Ovozi.uz

Субсидия: тартиби гирифтани он чӣ хел аст?

Соли равон бар асоси фармони Президентамон аз 30‑юми апрели соли 2024 «Дар бораи чораҳои иловагии такмили механизми додани кредитҳои ипотекавӣ ва беҳдошти шароити хонаву ҷойи аҳолӣ дар соли 2024», нишондиҳандаҳои мақсадноки додани субсидия дар соли равон роҷеъ ба кредитҳои ипотекавӣ, ки ба тамоюлҳои бозор асос ёфтаанд, тасдиқ карда шуд.
Бар асоси фармон дар соли 2024 дар вилоятамон биноҳои бисёрқабатаи иборат аз 11300‑то хонадон сохта мешаванд. Аз инҳо 105‑то хонаву ҷойи аз 6532 хонадон иборат дар маҳалҳои ба тартиби нав сохташаванда бошанд, 77‑то хонаву ҷойи аз 4768‑то хонадон иборат дар маҳалҳои «Ӯзбекистони Нав» бунёд карда мешаванд.
Мувофиқи фармон соли равон дар вилоятамон ҳамагӣ 2760‑то, аз ин барои харидани хонаву ҷой додани 2260‑то субсидия ва тармими 500‑то хонаву ҷойи тартиби якка (ба шахсоне, ки ба барномаи аз камбизоатӣ баровардан дохил карда шудаанд ва ба беҳдошти шароити хонаву ҷой мӯҳтоҷ) бар асоси хулосаи «Ҳафтгона»-и маҳалла додани субсидия муайян шудааст (муддати амал кардани субсидияҳо 4 моҳ). Шаҳрвандоне, ки хулосаи мусбӣ гирифтаанд, дар давоми чор моҳ роҷеъ ба хонаву ҷой шартнома пешниҳод ё ки бадали ибтидоии муайяншударо ба миқдори таъингардида пардохт накунанд, имконияти истифода аз субсидия боздошта мешавад.
Аризаҳо барои додани субсидия роҷеъ ба кредити ипотекавӣ аз 15‑уми май то 1‑уми ноябр қабул карда мешаванд ва миқдори аз ҳама бисёри кредити ипотекавӣ барои як нафар қарзгиранда 330 миллион, миқдори ба таври қатъӣ муайяншудаи бадали ибтидоӣ 30 миллион сӯмро ташкил мекунад. Баробари ҳамин қисми аз 12 дарсад зиёди фоизҳои кредити ипотекавиро, ки бар асоси субсидия дода шудааст, дар давоми 5 сол пардохта медиҳанд.
Аз 15‑уми майи соли равон фаъолияти платформаи Вазорати иқтисодиёт ва молия роҷеъ ба қабул кардани аризаҳо оғоз гардид. Мувофиқи тартиб, акнун барои ҳар як шаҳр ва ноҳия лимит муайян намекунанд, лимит танҳо барои вилоят муайян карда мешавад. Шаҳрванди хулосаи мусбӣ гирифта, ҳуқуқ дорад, ки аз мавзеи худаш интихобкардаи вилоят хона (квартира) гирад.
Дар ҷараёни аризадиҳӣ аз шаҳрвандон саволҳои асосан бо фаъолияти сохтори барномавӣ вобаста (баррасии аризаҳои дар сохторбуда, додани хабарномаи ҷавоби рад роҷеъ ба субсидияҳо, ёфта натавонистани хона, кредитҳои ипотекавӣ надодани аксарияти бонкҳо, нашудани имконияти ҷамъ кардани холҳои кифоя ва ғайра) меоянд.
Барнома роҷеъ ба додани кредити ипотекавӣ бар асоси субсидия ба сохтори автоматикунонидаи скоринг асос ёфта ва дар ин сохтор омили инсон минималӣ карда шудааст. Дар ин ҷо дар платформаи my.gov.uz бар асоси маълумотҳои дар кабинети шахсӣ будаи шаҳрванд сохтори автоматикунонидаи скоринг баҳо медиҳад. Сохтори автоматии скоринг ба аризаҳо дар асоси тартиби пасиҳами онҳо баҳо мегузорад ва барои тасдиқ ба комиссияҳои субсидия мефиристад. Агар маълумотҳо дар кабинети шахсии шаҳрванд пурра набошанд, сохтори скоринг мумкин холҳои зарурӣ нагузорад.
Бояд таъкид кард, ки агар музди меҳнати якмоҳаи шаҳрванд аз 27 баробари миқдори аз ҳама ками музди меҳнат кам ва аз 8 баробари он зиёд бошад, сохтори скоринг хол намегузорад.
Аз 2,7 баробари миқдори аз ҳама ками музди меҳнат то 7 баробари он 10 хол,
Аз 7 баробари миқдори аз ҳама ками музди меҳнат то 7,5 баробари он 6 хол,
Аз 7,5 баробари миқдори аз ҳама ками музди меҳнат то 8 баробари он 2 хол гузошта мешавад. Ғайр аз ин, агар дар базаи хизмати кадастр хонаву ҷойи шаҳрванд мавҷуд бошад, дар ин ҳол низ сохтори скоринг ба аризаи шаҳрванд хол намегузорад.
Агар сохтори скоринг бар асоси нишондиҳандаҳои дигари шаҳрванд 30 холи кифояро ташаккул диҳад ҳам, бар асоси музди кор ё ки маълумотҳои кадастр хол нагузорад ҳам, хабарномаҳои субсидия бароварда намешаванд.
Хабарномаҳои субсидия, ки барои шаҳрвандон дода шудаанд, барои аз бонкҳои тиҷоратӣ гирифтани кредитҳои ипотекавӣ асос ҳисоб мешаванд. Чунки шаҳрванд хонаву ҷой ёфта натавонад, соҳиби таърихи манфии кредит бошад, бонкҳои тиҷоратӣ кредити ипотекавӣ намедиҳанд.
Бояд таъкид кард, ки шаҳрвандон пеш аз ариза додан маълумотҳои дар кабинети шахсии худ бударо боз як бор аз назар гузаронда, пас аз боварӣ ба дурус­тӣ ва пуррагии маълумотҳо бояд ариза диҳанд.


Дар асл мувофиқи нақшаи чанд сол пешинаи ба оилаҳои эҳтиёҷманд аз шаҳри Самарқанд додани хонаву ҷой бар асоси субсидия, ғояи ба шаҳри миллионӣ табдил додани Самарқанд низ пешбинӣ шуда буд. Аммо дар қисми калони биноҳои бисёрқабатаи мавзеи Қаросуви шаҳри Самарқанд, ки ба субсидия хонаву ҷой додаанд, ҳамон хонаҳои холиро дидан мумкин аст.
Дар ин ҷо як маълумотро ёдрас кунем. Рӯзи 27-уми июни соли 2022 қарори Президентамон «Дар бораи чораҳои дастгирии воситаҳои ахбори оммавӣ ва ривоҷдиҳии соҳаи журналистика» қабул шуда буд. Бар асоси ин қарор рӯзи 1-уми июли соли 2022 қарори ҳокими вилоят низ қабул гардид. Қарори мазкур ба пурзӯр намудани ҳимояи манфиатҳои қонунии воситаҳои ахбори оммавӣ дар вилоят, дастгирии ҳартарафаи фаъолияти онҳо, боз ҳам баланд бардоштани салоҳият ва рақобатбардошти кадрҳо, ривоҷдиҳии соҳаи журналистика нигаронида шудааст. Аз ҷумла, дар банди 5-уми қарор чораҳои бар асоси кредитҳои ипотека ва дигар шартҳои дар ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ муайяншуда расондани ёрӣ дар таъмини журналистони эҳтиёҷманд ва фаъол бо хонаву ҷой оварда шудааст. Вале аз байн ду сол гузашта бошад ҳам, иҷрои банди мазкур аз эътибор дар канор мемонад.

Шоҳрух ЭШҚУВВАТОВ,
мудири шӯъбаи Сарсадорати иқтисодиёт ва молияи вилоят.