Ovozi.uz

Қабули парасетамол ҳангоми ҳомиладорӣ бехатар эълон шуд

Як тадқиқоти васеъ ва тӯлонӣ, ки беш аз ду даҳсола (аз соли 2001 то 2023) давом кард, нигарониҳои охирро дар бораи хатарҳои парасетамол (ацетаминофен) барои ҳомиладорон рад намуд.

Олимон ҳеҷ гуна робитаеро байни истифодаи ин дору аз ҷониби занони ҳомила ва афзоиши хатари гирифтории кӯдакон ба аутизм ё синдроми норасоии таваҷҷӯҳ ва фаъолнокии зиёд пайдо накарданд.

Баҳсҳо дар бораи бехатарии ин дору баъд аз изҳороти баъзе сиёсатмадорон, аз ҷумла Доналд Трамп, ки парасетамолро омили аутизм хонда буд, авҷ гирифта буданд.

Барои дақиқ кардани ин масъала, олимон дар Ҳонконг маълумоти беш аз 220 ҳазор кӯдакро бо усули муқоисаи бародарон ва хоҳарон (ки дар як вақт модар дору гирифтаву дар вақти дигар нагирифта буд) таҳлил карданд, то таъсири омилҳои генетикӣ ва хонаводагиро комилан аз байн баранд.

Натиҷаҳои ниҳоӣ, ки дар маҷаллаи «JAMA Internal Medicine» нашр шуданд, нишон доданд, ки миқдор ва давраи қабули дору ба саломатии рӯҳии кӯдак таъсир надорад.

Олимон хулоса карданд, ки парасетамол воситаи бехатар ва зарурӣ барои коҳиши дард ва табларза дар занони ҳомила боқӣ мемонад ва баръакс, таби баланди модар барои ҷанин (бачае, ки дар шиками модар аст) хатари бештар дорад.