Шавкат Мирзиёев ба Доналд Трамп ба муносибати ҷашни миллии ИМА ва 250-солагии истиқлоли ин кишвар мактуби табрикотӣ фиристод.
«Бо камоли мамнуният аз номи мардуми сермиллати Ӯзбекистон ба Шумо ва мардуми дӯсту бародари Америка самимонатарин табрикоту орзуҳои неки худро иброз менамоям. Зери роҳбарии устувор ва қатъии Шумо ИМА иқтидори иқтисодӣ ва нуфузи байналмилалии худро боз ҳам зиёд намуда, дар таъмини тараққиёти ҷаҳонӣ ва бехатарӣ нақши муҳим мебозад. Ҳамзамон, ҳамкориҳои амалии ин кишвар бо давлатҳои ҷаҳон босуръат ривоҷ меёбанд», — гуфта мешавад дар мактуб.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъкид кардааст, ки чунин ҷараёнҳои мусбат барои ҳамаҷониба васеъ намудани муносибатҳои Ӯзбекистон ва ИМА заминаи устувор фароҳам оварда, ҳамкориҳои бар пояи эҳтироми дутарафа, боварӣ ва манфиатҳои муштаракро бо мазмуни тоза ғанӣ мегардонанд.
Ҳамчунин, дар мактуб зикр шудааст, ки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дидор дар доираи нишасти «Бистгонаи калон» (G20)-ро, ки моҳи декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Майами баргузор мегардад, бо шавқмандии зиёд интизор аст.
