Дар сессияи ҷамъбастии пленарии Саммити ҷаҳонии «Сармоягузорӣ ба фаровонии кӯдакон: роҳ ба сӯи рушди устувор ва одилонаи наслҳои оянда» ва Конгресси II байналмилалӣ оид ба онкологияи кӯдакон, ки дар шаҳри Самарқанд идома дорад, «Декларатсияи Самарқанд оид ба сармоягузорӣ ба фаровонии кӯдакон» баррасӣ гардид.
Намояндаи ЮНИСЕФ дар Ӯзбекистон Регина Мария Кастило таъкид кард, ки тӯли ду рӯз дар Самарқанд намояндагони Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, Бонки ҷаҳонӣ ва созмонҳои дигари бонуфузи байналмилалӣ, вазирони беш аз 100 давлат, мутахассисону коршиносони соҳаи саломатӣ ва ҳуқуқи кӯдакон масъалаҳои мубрами имрӯз ва ояндаи кӯдакони ҷаҳон ва некӯаҳволии онҳоро баррасӣ намуданд.
— Бо баргузории ин саммит Ӯзбекистон барои созмонҳои байналмилалӣ ва ҳукуматҳои кишварҳои ҷаҳон платформаи муҳим фароҳам овард, то онҳо дар роҳи таъмини ояндаи кӯдакон ҳамкорӣ намуда, таҷриба мубодила кунанд. Ҳамчунин, нишон дод, ки фароҳам овардани муҳиту шароити баробари ҳуқуқӣ барои кӯдакон ва сармоягузории самаранок ба ояндаи онҳо аз ҳар вақта заруртар аст, — гуфт Регина Мария Кастило.
Мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, директори Агентии миллии ҳифзи иҷтимоии назди Президент Мансурбек Оллоёров натиҷаҳои саммитро ҷамъбаст намуда, оид ба масъалаҳои баррасишуда хулосаҳои асосиро баён кард.
— Дар маросими ифтитоҳи бошукӯҳи саммит, сессияҳои сатҳи баланд бо иштироки меҳмонони воломақом ва дигар нишастҳои панелӣ масъалаҳои муҳими роҷеъ ба рушди солими кӯдакон, таҳсил ва дигар ҳуқуқҳои онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, — гуфт М.Оллоёров. — Таҷрибаи кишварҳои ҷаҳон дар ин самт омӯхта шуда, ба вазифаҳои минбаъда таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Бо ЮНИСЕФ, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, Бонки ҷаҳонӣ ва ташкилотҳои дигар як қатор санадҳо ба имзо расиданд ва дар мавриди татбиқи грантҳо ба мувофиқа расида шуд. Ташаббусҳо, ғояҳо, нақшаҳои роҳ ва ёддоштҳои тафоҳуме, ки дар ин ҷо пешниҳод ва таҳия шуданд, ба таъмини фаровонии кӯдакон, дар муҳити бехатар ба воя расидани онҳо, таҳсил ва пайдо кардани ҷойгоҳи муносибашон дар ҷомеа мусоидат мекунанд. Мо бо дӯстону шарикони хориҷиамон дар бораи лоиҳаҳои зиёд суҳбат карда, таҷрибаомӯзӣ кардем. Аз ҷумла, дастовардҳои Ӯзбекистон дар солҳои охир дар самти кафолати пурраи ҳуқуқи кӯдакон ва афзоиши фарогирии онҳо ба таҳсил — аз муассисаҳои томактабӣ то таълими олӣ — эътироф гардиданд. Мо омодаем бо дигарон таҷрибаи худро мубодила кунем, ба кишварҳои дигар ёрӣ расонем ва ҳамкориро густариш диҳем.
Дар ҷараёни муҳокима Намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон хонум Наҷат Маалла Мҷид, директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Наҷи Бенхассин, директори минтақавии ЮНИСЕФ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ, Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ Эдуар Бегбедер, намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Ӯзбекистон Ашина Халакдина суханронӣ карданд. Онҳо баргузории саммит ва конгресси байналмилалӣ оид ба онкологияи кӯдаконро дар сатҳи баланд арзёбӣ намуда, барои фароҳам овардани имконияти мубодилаи таҷриба дар соҳаи некӯаҳволии кӯдакон ва муайян кардани вазифаҳои минбаъда ба роҳбарияти Ӯзбекистон изҳори сипос карданд. Ҳамчунин, таъкид намуданд, ки пешниҳодҳо ва хулосаҳои дар ҷараёни муҳокимаҳо баёншуда дар «Декларатсияи Самарқанд оид ба сармоягузорӣ ба фаровонии кӯдакон» инъикос ёфтаанд.
— Мо Декларатсияи Самарқандро дар сарзамини олимону алломаҳои бузург қабул мекунем ва набояд инро фаромӯш намоем, — гуфт директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Наҷи Бенхассин. — Ман хеле хушҳолам, ки дар доираи чорабиниҳои саммит имкони зиёрати маҷмааи ёдгории Имом Бухориро дар Самарқанд пайдо кардам. Вақте ки ба ман дар бораи кӯдакии ин муҳаддиси бузурги ҷаҳони ислом нақл карданд, як ҷиҳат диққати маро ҷалб намуд. Яъне, кӯдакии Имом Бухорӣ ниҳоят душвор гузашта, ӯ ҳатто аз биноӣ маҳрум шудааст. Ҳангоми азёд кардани Қуръон устодаш дар ӯ истеъдоди нодиреро мушоҳида карда, ӯро рӯҳбаланд ва дастгирӣ намудааст. Дар натиҷа, ӯ ба муҳаддисе табдил ёфт, ки тамоми ҷаҳон ӯро эътироф мекунад. Пас, мо набояд ягон кӯдакро аз таваҷҷуҳ берун гузорем. Бояд истеъдоди ҳар як кӯдакро ошкор намуда, ӯро дастгирӣ карда тавонем. Барои ин зарур аст, ки якҷоя амал намуда, неруҳои худро муттаҳид созем. Мақсади ин саммит низ ҳамин аст. Мо омодаем барои баргузории чунин чорабиниҳо ба ҳамаи кишварҳо ёрӣ расонем.
Ҷонишини якуми директори Агентии миллии ҳифзи иҷтимоии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шаҳноза Мирзиёева иштирокчиёнро бо Декларатсияи Самарқанд ва самтҳои асосию ғояҳои он шинос кард.
— Тӯли ду рӯз мо масъалаҳои муҳимро баррасӣ намуда, афкору таҷриба мубодила кардем ва роҳҳои нави ҳамкориро муайян намудем, — гуфт Шаҳноза Мирзиёева. — Муҳимтар аз ҳама, ҳамаи мо ба хотири расидан ба мақсади нек — фароҳам овардани ояндаи беҳтар барои ҳар як кӯдак — муттаҳид шудем. Мо дар ин роҳ боз як қадами муҳим гузоштем: «Дакларатсияи Самарқанд оид ба сармоягузорӣ ба фаровонии кӯдакон»-ро қабул кардем. Мо боварӣ дорем, ки ҳар як кӯдак бояд дар муҳити хушбахтона, солим ва бехатар ба воя расад, дониш омӯзад, орзу кунад ва ба орзуҳои худ бирасад. Зеро сармоягузорӣ ба кӯдакон сармоягузорӣ ба оянда аст. Кӯдакон бояд меҳру таваҷҷуҳро на фардо, балки имрӯз эҳсос кунанд. Мо якҷоя низоми ҳифзи иҷтимоии кӯдаконро тақвият мебахшем, онҳоро аз зӯроварӣ ҳимоя мекунем ва барои гирифтани таълими босифат аз ҷониби ҳар як кӯдак имконият фароҳам меорем. Ҳамчунин, барои дастрасии ҳамаи кӯдакон ба хизматрасониҳои тиббӣ шароити зарурӣ муҳайё намуда, бар зидди саратони кӯдакон якҷоя мубориза мебарем. Фарзандонамонро аз ҳар ҷиҳат ба оянда омода мекунем. Барои расидан ба ин ҳадафҳои наҷиб тамоми имкониятҳои худро муттаҳид месозем. Кӯдакон аз мо ваъда не, балки натиҷа интизоранд. Саммит ба поён мерасад, аммо корҳои неки мо идома меёбад. Биёед, барои ҳар як кӯдак ояндаи муносиб фароҳам оварем!
Декларатсия аз ҷониби иштирокчиён дастгирӣ карда шуд ва барои риоя намудан ба вазифаҳои дар ин санад муайяншуда, инчунин якҷоя ҳаракат намудан, неруҳои худро муттаҳид сохтанро баррасӣ карданд.
Ғолиб ҲАСАНОВ
