиқёсеро, ки барои ба содиротгари калони энергияи «сабз» табдил додани Осиёи Марказӣ амалӣ карда мешаванд, алоҳида таъкид намуд. Яке аз мисолҳои он сохтмони пул (кӯпрук)-и Транскаспии энергия мебошад.
Пешниҳод гардид, ки дар ҳамкорӣ бо БИИО дар Осиёи Марказӣ барномаи рушди энергетикаи «сабз» амалӣ карда шавад.
Инчунин, ба афзудани эҳтиёҷи амалӣ кардани лоиҳаҳои калони инфрасохтори минтақавӣ эътибор нигаронида шуд.
Сохтмони роҳи оҳани «Хитой — Қирғизистон — Ӯзбекистон» мисоли барҷастаи ин аст.
Ҳоло дар Осиёи Марказӣ аз ҳама беш муаммоҳои бехавфии хӯрокворӣ ва норасоии захираҳои об вазъи тезу тунд мегиранд.
Роҳбари мамлакатамон дар ҳамкорӣ бо БИИО ташкил намудани Маркази минтақавӣ роҷеъ ба роҳандозии васеи технологияҳои сарфакунандаи обро таклиф кард.
Президент ба ҳиссаи БИИО дар муяссар шудани Ӯзбекистон ба мақсадҳои рушди барқарор баҳои баланд дод.
Ҳоло портфели лоиҳаҳои муштарак, ки самтҳое чун инфрасохтмон, энергетика, нақлиёт, таъминоти об, дастгирии сектори хусусиро дар бар мегиранд, беш аз 3 миллиард доллар шудааст. Роҷеъ ба амалӣ намудани барномаи нави 4 миллиард долларина ба созиш омаданд.
— Дар оянда дар назди мудирони Бонк вазифаҳои муҳими бар асоси муносибатҳои замонавӣ ёфтани ҳалли муаммоҳои хеле муҳими глобалӣ ва минтақавӣ, муҳокимаи лоиҳа ва барномаҳои нав истодаанд. Қарорҳое, ки шумо қабул мекунед, ба ҳаёти рӯзмарраи беш аз 6 миллиард аҳолӣ, ки дар мамлакатҳои ба Бонк аъзо зиндагӣ мекунанд, бевосита таъсир мекунад, — гуфт дар анҷоми сухани худ Президент Шавкат Мирзиёев.
Роҳбари давлатамон ба кори саммит муваффақиятҳо хост.
Дар сессияи ифтитоҳии ҷамъомад президенти Шӯрои мудирони Бонки инвеститсияҳои инфрасохтории Осиё Сзин Литсюн ҳангоми сухан гуфтани худ ба роҳбарияти мамлакатамон барои дар савияи баланд гузарондани форум додани кӯмаки амалӣ миннатдорӣ баён кард. Инчунин, президенти бонк ба аҳамияти лоиҳа ва ташаббусҳое, ки БИИО амалӣ мекунад, аҳамияти онҳо дар ҳаёти иқтисодӣ-иҷтимоии давлатҳои ба ташкилот аъзо эътибор нигаронд ва самтҳоеро зикр кард, ки дар оянда ба онҳо эътибор бояд дод.
Бонки мазкур, ки моҳи январи соли 2016‑ум фаъолият оғоз намудааст, имрӯзҳо ба яке аз муассисаҳои пешсафи молиявии Осиё табдил ёфт. Дар айни ҳол 109 давлат ба БИИО аъзо аст. Ӯзбекистон дар моҳи ноябри соли 2016 аз қатори аъзои БИИО ҷой гирифт. Солҳои охир мамлакатамон ба яке аз бузургтарин бенефитсиарҳои бонки мазкур табдил ёфт. Портфели лоиҳаҳои роҳандозӣ гардида ва ҷорӣ аз 3 миллиард доллар афзуда, самтҳои устуворе чун энергетикаи «сабз», модернизатсияи роҳу нақлиёт ва инфрасохтори коммуналӣ, таълим ва тандурустӣ, дастгирии сектори хусусиро дарбар мегирад. Акнун амалӣ кардани барномаи нави 4 миллиард долларина оғоз гардид.
Дар доираи ҷамъомади IX солонаи Шӯрои мудирони Бонки инвеститсияҳои инфрасохтории Осиё беш аз 25 сессия гузаронда шуд.
Ҳамкорӣ бо муассисаҳои байналмилалии молиявӣ дар роҳи рушди барқарор
