Ovozi.uz

Вақте ҳаракатҳо сухан мегӯянд

Тобистони соли 1979, ҳангоми сафар ба Прага, бори аввал театри пантомимаро тамошо кардам. То ҳамон вақт гумон мекардам, ки имою ишора танҳо воситаи фаҳмондани мақсад дар зиндагии ҳаррӯза аст. Маҳз он ҷо дарк кардам, ки ҳаракати дасту рӯй, нигоҳ, узвҳои бадан ва ҳатто хомӯшӣ низ метавонад як навъи санъати театрӣ бошад.

Баъд аз бозгашт ба Самарқанд беихтиёр онро бо зиндагии мардум муқоиса кардам. Ба хулосае омадам, ки бисёре аз унсурҳои пантомима дар байни мардуми мо аз қадим вуҷуд доштаанд. Ҳатто баъди шунидани таассуроти ман аз сафари Прага, чанде аз аҳли фарҳанг фикри таъсиси театри миллии пантомимаро ба миён гузоштанд.

Имрӯз театрҳои махсуси пантомима дар баъзе кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Арманистон, Озарбойҷон, Литва ва Дания фаъолият доранд. Дар Прага низ солҳои зиёд театри машҳури пантомима фаъолият дошт ва шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо карда буд.

Аммо дар тӯли зиндагии худ борҳо мушоҳида кардам, ки дар Самарқанд худи ҳаёт гоҳе ба як саҳнаи бузурги пантомима монанд мешавад. Зеро одамон бисёр вақт танҳо бо имою ишора, нигоҳ ё ҳаракати даст ҳамдигарро мефаҳманд ва мақсади худро бе истифодаи калимаҳо баён мекунанд.

Чунин «забони бесухан»-ро дар тӯю маърака, бозор, чойхона, ҷамъомад, баҳсу мунозира, донишгоҳу мактаб ва ҳатто дар боғчаҳои кӯдакон дидан мумкин аст. Гоҳе як ишораи кӯтоҳ ё як нигоҳи пурмаъно чизеро мефаҳмонад, ки барои баён кардани он чанд ҷумла ҳам камӣ мекунад.

Агар меъёри асосии пантомима маҳорати баён кардани фикр бо ҳаракату ишора бошад, пас бисёре аз ҳамшаҳриёни мо метавонистанд ҳунармандони хуби чунин театр бошанд. Чунки онҳо ин ҳунарро на дар саҳна, балки дар мактаби зиндагӣ омӯхтаанд.

Дар гузашта, вақте ки тӯю маъракаҳо дар ҳавлии соҳибмаърака баргузор мешуданд, имою ишора бисёр истифода мегардид. Зеро ҳофизон бо баландгӯякҳо чунон баланд месароиданд, ки хизматчиҳо имкони шунидани сухани ҳамдигарро надоштанд.

Баъди ҷой гирифтани меҳмонон ва муайян шудани шумораи онҳо, шахси хизматрасон бо ишора мақсади худро ба сархизматрасон мефаҳмонд. Масалан, аввал ҳаракати аз чойник ба пиёла чой рехтанро нишон медиҳад ва баъд ду ангушташро боло мекунад. Ин маънои ду чойник чой оварданро дорад.

Ё ишораи нон шикастанро карда, баъд чор ангушташро нишон медиҳад. Яъне, чор дона нон биёрад.

Агар бо кафи даст ҳаракати ош хӯрданро нишон дода, фавран ду ангушташро боло кунад, ҳамкораш дарҳол мефаҳмад, ки ду табақ палав лозим аст.

Ҳангоми тақдими ҷома, курта ё рӯймолча низ ишораҳои махсус истифода мешаванд. Ҳамаи ин амалҳо дар чанд сония ва бидуни ягон калима анҷом меёбанд.

Ва дар хотима боз як нуктаеро ёдовар шудан мехоҳам, ки бештар барои тарбияи наврасону ҷавонон истифода мешавад.

Агар бачае, ҷавоне ё ҳатто шахси калонсоле беҷо ҳарф занад, ба болои ҷаҳл савор шавад ё нисбат ба дигарон дағалӣ кунад, калонсолон одатан ӯро дар назди мардум сарзаниш намекунанд. Ба ҷойи ҳамаи ин, танҳо ангушти ишорати дасти худро оромона назди лаб мебаранд.

Ин ишораи сода аз даҳҳо ҷумла таъсирбахштар аст. Шахси хатокарда дарҳол чунин маъниҳоро мефаҳмад: «Айб аст!», «Ором шав!», «Аз ҳад нагузар!»…

Албатта, ҳамаи ишораҳо танҳо барои корҳои хайр истифода намешаванд. Дар байни мардум чунин ишораҳо низ ҳастанд, ки метавонанд маънои дашном, маломат ё озор додани касеро дошта бошанд. Баъзан як ҳаракати ноҷои даст ё рӯй аз сухан ҳам сахттар таъсир мекунад ва сабаби ранҷишу ҷанҷол мегардад.

Аз ҳамин сабаб, фарҳанги истифодаи имою ишора низ мисли фарҳанги сухан гуфтан муҳим аст.

Муқимҷон ОРИФӢ