Ovozi.uz

Ҷавонон дар «Мактаби ҷасорат» обутоб меёбанд

Як гурӯҳ ҷавонони вилоят, ки душвортарбия ҳастанд ва дар ҳисоби профилактикӣ қарор доранд, ба мавсими навбатии ҷамъомади хонишии ҳарбӣ-ватанпарваронаи «Мактаби ҷасорат» ҷалб карда шуданд.
Иштирокчиёни ҷамъомад, ки дар ҳамкорӣ бо ҳокимияти вилоят, Округи марказии ҳарбӣ, Садорати вилоятии Агентии кор бо ҷавонон, Шӯрои вилоятии иттифоқи ҷавонон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ташкил карда шуд, дар Маркази бозомӯзии мутахассисони хурди Қувваҳои Мусаллаҳ аз саниҷши тиббӣ гузаронида шуданд ва ба онҳо либоси низомӣ тақдим гардид.
– Мақсад – тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ҳарбӣ-ватанпарварӣ, бозомӯзии тадбиркорӣ ва касбу ҳунар ба онҳо мебошад, — гуфт сарвари Садорати вилоятии Агентии кор бо ҷавонон Сарвар Бобоев. – Дар меҳвари мазмуну мундариҷаи машғулотҳо, чорабиниҳои маънавию маърифатии даҳрӯза маҳз ҳамин мақсад қарор дорад.
Барои ҷавонон тренингҳои ҳавасмандгардонӣ ва машғулотҳои психологӣ гузаронида мешаванд. Кор дар технологияҳои ахборӣ, таҷрибаҳои касбӣ ва соҳибкорӣ омӯзонида шуда, барои таҳияи лоиҳа ва нақшаи тиҷоратӣ кӯмак расонида мешавад. Муҳимтар аз ҳама, шунавандагони мактаб даҳ рӯз ҳаёти низомӣ ба сар мебаранд.
Ёдовар мекунем, ки дар давоми ҷамъомади хонишии ҳарбӣ-ватанпарварона ташкили мусобиқаҳои варзишӣ, вохӯриҳои “Роҳбар ва ҷавонон” ва “Фармондеҳ ва ҷавонон”, инчунин, намоиши филмҳо, сафар ба масканҳои таърихии шаҳри Самарқанд дар назар аст.
Дар анҷом ба иштироккунандагон сертификати махсус дар бораи таъмин бо кор ва оғози фаъолияти тадбиркорӣ тақдим мегардад.