Ovozi.uz

60 рӯзи зарбдор

Дар Хонаи матбуоти вилоят бахшида ба чорабиниҳои “60 рӯзи зарбдор”, ки ба пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор дар мавсими тобистон равона шудаанд, анҷумани матбуотӣ баргузор гардид.

Дар он ҷонишини сардори Садорати ҳолатҳои фавқулодаи вилоят Улуғбек Аҳроров ва роҳбарони шӯъбаҳои масъули ташкилоти мазкур иштирок намуда, оид ба корҳои анҷомёфта барои таъмини бехатарӣ аз сӯхтор, пурзӯр намудани чораҳои пешгирикунанда ва корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ ба аҳолӣ маълумот доданд.

— Баробари фаро расидани фасли гармо хавфи сар задани сӯхторҳо зиёд мешавад, — гуфт У.Аҳроров. — Аз ин рӯ, дар доираи чорабиниҳои “60 рӯзи зарбдор” дар маҳаллаҳо, муассисаҳои таълимӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва дигар иншоотҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ, омӯзишӣ ва санҷишҳои пешгирикунанда ба таври мунтазам баргузор мегарданд. Мақсади асосии мо на танҳо бартараф намудани оқибатҳои сӯхтор, балки пешгирии он аст. Аз сокинон хоҳиш мекунем, ки ҳангоми истифодаи таҷҳизоти барқӣ, оташ ва дар вақти дарави ғалла ё тоза кардани замин аз сӯзонидани алафу партовҳо худдорӣ намоянд ва ба талаботи бехатарӣ қатъиян риоя кунанд.

Дар ҷараёни анҷумани матбуотӣ намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ ба саволҳои худ ҷавобҳои муфассал гирифтанд. Таъкид гардид, ки ҳамкории мақомоти ҳолатҳои фавқулода, воситаҳои ахбори оммавӣ ва аҳолӣ дар пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор аҳамияти калон дорад.

Зинура ИЛҲОМҶОНОВА