Сохтмони мактабҳои нав, муассисаҳои томактабии замонавӣ ва шароити беҳтари таълим аз дигаргуниҳое мебошанд, ки имрӯз дар ҳар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба назар мерасанд. Барои шиносоӣ бо натиҷаи корҳои анҷомёфта ва омодагӣ ба соли нави таҳсил Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилоят ба шаҳри Каттақӯрғон пресс-тур ташкил кард. Журналистон зимни пресс-тур бо ҷараёни корҳои бунёдкорӣ, шароитҳои муассисаҳои таълимӣ ва натиҷаҳои ислоҳоте, ки солҳои охир дар соҳаи таълим амалӣ гардидаанд, шинос шуданд.
Нахустин нуқтаи боздид мактаби таълими умумии рақами 17 шуд. Дар ин ҷо сохтмони бинои нави иловагӣ идома дошт ва мувофиқи нақша он то оғози соли нави таҳсил ба истифода дода мешавад.
— Дар мактаби мо 1526 нафар хонанда таълим мегиранд, — гуфт директори мактаб Дилфуза Рустамова. — Бинои нави иловагӣ дорои 900 ҷой аст. Ин бино имкон медиҳад, ки ҳамаи хонандагон дар як баст таълим гиранд. Инчунин, бинои нав бо назардошти эҳтиёҷи ҳамаи хонандагон сохта шуда, барои хонандагоне, ки имконияти маҳдуди ҷисмонӣ доранд, низ шароитҳои мусоид фароҳам меорад. Ғайр аз ин, барои фаъолияти маҳфилҳои фаннӣ ва эҷодӣ низ синфхонаҳои иловагӣ муҳайё хоҳанд шуд.
Сипас, иштирокчиён аз муассисаи томактабии «Афсона», ки дар асоси шарикии давлат ва бахши хусусӣ таъсис ёфтааст, дидан карданд. Муассиса барои 150 нафар кӯдак пешбинӣ шуда, бо шароити замонавии таълиму тарбия таъмин аст.
— Вазифаи асосии мо муҳайё кардани муҳити бехатару мусоид барои ҳар як кӯдак аст, — гуфт мудираи муассиса Дилбар Саидалиева. — Мо кӯшиш мекунем, ки онҳо баробари омӯзиш, қобилиятҳои эҷодӣ, мустақилӣ ва малакаҳои мулоқоти худро низ ривоҷ диҳанд.
Манзили навбатии иштирокчиёни пресс-тур муассисаи давлатии томактабии рақами 8 шуд. Дар ин ҷо низ бо шароит ва ҷараёни маҳфилу машғулотҳои рӯзона шинос шуданд. Масъулон таъкид карданд, ки барои фарогирии бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия пайваста чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Дар ҷараёни пресс-тур маълум гардид, ки имрӯз дар шаҳри Каттақӯрғон 17 мактаби таълими умумӣ, 25 ташкилоти давлатии томактабӣ, 34 муассисаи ғайридавлатӣ, 3 муассисаи хусусӣ, 4 муассисаи шарикии давлатӣ ва бахши хусусӣ ва 27 боғчаи оилавӣ фаъолият мебаранд.
Бояд гуфт, ки аз соли 2016 инҷониб дар шаҳр 3 муассисаи давлатии томактабӣ сохта шуда, 9 мактаб ва 9 муассисаи давлатии томактабӣ тармим гардид. Инчунин, 6 мактабро пурра аз таъмир бароварда, муассисаҳои нави хусусӣ, шарикии давлат ва боғчаҳои оилавӣ ба фаъолият оғоз кардаанд.
Қисми ҷамъбастии пресс-тур дар мактаби таълими умумии рақами 2 баргузор гардид. Дар он иҷрокунандаи вазифаи сардори Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилоят Рустам Йӯлдошев оид ба ислоҳоти соҳа, натиҷаҳои бадастомада ва вазифаҳои минбаъда маълумот дод.
Таъкид гардид, ки имрӯз дар вилоят 1278 мактаби таълими умумӣ, 782 ташкилоти давлатии томактабӣ, 169 ташкилоти томактабии шарикии давлатӣ ва бахши хусусӣ ва 3293 боғчаҳои оилавӣ фаъолият доранд. Дар солҳои истиқлолият дар вилоят 21 мактаби нав ва 398 муассисаҳои давлатӣ бунёд гардида, 852 мактаб реконструксия ва 248 мактаб пурра таъмир шудааст. Аз соли 2016 инҷониб, 21 то мактаби нав ва 227 муассисаи давлатии томактабиро ба истифода доданд, 557 мактаб ва 216 муассисаи давлатии томактабӣ реконструксия, 184 мактаб пурра таъмир шудааст.
Соли 2025 зиёда аз 52 ҳазор нафар мактабро хатм карданд. Аз онҳо 1549 нафар соҳиби сертификати миллӣ гардида, 87 нафар пеш аз муҳлат ба донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон қабул шуданд. Хонандагони вилоят ҳамчунин дар олимпиадаҳои байналхалқии фаннӣ соҳиби 5 медал гардиданд.
