Барои аввалин бор дар таърихи соҳаи маорифи Русия, як донишгоҳ бо сабаби истифодаи густурдаи зеҳни сунъӣ (AI) аз ҷониби донишҷӯён, ҳимояи корҳои дипломии анъанавиро дар риштаи ҳуқуқшиносӣ бекор кард. Ин қарорро Шӯрои илмии Институти Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия (РУДН) дар шаҳри Сочи қабул намуд.
Роҳбарияти донишгоҳ изҳор дошт, ки шабакаҳои нейронӣ ҳоло метавонанд дар чанд дақиқа як кори пурраи дипломиро бо таҳлили таҷрибаи судӣ омода кунанд, аз ин рӯ, матнҳои навишташуда дигар сатҳи воқеии дониши донишҷӯёнро инъикос намекунанд.
Мувофиқи қоидаҳои нав, ки барои донишҷӯёни солҳои 2024, 2025 ва 2026 қабулшуда амал мекунад, хатмкунандагон ба ҷои супоридани кори дипломии хаттӣ бояд маҳорати фикрронӣ ва ҳалли мушкилоти ҳуқуқиро дар амал нишон диҳанд.
Ба гуфтаи декани факултаи ҳуқуқшиносӣ Елена Легостаева, донишҷӯён дар асоси таҳлили вазъиятҳои ғайриоддии ҳуқуқӣ, қабули қарорҳои дуруст дар шароити мураккаб ва қобилияти татбиқи донишҳои назариявӣ дар амалия баҳогузорӣ карда мешаванд.
Вазири маориф ва илми Русия Валерий Фалков низ иқрор шуд, ки дар се соли охир ҳиссаи матнҳои бо зеҳни сунъӣ сохташуда дар корҳои донишҷӯён аз 9 то 42 дарсад (ва дар баъзе соҳаҳо то 60 дарсад) афзоиш ёфтааст.
Айни замон, донишгоҳҳои дигари Русия, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Кубан, ин таҷрибаро ҷорӣ накардаанд, зеро тибқи стандартҳои федералӣ кори дипломӣ ҳатмӣ мебошад. Донишгоҳҳо бештар системаҳои санҷиш, ба монанди модули нави «Антиплагиат-ВУЗ»-ро такмил медиҳанд, ки метавонад усули навиштани зеҳни сунъиро ошкор кунад.
Бо вуҷуди ин, Суди Олии Русия таъкид кардааст, ки ҷазо додан ё хориҷ кардани донишҷӯ танҳо дар асоси хулосаи автоматии системаи антиплагиат ғайриқонунӣ аст ва қарори ниҳоӣ бояд пас аз санҷиши дастии устодон қабул шавад.
