Бо мақсади тарғиби мероси адибон ва мутафаккирони маъруф дар байни донишҷӯён, баланд бардоштани таваҷҷуҳи онҳо ба адабиёт, фароҳам овардани имконият барои намоиши истеъдод ва ҳавасмандгардонии онҳо ҳар хел озмунҳо гузаронида мешавад.
Ба қарибӣ дар шаҳри Тошканд марҳилаи 3-юми минтақавии озмуни ҷумҳуриявии “Майдони маърифат” байни донишҷӯёни муассисаҳои таълими олии касбӣ гузаронида шуд. Дар ин озмун дастаи “Пайравони Беҳбудӣ”-и донишҷӯёни факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов сазовори ҷойи аввал шуданд.
- Мо аз рӯӣ се шарт қувва озмудем, — гуфт Машҳура Камолова. – Дар шарти аввал, ки “Зиндагиномаи нависанда” ном дошт, мо бояд дар бораи шоирону нависандагони маъруф маълумот медодем. Мо дар ин шарт дар бораи Эркин Воҳидов ҳикоя кардем. Дар шарти дуввум ҳайати доварон ба дастаҳо аз рӯзгор ва осори шоирону нависандагони маъруф, ки муҷассамаашон дар Хиёбони адибон гузошта шудааст, 10 савол доданд. Шарти саввум “Композисияи театрӣ аз ҳаёт ва эҷодиёти нависандагон” ном дошта, мо дар ин шарт аз ҳаёти Ойбек саҳна гузоштем.
Бояд гуфт, ки дастаи “Пайравони Беҳбудӣ”-и донишгоҳ се сол боз дар мусобиқаи ҷумҳуриявии “Майдони маърифат” ширкат мекунанд. Дар ин муддат дар зинаи ҷумҳурӣ ду маротиба сазовори ҷойи 2-юм гардиданд. Дар озмуни имсола пирӯзиро ба даст оварданд ва ба ҳар як аъзои даста планшет ва ташаккурнома тӯҳфа карда шуд.
Асалмоҳ САРХАТЗОДА
