Ovozi.uz

Дурнамоии ҳамкории Самарқанд ва Ҳайделберг дар самти шаҳрсозӣ ва иқлим баррасӣ гардид

Ҳайати шаҳри Ҳайделберги Германия ба Самарқанд омад. Ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев бо аъзои ҳайат мулоқот карда, масъалаҳои рушди минбаъдаи шаҳри Самарқанд, инчунин идораи самараноки ҷараёнҳои шаҳрсозӣ ва урбанизатсияро баррасӣ намуд.

Дар ҷараёни мулоқот ба масъалаҳои рушди ҳамаҷонибаи инфрасохтори нақлиётӣ, муҳандисӣ ва иҷтимоӣ, бунёди маҳаллаҳои нави истиқоматӣ ва банақшагирии оқилонаи ҳудудҳо дар шароити афзоиши аҳолӣ ва суръат гирифтани ҷараёни урбанизатсия таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки ҳифз ва нигоҳдории мероси ғании таърихию фарҳангии Самарқанд, инчунин ҳангоми татбиқи лоиҳаҳои муосири шаҳрсозӣ ба назар гирифтани тамоюлҳои устувории экологӣ ва ҳифзи иқлим аҳамияти муҳим дорад.

Дар анҷоми мулоқот оид ба таҳияи консепсияи рушди ояндадори шаҳр ва омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ вазифаҳои амалӣ муайян карда шуданд.