Ovozi.uz

Сеҳри китобро китобхон медонад

9-уми август — Рӯзи байналмилалии китобдӯстон

Баъзе идҳо, ки дар як кишвари муайян пайдо шуда, дар аввал танҳо ҷашнҳои миллӣ буданд, бо паҳн шудани маъруфияташон ба ҷашнҳои байналмилалӣ табдил ёфтанд.

Рӯзи миллии дӯстдорони китоб дар Амрико қайд карда шуду фавран дар дигар қисматҳои ҷаҳон пайравон пайдо кард ва ба Рӯзи ҷаҳонии дӯстдорони китоб табдил ёфт. Он ҳамасола 9‑уми август ҷашн гирифта мешавад.

Ин идро нависанда ва шоирон, чеҳраҳои адабӣ ва ноширон, чопхонаҳо, китобфурӯшҳо ва албатта, хонандагон — онҳое, ки китобҳо барояшон офарида шудаанд, ҷашн мегиранд.

Ҳар сол дар Китобхонаи вилоятии бачагонаи Самарқанд низ ба муносибати Рӯзи байналмилалии дӯстдорони китоб чорабиниҳои гуногуни маънавию маърифатӣ гузаронида мешаванд. Ҳадафи асосии чорабиниҳо беҳтар кардани фарҳанги хониши насли наврас, афзоиши шавқашон ба адабиёти бадеӣ ва ташкили пурмазмуни вақти холии онҳо мебошад.

Китобхонаи бачагона 96859 адад адабиёти бадеии коғазӣ, 33428 дона адабиёти электронӣ дорад. Аз хизмати китобхона беш аз 18 ҳазор нафар истифода мебаранд. Шумораи хонандагони китобҳои электронӣ низ меафзояд ва дар айни замон 15170 нафарро ташкил мекунанд.

Сеҳри китобҳо як сирри махсус аст. Барои шахсе, ки новобаста аз жанри адабии писандидаи худ, хонданро дӯст медорад, вохӯрдан бо китоби нав як лаҳзаи шавқовар мебошад. Ба ақидаи коршиносон, хондан ба фаъолияти мағзи сар таъсири қавии мусбат мерасонад, тахайюл, эҷодкорӣ, хотира, нутқ ва тафаккури мантиқиро инкишоф медиҳад. Инчунин, қобилияти баён кардани худро фароҳам меорад.

Барои гурӯҳҳои муайяни ҷавонону одамон, ба китобхона рафтан, интихоби китоб ба як шуғли дӯстдошта табдил ёфтааст. Ин машғулият ягон омодагии махсус, таҷҳизот ё хароҷоти барзиёдро талаб намекунад. Барои ин фақат дӯст доштани мутоила ва ҷудо кардани вақт кифоя аст.

— Дар доираи чорабиниҳои Рӯзи байналмилалии китобдӯстон викторина, саволу ҷавобҳо, намоишгоҳи китоб ва муаррифии адабиёти нав дар мавзӯъҳои «Фаъолтарин хонандаи китоб» ва «Китоб ҳамчун манбаи дониш» ташкил карда мешаванд, — гуфт мудири шӯъбаи услубии китобхона Шарофат Хуҷанова. — Хонандагони ҷавони китоб андешаҳои худро дар бораи асарҳое, ки бо шавқу завқ хондаанд, баён мекунанд, шеърҳо мехонанд ва таассуроти худро аз китобҳо нақл мекунанд. Барои иштирокчиён таҳти шиори «Як китоб — як ҷаҳон», тавсияи китобҳо гузаронида мешавад. Инчунин, намоиши китобҳои нав, бозиҳои интерактивӣ ва мусобиқаҳои зеҳнӣ ба чорабинӣ рӯҳияи тоза мебахшанд.

Ин гуна чорабиниҳо барои дар ҷавонон бедор кардани муҳаббат ба китоб, афзоиши шавқ ба мутолиаи мунтазам ва тақвияти минбаъдаи ҳамкории байни китобхона ва хонандагон хизмат мекунад.

М.ҶУМЪАЗОДА