Ovozi.uz

Миннатдории самимона

Ба қарибӣ дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов тақдимоти китоби «Асарҳои мунтахаб»-и олими маъруф, Арбоби фанни Ҷумҳурии Ӯзбекистон, академик, соҳиби ордени «Буюк хизматлари учун» Ботурхон Валихоҷаев баргузор гардид.
Устоди шодравон Ботурхон солҳои тӯлонӣ дар ин маскани таълим ба донишҷўён аз фанҳои адабиёти мумтоз ва замонавии ӯзбек, адабиётшиносӣ сабақ додааст ва ин зоти мӯътабару заковатманд бо бисёр асарҳои арзишманди худ на танҳо дар Самарқанд, балки дар тамоми мамлакат шинохта шуда буд.
Китобҳои якум ва дуюми «Асарҳои мунтахаб»-и аз се ҷилд иборати аллома аз мақолаҳои ӯ роҷеъ ба шоир ва мутафаккирони бузург чун Мавлоно Лутфӣ, Хоҷа Аҳрори Валӣ, Низомиддин Мир Алишер Навоӣ, Ҳусайнӣ — Султон Ҳусайн, Заҳириддин Муҳаммад Бобур, рисолаҳо дар бораи таърихи мадрасаҳои Самарқанд, дар ҷилди саввум бошад, тадқиқотҳои фундаменталии «Аз таърихи поэзияи эпикии ӯзбек» ва «Таърихи адабиётшиносии ӯзбек» ҷой гирифтаанд.
Мунтахаботи мазкур маҳсули фаъолияти илмӣ-эҷодии шастсолаи муаллиф буда, онро ходимони эҷодии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, олимони маъруфи мутахассис тайёр намудаанд ва он бо сифати баланди полиграфӣ нашр карда шудааст.
Дар маросими тақдимот, ки дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд бо иштироки бисёр ҳамсафон, зиёиёни эҷодкор, профессор-­омӯзгорон, донишҷӯён баргузор гардид, ҳамсари Ботурхон Валихоҷаев — Хадича Вафоева низ ба сухан баромада, ба Иттифоқи нависандагон ва роҳбарияти донишгоҳ, ҳамкасбон ва шогирдони домулло ташаккур изҳор кард. Ва алоҳида таъкид кард, ки сарвари чунин корҳои хайр худи роҳбари мамлакат аст ва ӯ ба аҳли илму эҷод ғамхории алоҳида ва эътибор нишон медиҳад.
Дар зер мактуби ба ҳамин муносибат ба номи Сарвари мамлакатамон фиристодаи Хадича Вафоева — ҳамсари алломаи бузургро, ки тамоми ҳаёти худро ба ривоҷи илму фан ва таълим, тарбияи насли ҷавон бахшидааст, ба эътибори шумо ҳавола мекунем.

Ассалому алайкум, мӯҳтарам Шавкат Мирамонович!
Ман ҳамсари академик Ботурхон домулло Валихоҷаев, ки шумо ҳамеша ҳурмат ва эъзоз мекардед, апаи Хадичаатон ҳастам. Ба қарибӣ воқеаи хеле хурсандибахш, ки дар ҳаёти оиламон рӯй дод, маро ба фиристондани мактуби мазкур ба Шумо водор намуд. Иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон «Асарҳои мунтахаб»-и домуллоро, ки аз се ҷилд иборат аст, нашр кард. Ва вақти бисёр нагузашта дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд тақдимоти китобҳои мазкур баргузор гардид. Ман дар ҳоли ба шогирдони домулло, Иттиҳодияи нависандагон, ноширон ва роҳбарияти донишгоҳ баён кардани миннатдории худ барои гузоштани ҳиссаи калон дар ин кори хайр, гуфтаниам, ки дар сари чунин корҳои хайр, албатта, Шумо меистед. Ғамхорӣ ва эътибори беинтиҳое, ки Шумо ба аҳли илм ва эҷод нишон медиҳад, барои дар диёрамон амалӣ гардидани чунин чорабиниҳои босалобат замина ҳозир мекунанд.
Ман фаъолияти босамари Шуморо ҳангоми иҷрои вазифаи роҳбари вилоят, аз ҳама беш ба аҳли илм ва эҷод ҳамеша хайрхоҳ ва дилсӯз буданатонро, аз ҷумла вақтатон ҳар қадар танг бошад ҳам, аз Ботурхон домуллоятон дам ба дам хабар гирифтанатонро то ҳанӯз бо миннатдорӣ ба ёд меорам. Ман чун инсоне, ки бисёр солҳо дар соҳаи таълиму тарбия фаъолият бурдааст, аҳамияти ин корҳои шуморо хеле хуб мефаҳмам ва ба фарзандон, набераву абераҳоям дар ин бора ба ифтихор ҳикоя мекунам.
Мӯҳтарам, Шавкат Мирамонович!
Шумо имрӯз роҳбари Ӯзбекистон ҳастед, масъулияти тамоми диёр дар зиммаи Шумост. Парвардигори меҳрубон ба Шумо чунин шарафи бузург ва масъулиятро муносиб дида бошад, худаш ҳамеша дастгирӣ кунад.
Боварии халқу диёр, дуои аксар ба Шумо ҳамеша мададгор бошад.
Аз Офаридгор ба Шумо дар роҳи хизмати савобнок ва бошарафатон нерӯю тавоноӣ, саломатии мустаҳкам ва омадҳо мепурсам.
Ба бахти Ватанамону халқамон ҳамеша сиҳату саломат бошед.

Хадича ВАФОЕВА,

собиқадори меҳнат, шаҳри Самарқанд.