Ovozi.uz

Самараи воқеии фаъолияти депутат дар ҳалли мушкилот ва беҳтар шудани зиндагии мардум зоҳир мегардад

Ба таъсиси Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон 35 сол шуд. Самти асосии фаъолияти ҳизб таъмини адолати иҷтимоӣ, ҳимояи манфиати қишри эҳтиёҷманди аҳолӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои шаҳрвандон мебошад. Имрӯз татбиқи ин мақсадҳо, омӯзиши мушкилоти мардум ва барои ҳалли онҳо кӯмак кардан вазифаи муҳими ҳар як узви партия ва депутат ба шумор меравад.

Дар фаъолияти гурӯҳи депутатии Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд низ мулоқот бо мардум, омӯзиши муроҷиатҳои аҳолӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва ҳалли мушкилоти дар маҳаллаҳо мавҷуд буда таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.

Натиҷаи амалӣ — меъёри асосии фаъолияти депутатӣ. Самаранокии фаъолияти депутат пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки ба ҳалли мушкилоти рӯзмарраи мардум то чӣ андоза ҳисса мегузоранд. Ҳангоми мулоқот бо сокинон дар маҳаллаҳо масъалаҳои таъмини оби нӯшокӣ, таъмири роҳҳои дохилӣ, ободонӣ, ҳолати иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасониҳои коммуналӣ бардошта мешаванд.

Омӯзиши чунин муроҷиатҳо ба ташкилотҳои дахлдор фиристондани дархостҳои депутатӣ ва назорати иҷрои онҳо имкон медиҳад, ки барои ҳалли мушкилоти аҳолӣ кӯмак карда шавад. Дар ин ҷарайён пеш аз ҳама кор бояд танҳо бо сабти муроҷиат маҳдуд нашавад, балки рафти ҳалли масъала пайгирӣ гардида, бо шаҳрвандон мулоқотӣ такрорӣ низ ба роҳ монда шавад.

Ба андешаи мо, натиҷаи асосии назорати депутатӣ на аз рӯйи шумораи мулоқотҳои баргузоршуда, балки аз рӯйи мушкилоти ҳалшуда ва тағйироти мусбате муайян мегардад, ки дар ҳаёти мардум ба вуҷуд меоянд.

Ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ — самтҳои афзалиятнок. Барои Ҳизби халқии демократӣ масъалаи ҳифзи иҷтимоӣ ҳамеша аҳаммияти муҳим дорад. Ҳангоми дастгирии оилаҳои эҳтиёҷманд, шахсони дорои нуқсон, занону духтарони бекор ва ҷавонон муносибати ҳадафмандона зарур аст.

Масалан, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намудани занону духтарони бекор, кӯмак оиди бо кор таъмин шудани онҳо ва дастгирии ташаббусҳои соҳибкориашон барои афзоиши даромади оила хизмат мекунад.

Ҳамчунин, фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои таҳсил, фаъолияти меҳнатӣ ва иштироки фаъоли шахсони дорои нуқсон дар ҳаёти ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим ба шумор меравад.

Барои таъмини шуғли ҷавонон бошад, тақвияти ҳамкории муассисаҳои таълими касбӣ бо корфармоён, фароҳам овардани шароит барои азхудкунии касбҳои муосир ва кӯмак намудан ба ворид шудани хатмкунандагон ба бозори меҳнат зарур аст.

Зеро ҳифзи иҷтимоӣ танҳо расонидани ёрии моддӣ нест, балки фароҳам овардани шароитест, ки инсон қобилияту имкониятҳои худро амалӣ сохта тавонад ва зиндагии мустақилона дошта бошад.

Фаъолияти ҳамқадами мардум. Фаъолияти аъзоёни партия ва депутатҳо бо мулоқоти доимӣ бо мардум, омӯзиши афкори ҷомеа ва ҳимояи манфиатҳои аҳолӣ вобаста аст. Дар маҳалла омӯзишу баррасӣ намудани мушкилот, таҳлили иҷрои барномаҳои давлатӣ ва дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои масъул ҷустуҷӯ кардани роҳҳои ҳалли масъалаҳо аҳаммияти муҳим дорад.

Инчунин, зарур аст, ки дар фаъолиятамон шаффофият ва ҳисоботдиҳиро тақвият бахшем. Аз рӯйи ҳар як масъалаи бардошташуда бояд чораҳои амалӣ андешида, натиҷаҳо ба аҳолӣ шарҳ дода шаванд ва мушкилоти ҳалношуда низ набояд аз мадди назар дур монанд.

Ҷашни 35-солагии ҳизб барои мо на танҳо имкони ҷамъбасти роҳи тайшуда, балки фурсат муносиб барои муайян намудани вазифаҳои минбаъда мебошад. Ҳадафи асосии гурӯҳи депутатии Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд низ аз пайвастани ғояҳои барномавии ҳизб бо корҳои амалӣ, пешбурди принсипҳои адолати иҷтимоӣ ва имкониятҳои баробар, инчунин ҳимояи манфиатҳои ҳуқуқии шаҳрвандон иборат аст. Боварии мардум масъулияти бузургро ба зимма мегузорад. Хизмат ба манфиати инсон бошад, ҳам қарзи ҳар як депутат ва ҳам меъёри асосии фаъолияти мост.

Ф. Раҳимова,

роҳбари гурӯҳи депутатии Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд